22:10:03 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

13. АГАР МАН РАСМАН КОР МЕКУНАМ, ОЁ МЕТАВОНАМ ПЕШПАРДОХТИ ҲАРМОҲАИ АНДОЗИ ДАРОМАДИ ШАХСИРО БАРГАРДОНАМ?

Маблағи умумии андоз аз даромади андозсупорандагоне, ки дар зербанди 2 банди 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби агентҳои андоз ҳисоб карда мешаванд ва ба маблағи пешпардохти собит, ки ин андозсупорандагон дар давраи амали патент дар мутобиқат бо ҳамон давраи андоз, ба тартибе, ки банди мазкур пешбинӣ кардааст, пардохт кардаанд, кам карда мешаванд.

13 migrationy-uchet 12221245Кам кардани маблағи ҳисобшудаи андоз дар давоми давраи андоз танҳо бо як агенти андоз бо интихоби худи андозсупоранда анҷом дода мешавад, ба шарте ки агенти андоз аз мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии (ҷои истиқомати) агенти андоз дар мавриди тасдиқи ҳақи кам кардани маблағи ҳисобшудаи андоз ба андозаи пардохтҳои пешпардохти андозсупоранда санад гирифта бошад.  

Агенти андоз маблағи ҳисобшудаи андозро ба андозаи пардохтҳои пешпардохти аз ҷониби андозсупоранда дар асоси аризаи хаттии андозсупоранда ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти пешпардохти собит пас аз гирифтани огоҳинома аз мақомоти андозе, ки дар сарсатри дуюми бадни мазкур нишон додаа шудааст, кам мекунад.

Мақоми андоз огоҳиномаи дар сархати дуюми ин банд зикршударо дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯз аз рӯзи дарёфти аризаи агенти андоз мефиристад, агар мақомоти андоз маълумот дар бораи шартномаи меҳнат миёни агенти андоз бо андозсупоранда ва ё шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ барои иҷрои корҳо (хидматрасонӣ) ва ба андозсупоранда додани патентро дошта бошанд, ба шарте, ки қаблан, нисбат ба давраи дахлдори андоз, чунин огоҳиномаи мақомоти андоз нисбати андозсупорандаи мазкур ба агентҳои андоз фиристода нашуда бошад.

Агар миқдори пардохтҳои пешпардохти дар давраи амали патент пардохташуда нисбат ба давраи дахлдори андоз аз маблағи андози дар натиҷаи ин давраи андоз ҳисобшуда аз даромади воқеан гирифтаи андозсупоранда зиёд бошад, маблағи чунин барзиёд маблағи андози барзиёд супоридашуда нест ва баргардонида намешавад ё ба ҳисоб гирифта намешавад.

(Банди 6.7 моддаи 227.1 Кодекси андози Федератсияи Русия (қисми дуюм) аз 05.08.2000 N 117-ФЗ)

Ба забони одӣ:

Бале, имкон дорад, ки пешпардохтро баргардонед, барои ин шумо бояд ба Хадамоти федералии андоз ариза пешниҳод пешниҳод кунед. Аммо, маблағи баргардонидан аз даромад вобаста аст ва аз 13% маош зиёд буда наметавонад.

ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, МУҲОҶИР?"

2. МАН ДАР КУҶО БОЯД ЧУН МУҲОҶИР САБТ ШАВАМ

3. КАЙ БАРОИ МУҲОҶИРАТ САБТИ НОМ КУНЕМ?

4. АГАР КОРТИ МУҲОҶИРАТИИ МАН ГУМ ШАВАД, ЧӢ БОЯД КУНАМ?

5. ОЁ БА МАН ЛОЗИМ АСТ, КИ ҲАНГОМИ ВУРУД БА РУСИЯ КОРТИ МУҲОҶИРАТИИ ХУДРО НИГОҲ ДОРАМ?

6. ПАТЕНТ ДАР РУСИЯ БАРОИ МАН ЧАРО ЛОЗИМ АСТ?

7. МУҲЛАТИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ПАТЕНТ ЧАНД РӮЗ АСТ?

8. МУҲЛАТИ ПАРДОХТИ АНДОЗ АЗ ПАТЕНТ ЧӢ ҚАДАР АСТ?

9. ОЁ МАН МЕТАВОНАМ БЕРУН АЗ СУБЪЕКТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ, КИ ПАТЕНТ ГИРИФТААМ, КОР КУНАМ?

10. ПАС АЗ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ МАН БОЗ ЧӢ МАСЪУЛИЯТҲО ДОРАМ?

11. БА МАН ДОДАНИ ПАТЕНТРО РАД КАРДАНД...

12. АГАР МАН ПАТЕНТАМРО ГУМ КАРДА БОШАМ, ОЁ ОНРО БАРҚАРОР КАРДА МЕТАВОНАМ?



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi