МУСАЛМОНОН ТАРАКАРО ТАРК КАРДАНД Ё МУСИБАТ БОЛОИ МУСИБАТ
Худо гуфто назар бар дил кунам ман,
На сӯи обу ҷисму гил кунам ман.
Дили худ аз фасод аввал бикун соф,
Пас он гаҳ аз мусалмони бизан лоф.
(Ҷунунӣ)
Худоро шукргузорем, ки бар мо беҳтарин неъмат, дини Исломро ато фармуд. Қуръон китобест ки дар ҳама давру замон ҷавобгӯ аст. Дар китоби “Мишкотул-Масоҳиб” ҳадисе аз паёмбар (с) ривоят шудааст, ки фармуданд:
«Бар шумо ду чизро гузоштам, агар бар ин ду чанг занед ҳаргиз гумроҳ намешавед. Ин ду чиз Қуръон ва ҳадисҳои ман мебошанд». Худованд ҳам дини Исломро, ки дорои Қуръон ва Паёмбар аст дар сураи Бақара таъриф мекунад: «Имрӯз барои шумо комил гардондам динатонро ва пурра гардондам бар шумо неъматамро ва розӣ ҳастам, ки Ислом дини шумо бошад».
Муҳаммад Иқбол Қуръонро чунин таъриф кардааст:
Фош гӯям он чи дар дил музмар аст,
Ин китобе нест чизе дигар аст .
Чун ба ҷон даррафт ҷон дигар шавад,
Ҷон чу дигар шуд ҷаҳон дигар шавад..
Раҳзанон аз ҳифзи ӯ раҳбар шуданд,
Аз китобе соҳиби дафтар шуданд.
Баҳси Қуръон мавзӯъи алоҳида аст. Фақат ҳамин қадар гуфтанӣ ҳастам ки мо мусалмонҳо Қуръондон ҳастем. Вале Қуръонхон нестем....
Масъалаи муҳимеро ки мехоҳам барраси кунам , ки дар минтақаи мо фаромӯш шудааст ин ”Илми фароиз” (тарака) аст, Паёмбар (с) дар ҳадисе чунин мефармоянд: «Илми фароизро омӯзед ва барои мардум омӯзонед» (Имом Бухорӣ).
Аз ин ҳадис бармеояд, ки донистани илми фароиз на танҳо вазифаи пешвоҳои динӣ мебошад, балки оммаи мардум ҳам онро бояд бидонанд. Дар сурате ки мардум аз илми фароиз бохабар шуданд, он бидъату хурофотҳое, ки дар рӯзи дафни майит мекунанд худ аз худ аз байн меравад.
Гарчанде, ки қонуни танзим қабул шуда бошад ҳам, вале аз ҷониби баъзе мусалмонҳо риоя намегардад. Масалан дар рӯзи дафни маййит зиёфате бо номи “оши сари тахта” дар минтақаи мо машҳур буд, ки дар рӯзи дафн, пеш аз ҷаноза аз тарафи ворисони маййит барои ҷанозахонҳо зиёфат ва пул бо номи хайрот дода мешуд.
Бо шарофати қонуни танзим ин расм аз байн рафт ва сурати дигаре ба худ касб кард, яъне ҳар вақте қонуни танзим пеши роҳи онҳоро гирифт, онҳо ҳилае бо васвасаи шайтон пайдо карданд, шабона ба хонаи ҳамсоягоне, ки меҳмонро қабул мекунанд аз тарафи ворисони маййит гӯшт, биринҷ, нон ва ғайра тақсим мешавад, илова бар ин пули хайротро ба номи роҳкиро медиҳанд. Ин амал дар баъзе таъзияхонаҳо дида мешавад.
Ҳар фарзанде, ки ин амалро, яъне зиёфати рӯзи дафн ва хайротдиҳиро анҷом медод, худро дар байни бародаронаш сарбаланд меҳисобид ва мегуфт, ки падар ё модарамро ман гӯронидаам...
Худованд дини Исломро бо воситаи Паёмбараш комил гардонид. Дар Қуръон намоз хондан, рӯза доштан, закот додан амр шуд вале чанд ракаат будани намоз ва миқдори рӯза ва закот дар Қуръон зикр нашудааст. Худованд бо воситаи Паёмбар (с) бар мо умматонаш фаҳмонид, ки намоз чанд ракат, рӯза чанд рӯз, закот аз чӣ қадар мол чӣ қадар бояд бошад.
Аммо илми Фароиз (ҳаққи ворисон аз моли маййит)-ро дар сураи "Нисо" бо миқдораш муайян кард ва дар ӯҳдаи Паёмбар (с) нагузошт. Аз ин ҷо маълум мешавад , ки Худованд медонад, баъд аз мурдани як нафар ворисонаш барои соҳиб шудани мол ихтилоф мекунанд, худ бо ояти сареҳ миқдорашро муайян кард.
Ман мутмаин ҳастам дар он мусиббатхонае, ки тақсимоти мол тибқи Қуръон сурат бигирад, ихтилоф дур гардида ва ин исрофкориҳое, ки баъди мурдан, ворисон риёкорона мегузаронанд ба танзим медарояд.. Дар баъзе хонаҳо мешунавем баъд аз дафни маййит ворисон барои тақсими амвол ё замину хонаи маййит байни ҳамдигар қаҳрӣ ҳастанд. Ба гуфти Саъдӣ
Хилофи Паёмбар касе раҳ гузид
Ки ҳаргиз ба мақсад нахоҳад расид.
Ривояте аз Паёмбар(с) расидааст ,ки "Ҳар бидъате ки мусалмонҳо пайдо кардаанд як суннатро аз байн мебарад". Дар минтақаи мо бидъате, ки пайдо шудааст, ба номи "Давра ва Исқот" дар рӯзи дафн пешвоён мегузаронанд. Он давра ва исқоте, ки тибқи гуфти фуқаҳо (донишмандони динӣ) ҳилаи шаръӣ аст, ба ҳилаи пулхӯрӣ табдил додаанд.
Ва ин бидъат сабаб шуд, ки яке аз фарзи илоҳӣ ва суннати Паёмбар (с), ки илми фароиз (тарака) аст, аз байн биравад. Бидъати дигаре дар баъзе ҷойҳо шунида мешавад шахсоне ки дар ҷанозаҳо имом мешаванд, соҳиби як гилеми "Мадонна" ва ғайра мегарданд. На дар Қуръон ва на дар ҳадис тибқи мазҳаби Имоми Аъзам додан ва грифтан барои пешнамози Ҷаноза далеле вуҷуд надорад.
Аз ин бармеояд, ки гиранда ва диҳанда ҳар ду гунаҳкор ҳисобида мешавад. Дар ҳадиси аз Паёмбар (с) ривояте шудааст, ки мусалмон бар мусалмон шаш ҳақ дорад яке аз ин шаш ҳақ хондани ҷанозаи бародар ё хоҳари мусалмон аст. Бояд ҷаноза ҳаққи мусалмон аст холисанллиллоҳ (холис барои ризогии Худо) хонда шавад на барои гилем...
Як нукта бас аст агар шуъур аст
Варна чароғ пеши кӯр аст.
Дар баъзе ҷойҳо барои имом, то ин ки намози ҷанозаро хонад, миқдоре аз суф дар назди тобут мепартоянд, то ин ки имом дар болояш истода намози ҷанозаро имоматӣ кунад. Вале ба қавм парвое надоранд, ки қавм чи гуна мехонанд. Албатта яке аз шартҳои намози ҷаноза ҷои пок аст. На танҳо имом, балки ҳама қавмро дар назар гирем. Мақсад он аст ки бояд мусалмонҳо дар ҷойи зиндагонии худ макони ҷанозахони муҳайё кунанд то ин ки охирин намоз ва дуъое, ки барои фарди мусалмон мерасад дар макони пок гузарад. Хулосаи гуфтаҳоро бо қавли Муҳаммадшафеъ Усмонӣ (р) ҷамбаст мекунем.
Муҳаммадшафеъ Усмонӣ (р) муаллифи тафсири "Маорифулқуръон" дар тафсираш чунин навиштааст;
Масъала
Ба вақти бурдани маййит ба қабристон чодаре ки бар тобут андохта мешавад, ҷузъи кафан ба шумор меравад хариди он аз амволи маййит ҷоиз нест зеро он мол, муштарак аст. Дар баъзе минтақаҳо барои пешимом (имоми масҷид) аз кафан ба миқдори ҷои намоз порчае дода мешавад.. Ин ҳам аз зарурати кафан зоид аст. Хариди он аз молҳои муштараки вараса, ҷоиз нест.(Маорифулқуръон ҷ.2- с.310)
Аз ин бармеояд, ки имом дар ҷаноза натанҳо гилем, балки ҳақ надорад дар вақти кафан буридан порчае аз кафан ба хотири намози ҷанозаро хондан бигирад.
Масъала
Пазироиши меҳмонон ва садақа додан пеш аз тақсими тарака ҷоиз нест, аз ин қабил садақа ба маййит савобе намерасад, балки садақа кардани онҳо ба нияти савоб баръакс муставҷиби гуноҳ аст, зеро пас аз даргузашти фард ин амвол мутааллиқ ба ҳаммаи ворисон аст, ки дар миёни онон гоҳе ятиме ҳам дида мешавад лиҳозо садақа додани моли муштарак ба монанди сирқати амвол (дуздидани мол) аст пас аввал бояд мол тақсим гардад.
Сипас агар ворис (меросгиранда) аз моли худ ҳасби ризояти хеш барои исоли савоби маййит чизе садақа бикунад мухтор (ихтиёр ) аст. Қабл аз тақсим бо иҷозаи ворисон ҳам ҳаргиз аз амволи муштарак садақа нанамояд, зеро иҷоза аз ятимон ки дар вараса мавҷуданд, эътибор надорад.
Ва касоне ки болиғ ҳастанд, лозим аст ки бо ризояти қалб иҷоза бидиҳанд, зеро имкон дорад, ки аз шарми мардум маҷбур шуда иҷоза диҳанд ё аз тарси таъна ва ташниъи мардум ки нагӯянд фалон кас барои расонидани савоб бар маййити хеш садақа надод, лиҳозо дар шароити хос қарор мегирад, ки нахоста "ОРЕ" мегӯяд, дар ҳоле, ки дар шариъат он мол ҳалол аст. ки бахшанда бо хушхотири икром ва бахшиш намояд...
Дар инҷо мо ба нақли як воқиъаи бузург мепардозем, ки масъалаи фавқ аз он бештар возеҳ мешавад. Олиме ба аёдати мусалмоне ташриф бурда нишаст. Дере нагузашта ки рӯҳи он мариз ба сарои боқи шитофт ва ҷон супурд. Дар ин вақт чароғе, ки равшан буд, онро фавран он олим хомӯш кард ва аз тарафи худ пул дода равған харид ва утоқро равшан кард.
Мардум иллати ӯро ҷӯё шуданд. Фармуд то вақте, ки он шахс зинда буд, чароғ дар мулкияти ӯ буд ва истифода аз рӯшноии он ҷоиз буд, аммо пас аз фавти ӯ акнун амволаш ба ворисаш тааллуқ гирифт, албатта метавон бо иҷозаи ҳаммаи ворисон истифода кард ва чун ҳаммаи ворисон инҷо мавҷуд набуданд ман аз пули худ равған хоста, чароғро равшан кардам. (Маорифулқуръон.ҷ-2.с.320)
Банда умедвори он ҳастам ки Худованд моро тавфиқ ва ҳидоят насиб фармояд. (Омин).
Абуабдуллоҳ Асрорӣ, Панҷакент, махсус барои «Рӯзгор»
-
23.06.2026 13:36
1898
Пешвои сулҳ ва меъмори ваҳдат
-
05.05.2026 00:04
520
«Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи қонунгузории миллӣ»
-
22.03.2026 15:28
560
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
06.05.2026 14:20
464
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
482
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
563
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
344
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
1086
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1131
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
11.07.2026 11:51
361
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
985
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
791
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
16.07.2026 12:03
400
«Истиқлолият рамзи олии Ватану ватандорист!»
-
16.07.2026 11:59
297
“Муроҷиатҳо баррасӣ мешаванд!”
-
15.07.2026 10:17
296
Истиқлол ва инсон: назаре ба 18-умин авфи таърихӣ дар Тоҷикистон
-
18.05.2026 19:35
265
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
18.05.2026 19:15
322
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
465
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
22.12.2025 20:26
1074
Таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва аҳамияти созишномаи нави байниҳукуматӣ
-
10.12.2025 16:56
974
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1298
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
28.02.2025 13:34
2398
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2468
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3490
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
604
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1968
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2110
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
18.06.2026 23:00
1747
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1188
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.11.2025 11:56
1074
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
20.07.2026 17:51
142
Финал ва бозии ҷои сеюми Ҷоми ҷаҳон 2026
-
17.07.2026 15:22
301
Шоҳномаи Зинедин Зидан: Аз кӯчаҳои фақиронаи Марсел то тахти шоҳии футболи ҷаҳон
-
16.07.2026 13:59
380
Натиҷаи бозии даври 1/2 ниҳоӣ – Англия 1:2 Аргентина
-
17.07.2026 14:03
320
Хунукии сеҳрнок: Чӣ тавр бидуни барқ хонаро салқин кунем?
-
16.07.2026 12:07
192
Агентҳои ҳушманд: Вақте ки AI ба ҷои шумо кор мекунад
-
15.07.2026 09:58
296
Ваксинаҳои инфиродӣ: Оё тибби муосир саратонро мағлуб мекунад?











































Шарҳҳо
RSS Обуна