11:32:38 24-уми Октябри 2026 сол

ФАРЗОНАИ ХУРШЕД АЗ БОЗДОШТГОҲ ОЗОД ШУД

Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик, пас аз се рӯзи боздошти муваққатӣ дар яке аз боздоштгоҳҳои идораи умури дохилии шаҳри Душанбе озод шудааст. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ модари Фарзона Сурайё Қосимова, ки ҳамчунин ҳунарманди шинохта аст, ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, фарзандаш ҳоло ҳамроҳ бо ӯст. Тавре Қосимова нақл кард, сабаби боздошти Фарзона ба мурофиаи додгоҳии номзади ӯ рабт доштааст.

 

Ба гуфтаи ӯ, номзади Фарзона, яъне Фаррух ном ҷавоне, толори додгоҳи ноҳияи Синоро тарк намуда, ҳамроҳ бо Фарзона, ки аз асли қазия хабар надоштааст, ба тарафи Варзоб ҳаракат кардаанд. Аслан Фаррух бо иттиҳоми қаллобӣ муттаҳам мешуд.

 

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Фарзона ва номзадаш Фаррух дар дидбонгоҳи Варзоб, 15-километрии шимоли пойтахт, боздошт шудаанд. Пас аз боздошт Фарзонаро ба боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсӣ овардаанд ва Фаррух ба боздоштгоҳи раёсати умури дохилии пойтахт интиқол дода шудааст.

 

Хонум Сурайё мегӯяд, ин се рӯзи бехабарӣ аз сарнавишти духтараш баробар ба се сол буд. Акнун вай осудааст, зеро бегуноҳии духтараш тасдиқ шудааст. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон низ гуфт, ки Фарзона озод аст, вале таҳқиқи қазия идома дорад.

 

Фарзона, модараш Сурайё Қосимова ва хоҳари бузургаш Шабнами Сурайё аз овозхонҳои серхаридортарини ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Фарзона ҳамроҳ бо Шабнам ҳанӯз дар авоили соли 2000-ум вориди саҳнаи эстрадии Тоҷикистон шудааст. Вай бо оҳангҳои «Модар» ва «Эй ошиқони бедил» маъруф гаштааст.

 

Шаҳлои Гулхоҷа, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1572-farzonai-khurshed-az-bozdoshtgoh-ozod-shud.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854