«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Воситаҳои ахбори омма бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» таҳти унвони «Аз сулҳи тоҷикон то сулҳи ҷаҳон» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ба мо аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мавзуи асосии конфронс аз баррасии ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷрибаи таърихии сулҳофарии тоҷикон, аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати пайгиронаи сулҳҷӯёнаи мамлакат иборат буд.
Иброз гардид, ки сулҳу Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи арзишманди ҳалли низоъҳо ба ҳисоб меравад.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии ташаббусҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
«Нақши таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории муосири тоҷикон, таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ташаккули рӯзномаи фаъоли сиёсати хориҷии давлат бузург мебошад», – афзуд Масрур Абдуллозода.
Ин ташаббус дар шароити ҷаҳони муосир, ки дар он низоъҳои мусаллаҳона, шиддатнокии сиёсӣ, нобаробарии иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар чолишҳои глобалӣ ба дурнамои наслҳои оянда таъсири мустақим мерасонанд, аҳамияти хосса дорад.
Дар робита ба ин сулҳ на танҳо ҳамчун набудани ҷанг, балки шарти муҳимтарини рушди устувор, адолати иҷтимоӣ, созандагӣ ва ояндаи шоистаи инсоният арзёбӣ мегардад. Сулҳ бунёдест, ки давлатдорӣ, иқтисод, маориф, фарҳанг, илм ва рушди иҷтимоӣ бар пояи он устувор мегарданд.
Дар конфронс масъалаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон, фалсафаи сулҳ ва аҳамияти байналмилалии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»
















