02:25:42 23-уми Июли 2026 сол

“Муроҷиатҳо баррасӣ мешаванд!”

Риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар ин раванд ба қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, баррасии саривақтӣ ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамарӯза амалӣ карда мешавад.

image_murojiat16dc7191Дар давраи чамъбасти 6-моҳаи якуми соли 2026 ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 5050 (4652) муроҷиат, аз ҷумла шахсони воқеӣ 4823 (4403) ва аз шахсони ҳуқуқӣ 227 (249) муроҷиат дохил гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар умум 7,8 фоиз, ё худ 398 муроҷиат зиёд мебошад.

Аз ин 1346 (1326) муроҷиат аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо натиҷаи баррасӣ 450 (437) ё худ 33,4 (32,9) фоиз қонеъ, 57 (73) рад ва бо 839 (831) талаботи қонун фаҳмонда шудааст.

Дар ин давом 453 (439) ҳолати ҳуқуқҳои поймолгаштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян гардида, барқарор карда шудаанд.

Дар маҷмуъ, дар ин самт 52 маротиба санҷида шуда, аз натиҷааш 100 пешниҳод, 129 амр оварда, эътироз 9, 157 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 104 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 13 парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда шудааст.

Чунончи, Сафарилизода Т.С. аз 26 майи соли 2025 дар вазифаи мутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш муроҷиатҳои Бобокалонова Қ.Т., Ҳафизов Х.С., Рашидов И.В., Қурбонов Х.С. ва дигарон, ҷамъ 58 нафарро вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замини ва дигар масъалаҳо оид ба қонунгузории замин қабул намуда, бидуни сабаҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ накарда, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро поймол ва ба онҳо зарари ҷиддӣ расонидааст.

Аз ин рӯ, 23 апрели соли 2026 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Хуросон нисбати Сафарилизода Т.С. бо моддаи 163 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оѓоз ва баъди ба итмом расонидани тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятии мазкур ба суд ирсол карда шудааст.

Яке аз роҳҳои барқарорсозии ҳуқуқҳои поймолшудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ин муроҷиат намудан ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ мебошад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба танзим дароварда мешавад.

Вобаста ба ҳолати иҷрои қонуни мазкур тариқи назорати умумӣ фаъолияти як қатор ташкилоту муассисаҳои давлатиро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он камбудиву қонунвайронкуниҳо, аз қабилӣ вайрон намудани муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва қабули қарори ғайриқонунӣ ҳангоми баррасии муроҷиати онҳо ошкор ва чораандешӣ карда шуд.

Дар маҷмӯъ, дар ин самт ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии мақомоти дахлдор чораҳои зиёди эътиноии прокурорӣ, ки дар боло кайд гашт андешида шудааст.

Бо натиҷаи 41 (39) санҷиши гузаронида оид ба ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи молия ва буҷети давлатӣ 480 (423) қонунвайронкунӣ ошкор ва баҳри бартараф кардан ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда 49 (39) пешниҳод ирсол намуда, 75 (72) амр дода, 64 (56) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 173 (159) ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 35 (27) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 36 (37) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, маблағи 1577434 (1576014) сомонӣ ба буҷет барқарор карда шуд.

Дар самти қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва ҷангал 54 (51) санҷиш гузаронида, 949 (1004) қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 96 (80) амр дода, 66 (65) пешниҳод ирсол намуда, ба санадҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор 277 (273) эътироз оварда, 66 (70) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ 44 (44) нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбати 408 (417) нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, нисбати 41 (52) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 227040 сомонӣ зарарӣ экологӣ руёнида шуд.

Дар давраи таҳлил, як қатор қонунвайронкуниҳо вобаста ба ҳолати риояи қонунгузории ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла худсарона ва ғайриқонунӣ буридани дарахтони сабз ва шикори ғайриқонунии моҳӣ ошкор ва чораандешӣ карда шуд.

Барои мисол, 14 майи соли 2026 шаҳрванд Тоҷибоев Э., сокини ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, деҳаи Ҳаваскор бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамдеҳагонаш Атабаев Б. ва Джураев А. бо истифода аз тури моҳигирӣ аз наҳрчаи обгузари деҳаи ба номи Б.Ғафуров 77 моҳӣ, аз ҷумла 71 ширмоҳӣ, 5 лаққамоҳӣ ва 1 мормоҳиро ғайриқонунӣ шикор намудаанд, ки тибқи хулосаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон аз 15 майи соли 2026 таҳти №312 зарари расонидашуда ба ҳифзи муҳити зист маблағи 6006 сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ҳолатҳои болозикршуда 18 майи соли 2026 аз ҷониби дастгоҳи прокуратураи вилоят бо моддаи 230 қисми 1 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳамчунин дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» 272 маротиба дар ташкилоту муассисаҳо бо аҳолӣ вохӯрӣ гузаронида шуда, аз васоити ахбори омма низ босамар истифода бурда шуд.

Прокуратураи вилояти Хатлон минбаъд ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки назоратро дар ин самти назоратӣ пурзӯр намуда, сифату самаранокии санҷишҳои прокурориро боз ҳам баланд бардошта, оиди ҳар як камбудию қонунвайронкуниҳои ошкоргашта, саривақт чораҳои таъсиррасонии прокуроририро андешад.

Сулаймонзода Ҳ.С., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо, мушовири адлияи дараҷаи 2

Назари Шумо

Security code
навсозӣ