Армони ҷонгудоз
23.01.2014 14:57
2052
Пас аз чанд лаҳзаи вуруд ба хонаи дӯсташ, писараш занг зад. Гуфт, ки аз деҳа ба хонаашон меҳмон омада. Ночор бо дӯстон худоҳофизӣ кард ва ба хонааш баргашт, ки чанд бино дуртар аз хонаи дӯсти пизишкаш воқеъ аст. Меҳмон тағояш Шарофиддин буд, ки ҳама ӯро дар деҳа Ҳоҷӣ Шарофиддин ном ....
Ҳар рӯзу ҳар шаби даҳр тазвири умр будаст…
22.01.2014 14:55
1292
Абдуваҳҳоб Бобозода шоири музофотист, аз ҷумлаи касонест, ки дар як рустои дур аз марокизи фарҳангии кишвар шеърсозӣ мекунанд. Ин қабил афрод хеле зиёданд, ки мисраҳои шеъргуна аз қалби салим рӯи коғаз мерезанд ва ба умеди он ки замоне чун дигарон соҳибкитобу маъруф шаванд, он пораҳоро дар дафотири зиёд маҳфуз медоранд.
Мирзоватан Мирови бознишаста китоб менависад
22.01.2014 14:52
1377
"Афғонистон-пойгоҳи меҳр" чунин ном дорад китоби навбатӣ ва ба тозагӣ ба нашррасидаи Мирзоватан Миров, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ки бо теъдоди 1000 нусха онро нашриёти "Адиб" аз чоп баровардааст.
Фавти ҳар миллат аз марги забон аст
19.01.2014 15:41
1709
Забони форсӣ ба ҳайси пули устувор пайвандгари се кишвари ҳамзабон -Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Агарчи он дар тӯли таърих бо садамаҳои рӯзгор борҳо ру ба рӯ омад, бо шукӯҳу бузургӣ ва ғановате, ки дошт, барҷо истод, рисолати хешро ҳифз кард ва миёни дигар забонҳои олам чун ахтари тобноке боқӣ ....
Пушкин ва шеъри форсӣ
19.01.2014 15:37
2173
Александр Сергеевич Пушкин аз серхонандатарин адибони дунё ба ҳисоб меравад. Ашъори ҷаззобу дилнишинаш ба даҳҳо забонҳои дунё тарҷима шуда, боиси дилшодии хонандагонаш шудааст. Асарҳои ӯ дар замони шӯравӣ ба забони тоҷикӣ ҳам хеле зиёд тарҷума шуда буданд.
Абдулҳай Зокиров: "Баъди тамошои "Хокпайванд" ва "Баррачаи хаёлӣ" ба мо раҳмат мегӯянд"
19.01.2014 15:28
1449
Дар силсиласуҳбатҳое, ки "Рӯзгор" бо ҳунармандони маъруфи кишвар вазъи имрӯзи синаморо ба баҳс кашида буд, аксари эшон дар радифи коргардонҳои ҷавону баистеъдод, ки метавонанд оянда навовариҳое дар самти филмсозӣ дошта бошанд, номи Абдулҳай Зокировро ба забон меоварданд.
Аброр Зоҳир: "Хонандаи имрӯзро ҳатто "Робинзон Крузо" ба худ ҷалб намекунад"
16.01.2014 12:36
1541
Аброр Зоҳир соли 1965-ум дар шаҳри Сарбанд ба дунё омада, соли 1972-юм мактаби миёна ва соли 1987-ум факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияташро дар рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Хатлон" оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи илм ва фарҳанги ҳафтаномаи ...
"Лолаи ҳасрат"-и Ширин Абдулло
16.01.2014 12:27
1422
Ва инак чанде қабл китоби нави ӯ бо унвони "Лолаи ҳасрат" ба дасти чоп расид. Китобро кушодан замон шумо бо мутолеаи он ғамшарики ин шоири бедордил мегардед. "Лолаи ҳасрат" фарогири ғазалу рубоӣ ва дубайтиҳои тозаэҷоди Ширин Абдулло буда, ёдвораест аз ҷигарбанди ормонаш Тоҳир, ки чун лолаи ...
Ситорае бо қалби пур аз ишқ
11.01.2014 11:53
2236
Ишқ, муҳаббат, меҳр. Танҳо ҳамин ҳис аст, ки метавонад, зиндагии инсонҳоро тағйир бидиҳад, маҷрои ҳаётро тоза бикунад ва пешорӯйи ҳар шахс дунёи дигаре боз намояд.Агар ба қадраш бирасему онро он гунае ки ҳаст, дарк карда тавонем, ҳамин ишқ аст оғози ҳама комгориҳо.
Маҳбуси «Қалъаи Ной»
09.01.2014 16:18
1536
Ин мақола ба хотираи дурахшони ховаршиноси маъруфи тоҷик шодравон Амрияздон Алимардонов, ки дар соҳаи адабиёти классикии форсу тоҷик,хосатан ҳавзаи адабии Ҳинду Покистон, пажӯҳишҳои арзишманде аз худ боқӣ мондааст ва моҳи моҳи ноябри соли равон 75 сола шуд, бахшида мешавад. Равонаш шоду хонаи охираташ обод бод!
Шеъри синамо
09.01.2014 16:07
1379
Агарчи дар ин мақола сухан дар бораи чорабиние меравад, ки каме беш аз як моҳ қабл баргузор шуда буд, вале чун онро мутахассиси соҳа, коргардони синамо Ҷалол Шафеъӣ, эронии муқими Тоҷикистон навишта фикрҳои ҷолиберо иброз доштааст, лозим донистем, ки мақоларо манзури хотири шумо намоем.
Ганҷинаи пурарзиш
09.01.2014 16:02
1510
Илми таърихро донишмандон ҳофизаи башар хондаанд ва ҳамвора ба он таваҷҷуҳи амиқ ва дақиқ зоҳир намудаанд. Ин талошу кӯшиш ва ковишу кандуков имрӯз низ идома дорад ва таърихнависону муҳаққиқони муосири тоҷик аз Аллома Садриддини Айниву Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Раҳим Масов, Ҳайдаршо Пирумшоев ва Намоз Ҳотамов бад - ин сӯ ....
Гавҳар Шарофзода: "Забони тоҷикӣ метавонад аз байн равад, агар..."
08.01.2014 12:46
2383
Гавҳар Шарофзода аз истифодаи ибораҳои "эй, тоҷикиш кун" ё "тоҷикиш кардӣ" мисол оварда қайд намуд, ки ки ҳоло ҳар ҳаракати ноҷову бемаъниеро, ки ҳар нафаре мекунад, ба забони шевои дилнишинамон нисбат дода чунин ибораҳоро пеш меоранд, ки ин муносибати баде нисбат ба забон аст ...
"Куллиёти осор"-и профессор Абдулманнон Насриддин муаррифӣ шуд
08.01.2014 12:33
1679
Китобхонаи миллии Тоҷикистон "Куллиёти осор"-и шодравон профессор Абдулманнон Насриддинро, ки ахиран интишор ёфта буд, муаррифӣ кард. Асари ҳафтҷилдаи олими баруманд кулли рисолаҳои пажуҳишии эшонро, ки баъзе замоне чоп шудаанд ва баъзеи дигар ҳанӯз интишор нашуда буданд, дар бар гирифтааст.
Лаълҷубаи Мирзоҳасан: "Омӯзгорони Бадахшон аз камбуди китобҳои бадеӣ шикоят мекунанд"
07.01.2014 11:44
2585
Лаълҷубаи Мирзоҳасан соли 1951-ум дар ноҳияи Рошқалъа чашм ба дуёи ҳастӣ кушодааст. Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айниро дар Душанбе хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ чанд муддат дар мактаби миёна муаллим буда, аз соли 1992-юм фаъолияташро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ идома медиҳад.
















