15:00:58 10-уми Августи 2026 сол
Сафарбеки Солеҳ: Ба Кумитаи радиову телевизион додани соҳаи синамо иштибоҳ буд 21.04.2014 12:07 1866
Бо Сафарбеки Солеҳ аз хеле замонҳо ошноям. Аммо боре ҳам иттифоқе науфтода буд, ки барои матбуот суҳбат кунам. Чун ҳамеша суҳбатҳои мо сарироҳӣ ва хеле зудгузар буданд. Кам воқеъ мешуд, ки муфассал сари мавзуе баҳс дошта бошем. Вале он чӣ бароям аз ӯ роҳатовар аст, кушодадилии ӯст.
Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ: Мушкилот ҳаст, аммо… 18.04.2014 22:32 1591
Фарзонаи Сафариён, донишҷӯи соли саввуми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба унвонии идораи ҳафтанома суҳбати кутоҳеро, ки бо Мирзоғанӣ Мирзорашидов, директори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар бораи фаъолияти имрӯзи аҳли ҳунари театри мазкур доштааст, фиристодааст.
Аз дида ба дилҳо рафтааст… 18.04.2014 22:26 1940
Дар дунёи беканори илм кам инсонҳоеро муяссар мешавад, ки номи худро битавонанд ҷовидонӣ дар дилу дидаҳо сабт намоянд. Зеро ин арсаи паҳновар олимону муҳаққиқони зиёдеро дидааст, аммо танҳо иддаеро бахт даст додааст, ки номбардор ва устоди кори худ бошанд.
Зи назми дилкаши Ҳофиз чакид оби ҳаёт 17.04.2014 12:50 1444
Ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) маҳфили "Ҳофизхонӣ" ба кори худ шуруъ кард. Директори Китобхонаи миллӣ академики АИ ҶТ Носирҷон Салимзода дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиши алоқамандон ва дӯстодорони каломи маъруфтарин шоири форсзабони олам "Лисонулғайб" Ҳофизи Шерозӣ иброз дошт ...
"Дили оча ба бача, дили бача ба кӯча" 12.04.2014 12:41 2114
Қурбоналӣ Раҳмонов аз ҷумлаи он ҳофизони насли калонсол аст, ки ҳамеша дар пайи эҷодкорист, дар пайи ҷустуҷӯҳост, дар пайи шод кардану ва аз ҳама муҳимаш дар пайи тарбия намудани мухлисони сершумори худ аст.
Таронаҳо 12.04.2014 12:31 1701
Паси тирезаҳои яхбастаи хонаи сарду танҳоям, гунҷишкаки болшикастаи муҳаббатам бемор аст. Оҳ, чаро боғи ишқамро фасли поиз оғуштааст? Чаро дили бо ман ноошно ҳамоно бо ту ошност? Оре, хабар аз бемеҳриат надорад…
Дар маҳфили Хайрандеш хайр бисёр аст… 10.04.2014 21:16 3486
Шоир Хайрандеш (Қурбонов Хайриддин Шарифович)-ро дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он, чӣ хурду чӣ бузург ҳамагон мешиносанд ва метавон мухтасаран ӯро чунин муаррифӣ кард: зодаи Тоҷикистон, дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагон, оиладор, соҳиби се фарзанд.
Диалектикаи зистан ё андешаҳо дар атрофи китоби Умар Сафар "Садое аз хилват" 05.04.2014 19:27 1645
Миёни аҳли илму адаб аз дер замоне марсум аст, ки чакидаҳои зеҳну ҳосили пажӯҳишу ковишҳои хешро пас аз нашр аз рӯи сидқу ихлос ба дӯстону ҳамкорон тақдим мекунанд. Воқеан ин фарҳанги хубест, ки фарогири ҷанбаҳои муфиду омӯзанда аст. Вале ба гумони мо ин фарҳанг қабл аз ҳама тақозо мекунад, ки ....
«Ҳемануела», Ҳасани Чилла» ва … КВН 31.03.2014 11:43 2763
Азрӯзе, киҲасаниЧилла "хит"-инавбатиихудротавассутибарномаи "Ҳазлниюш"-иТВрӯикоровард, дарроҳубероҳаҳо, махсусан байни ҷавонону наврасон дар мактабҳо суруди "Ҳемануела" мӯд гаштааст. Ин албатта муваффақияти Ҳасани Чилла аст, ки "хит"-ҳояш мисли коҳи хушк дар як дам аланга мегирад-ба дили аксарияти наврасону ҷавонон роҳ меёбад.
Президент, Наврӯз ва зиёӣ 27.03.2014 22:24 1947
20 марти соли равон тибқи анъанаи наврӯзии солҳои пеш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо намояндагони сершумори аҳли зиёи ҷумҳурӣ мулоқот намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии сардори давлат дар оғози суханронӣ Наврӯзро "аз ҷумлаи муҳимтарин ...
Наврӯзро бузургони ислом ҷашн гирифтаанд 20.03.2014 17:17 1579
Вақтҳои ахир дар кишвари мо бархе аз уламои дин, махсусан аз ҷумлаи он ҷавонҳое, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсили динӣ кардаанд, таҷлили ҷашни Наврӯзро муғойир бо талаботи дини мубини Ислом медонанд ва ҳатто таблиғ мекунанд, ки аз таҷлили он ҷилавгирӣ ба амал ояд.
Ҳунарпешае, ки ӯро ҳама мешиносанд 20.03.2014 17:14 1793
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҳмондӯсти Қурбониёнро дар ҷумҳуриамон дӯстдорони санъати кинову театр хуб мешиносанд. Ҳини ба саҳна баромадан ва ё дар пардаи экрани синамо намоён гардиданаш ҳамоно бо ҳунару маҳорати табииаш диққати тамошобинро ҷалб менамояд.
Замоне, ки наврас будем... 20.03.2014 17:00 2103
Ҷавонтарин дӯсти фейсбукии ман Илҳом ном дорад, ки бино ба гуфтаи худаш аз синфи 8-ум таҳсил мекунад. Тақрибан тамоми рӯз ва ҳатто шабона низ дар иртибои доимист. Дар як суҳбат оиди муколама бо ҳамсолонаш бо ҳарорат ҳарф мезад ва вақте аз ӯ пурсидам, ки кай охирин маротиба китоби бадеӣ хондаӣ, ....
Рӯзгори Абдулҳайи Муҷахарфӣ ва намунаҳо аз осори ӯ - II 19.03.2014 13:50 2456
Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр Абдулҳайи Муҷахарфӣ ба ягон гуруҳу фирқае ҳамроҳ нашуда бо фарзандон чораи рӯзгори фақиронаи худро мебинад ва машғули эҷоди асарҳои наву тоза, таҳрири навиштаҳои пешинаву нусхабардориҳои онҳо мешавад.
Сафар Абдуллоҳ: Ниёз ба ниҳоди вижаи "Шоҳномашиносӣ" дорем! 19.03.2014 13:45 2379
Дар ин маҷмуъа рисолаҳои арзишманди ирфонӣ ва кутуби мазҳабӣ ва китобҳои муҳимми адабиёти мо гирд омада аст. Аз ҷумла, яке дастнависи бисёр муҳимми "Туҳфат ул Аҳрор"-и Абдураҳмони Ҷомӣ аст. Пас, аз бозҷӯйии нусхаҳои мавҷуд, мо ба ин натиҷа расидем, ки ин китоб қадимитарин нусхаи маҳфуз дар ҷаҳон аст.