“АЗ ФУРӮҒ ТО ШАҲРИЯ – РОҲИ ЗАН ДАР ШЕЪР”
(Суҳбати ихтисосии Ҷаҳонгири Султон бо барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, шоира Шаҳрия АҲТАМЗОД)
Шеъри занонаи тоҷик дар чанд даҳсолаи охир марҳилаҳои ҷолиби таҳаввулотро паси сар кард. Дар ин миён, ашъори Шаҳрия Аҳтамзод бо латофати фитрӣ, самимияти бепарда ва баёни амиқи дунёи ботинии зан ҷойгоҳи хосеро ишғол мекунад. Маҷмӯаҳои ӯ, аз ҷумла «Меҳри шеър», «Зан дар асорати танҳоӣ» ва тозатарин асараш «Бар ман дуо кунед», инъикоси дардҳо, изтиробҳо ва озодиҳои равонии зани имрӯзи тоҷиканд. Шеъри ӯ на танҳо дар саҳифаҳои китоб, балки дар пардаҳои мусиқии сарояндагони маҳбуби кишвар низ умри дубора ёфтааст. Имрӯз мо бо ин шоираи шаҳрафрӯз ва нуктасанҷ соатҳо ҳамсуҳбат шудем, то ҷаҳони ботинии зани шоир, рисолати забони модарӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва тақдири ишқро дар асри технология варақ занем. Инак, тақдими хонандагони азиз мегардад...

ОҒОЗ: АЗ ДЕҲАИ ВАНҶ ТО ДАФТАРИ НАХУСТИН
— Салом, муаллимаи азиз! Хеле шодам, ки имрӯз фурсати ҳамсуҳбат шудан бо Шумо даст дод. Мехостам суҳбатро аз ҳамон нуқтаи оғоз — аз айёми наврасиву ҷавонӣ ва аввалин қадамҳо дар ҷодаи шеър шурӯъ кунем.
— Хуб, салом, Ҷаҳонгиршоҳ, ман хеле шодам, ки маро боз ба ибтидои шеъргуфтан, ба рӯзгори ғалативу зебои наврасию ҷавонӣ мебаред, ки бароям хотирмону ширин аст:
Қишлоқаки ман дар ту гулафшон будам,
Дар гардани гулҳои ту марҷон будам.
Он лаҳза, ки чида-чида тутат хӯрдам,
Пиндор, ки дар равзаи ризвон будам.
Оре, ман мутаваллиди шаҳрам. Дар даврони донишҷӯйии падару модарам дар Душанбе таваллуд шудаам ва номам ҳам марбути ин шаҳр аст. Баъдан дар семоҳагӣ маро ба тарбияи Модарбузургам супурдаанд. Модарбузургам ёдовар мешуд: “семоҳа будӣ, ки туро аз Душанбе падарат оварда, ба дасти ман дод”.
Чун худро шинохтам, рубоиёт ва таронаҳои халқӣ, ки бибим бароям ёд дода буд, азёд медонистам. Гули аввали баҳорро дар деҳаи мо гуларӯсак ном мебурданд. Чун гуларӯсак мешукуфт, мо, духтарони деҳа, гуларӯсакро чида месурудем:
Гуларӯсак сарта боф,
Ҳоло ваъдаи рафтанай.
-Валлаҳ, биллаҳ набофме,
Хунаи бобам биҳтарай.
Воқеан, оғози шеърнависии ман ба муаллими хуби адабиётам, ки худ ҳам шеър мегуфтанд, Саидшоҳ Моилов ва зиёд шеърдонии модарбузургам ва муҳити деҳа буд. Дар вақти дарав, вақти кори колхоз, ки ман ҳам ҳамроҳашон ёрдам мекардам, аз шеъру рубоидонии онҳо ҳайрон мешудам. Чун дар наврасӣ зеҳни хуб доштам, дар ёд мегирифтам. Ва марбут ба ин рӯзгор гуфта будам:
Авлоди падар мӯнису марҳам гӯянд,
Як қавми сахию ҷони одам гӯянд.
Ҳарчанд шудам ба шоирӣ овоза,
Дар деҳа маро духтари Аҳтам гӯянд.
Бояд гуфт, ки дар деҳа маро чун духтари Аҳтам мешиносанд. Ва хонаи падар то имрӯз дар назарам чунин нақш мондааст:
Дар хонаи бобоии ман ганҷ набуд,
Нарду телефону дони шатранҷ набуд.
Девони пури китоб буд хонаи мо,
Ин сон хона дар ҳамаи Ванҷ набуд.
— Фазои адабие, ки дар он ба воя расидед ва баъдан ворид шудан ба муҳити касбии нависандагону шоирон ба эҷодиёти Шумо чӣ гуна таъсир гузошт?
— Бале, фазои пур аз муҳаббате, ки модарбузургам барои ман омода карда буд, маро оҳиста-оҳиста ба сӯи сарзамини ношинохтаи шеър ҳидоят кард. Ва ҳамин гуна ба ин сарзамини ношинохта қадам ниҳодам, аммо ҳеҷ фикр намекардам, ки шоир мешавам.
Баъдан, вақте ба нашриёти “Маориф” ба кор даромадам, дар миёни шоироне чун устодон Гулчеҳра Сулаймонова, Баҳром Фирӯз, Мастон Шералӣ, Қутбӣ Киром, Низом Қосим, Махсум Олимӣ афтодам, ки дигар наметавонистам нанависам. Баръакс, аз эҷоди онҳо илҳом гирифта, шеър менавиштам... Ин буд, ки соли 1987 китоби аввалам бо номи “Меҳри Шеър” дар нашриёти “Ирфон” чоп шуд.
САКТАИ ЭҶОДӢ ВА ДАРЁФТИ ПАЙРАҲАИ ХУД
— Оё пас аз чопи китоби аввал душвор набуд? Одатан, шоирони ҷавон пас аз аввалин муваффақиятҳо дучори як навъ саргардонӣ ё шубҳа мешаванд...
— Шеър аввал бароям як чизи ҳавасакӣ буд, аммо баъди чопи китоб эҳсос кардам, боз бояд худамро дар ин ҷода бори дигар бисанҷам. Зеро аз шеърҳои нахустам қаноатманд набудам, хеле парешон буданд. Барои ба кӯи мақсуд расидан бояд чанд вақт ба омӯзиш баргардам, яъне ғазали Ҳофиз хонаму Маснавии Маънавию “Хамса”-и Низоми Ганҷавӣ ва садҳо бузургони адабу шеъри форсиро.
Вақте ин бузургонро хондам, чанд вақт қалам нагирифтам. Чун дар баробари ин қадар бузургворон шармам кард. Баъди ин қадар ғазалҳову достону маснавиҳои пурмуҳтаво мани кӯчак чӣ мегуфта бошам? Ба худам гуфтам: "Шаҳрия, ту наметавонӣ ҳатто то пойгаҳи ин бузургон бирасӣ... дигар нанавис!" Ва тасмим гирифтам, дигар шеър наменависам! Ҳамин гуна чанд вақт таътил кардам...
— Вале шеър касро раҳо намекунад...
— Аммо боз баъди чанде, мисли беморие, боз шеър домангирам шуд ва аҳд кардам, ки дар ин ҷода дунболи касе наравам. Барои худ пайраҳаи дигар эҷод кунам, яъне шеърам мушобеҳи шеъри касе набошад:
Тақлиди касе накардаву ранги худам,
Ранги худу шеъри хуш зи оҳанги худам.
Бар сӯйи касе наафканам санги бало,
Кӯбам сари худ ҳамеша бар санги худам.
Воқеан шеър бароям равзанаеро боз кард, ки иртиботам ба зиндагӣ дигар шуд. Ҳар вақте қалам мегирам, суханони наҷиби орифи хушқареҳа Абдуллоҳи Ансорӣ ба ёдам меояд: “Забони моро аз он чӣ ба зиёни мост, нигаҳ дор”. Зеро шоир аввал бояд фитрату заковат ва ҳушмандиро дар ботини мухотабаш, хонандааш ва ёру дӯсташ тақвият бидиҳад.
Он рӯзгор, яъне аввали солҳои навад, бо истилоҳ, занони эҷодкор ошиқи шеъри Фурӯғи Фаррухзод буд(е)м, аз он ҷумла ман. Аммо ман зуд созандаи худ шудам ва аз даргаҳи Худованди карим пурсидам ба таъбири Сӯҳроби Сипеҳрӣ: Хонаи Шеър куҷост? Ва Худованд садои муноҷотамро шуниду роҳашро ба рӯям боз кард.
Шеър бароям пул наовард, баръакс пуламро гирифт. Аз ҳисоби рӯзгорам пул додам ва чанд китобча чоп кардам. Аммо чанд армуғоне бароям дод, ки болотар аз пул аст: маро аз танҳоӣ раҳо кард, маро умеди зиндагӣ дод, умрамро дароз кард...
ШЕЪРИ ЗАНОНА: ОШИҚОНАТАР, ЗЕБОТАР ВА БА ҲАҚИҚАТ НАЗДИКТАР
— Шумо ҳамеша аз ҷойгоҳи шеъри занона дифоъ мекунед. Ба назари Шумо, фарқи асосии диди занона дар адабиёти мо, ки бештар хусусияти мардсолорӣ дорад, дар чист?
— Вақте ки диламро кафши бераҳми замон зер мекунад, лаҳзае эҳсос мекунам, ки нигоҳи дӯстонам сарду беҷарақаанд, миёни анбуҳи мардум танҳоям, ба шеър паноҳ мебарам. Шеъри бароям мисли ун модарбузурги раҳмдилам ҳаст, ки боз бо ман менишинад ва тасаллиям медиҳад, то боз дилам орзуофару фардонигар бошад.
Зиёд мардум шеъри занро нодида мегиранд, адабиёти мо мардона аст. Аммо фикр мекунам шеъри зан ошиқтар, зеботар ва ба ҳақиқат наздиктар аст. Эҳсоси занона хеле густурда буда, овоест, ки инсонро ба зистани зебо ва ишқварзии ҳаққонӣ мехонад.
Масалан, дар шеър зан наметавонад аз вожаҳои зиёде, ки мардҳо истифода мекунанд (ба вижа дар ғазал ба мисли зулфу холу лаб, қади сарв, теғи абру, рухи моҳат, ноз, тири мижа, рӯи лоларанг ва садҳо вожаҳое ҳастанд) дар ихтиёр дошта бошад. Аммо бо ҳамаи ин нигоҳ накарда ва бо ҳама вобастагиҳо, шеъри зан ошиқонатар аст. Бонуи шоире бо номи Тоҳираи Раштӣ мегӯяд:
Ба ними ғамза тавонам, ки мурда зинда кунам,
Зи эъҷози ман хабар диҳед, Масеҳоро.
Ман ҳам солҳои пеш ба ин шеър тазмин навишта будам:
Агар чу ғунча кушоям лабони гӯёро,
Ба ишва маст кунам андалеби шайдоро.
Агар сапедадамони ҷабини ман бӯсӣ,
Ба офтоб расонӣ маҳи ҳувайдоро...
— Вале оё барои зани эҷодкор мушкил нест, ки ҳам дар оила ва ҳам дар ҳунар муваффақ бошад?
— Имкони худсозии зан дар ҳама ҷода мушкилу маҳдуд аст, дар қиёс бо мардҳо. Зеро зан пеш аз ҳама модар асту ҳамсар. Нахуст фикру андешааш ба ободии хонавода аст, баъдан эҷоди шеъру корҳои дигар.
Ҳамсари устод Бозор Собир, янгаи азизи мо Гулчеҳрабону, ҳамеша ёд мекунанд: “Боре ба утоқи кории устод медароянд ва мебинанд, устод ашк мерезад. Мепурсад, ки чаро гиря мекунӣ? Устод посух медиҳад: барои Фирдавсӣ шеър навиштам, аммо азобу шиканҷае, ки замонаш ба ӯ раво дида буд, маро ба гиря овард”...
Мусаллам аст, ки зане зиндагиашро дар пои ҳунар ёфтааст, на ҳама вақт дар рӯзгори шахсӣ комёб мегардад ва ҳатто дар муносибат дар миёни пайвандону фарзандонаш рахна пайдо мешавад. Зеро, ба вижа зане, ки шеър меофарад, бештар ниёз ба омӯхтану кӯмак дорад. Ва масалан вақт надорад, ки дар маросиму маъракаҳо, дар гаштаку меҳмониҳо рӯзашро сипарӣ кунад. Ман, масалан, наметавонам вақтамро бо дугонабозию тӯй ба тӯй гаштан сарф кунам. Яъне мисли тамсиле, ки аз моҳӣ мепурсанд: “Дунболи чӣ ин қадар даруни об беқарор ҳастӣ?” Моҳӣ мегӯяд, ки: “Дунболи об”. Ва ман ҳам фикр мекунам, шоир ҳамвора дунболи дарёфти шеър аст.
ДОҒИ ПАДАР
— Сатри «Падарамро куштанд» яке аз дардноктарин шеърҳои Шумост. Ин фоҷиа дар рӯзгори Шумо чӣ гуна нақш баст?
— 33 сол гузашт, ки падарамро аз шифохона яроқбадастони бефарҳанги он замон бо худ бурданд ва дигар ному нишоне аз ӯ наёфтам. Болои тобуташ нола накардам, хокдоне надорад, ки бираваму дуо бихонам. Ин аст, ки сол то сол ин фоҷиа зиёдтар дардам медиҳад:
Куштӣ падарам, зи гиря шабкӯр шудам,
Аз маҳфили шодию тараб дур шудам.
Гуфтам: қотил, кош маро мекуштӣ,
Ҷои падарам, ки зинда дар гӯр шудам.
Ҳар соле, ки Ҷашни Ғалаба фаро мерасад, боз дарди падар гиребонамро мегирад. Падари худораҳматиамро ҳамдеҳаҳо нақл мекунанд, ки Аҳтам 16-сола буд, ки ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта буд. Аз соли 1943 то соли 1951 дар Украина буд. Дар ҳамон ҷо аъзои партия шуда, ба Ватан баргашт. Солҳои зиёде котиби райком ва раиси ноҳияи Ванҷ буд...
Воқеан, шеъри “Падарамро куштанд”-ро бо гиря навиштам:
Падарамро куштанд!
Падари безарару хушназарамро куштанд!
Дастае бе падарон,
Дастае бехабарон.
Тирҳояш ба сари сина заданд,
Бар дили рӯшани ойина заданд.
Ки чаро ӯст аз он кӯҳи баланд,
Ки чаро ӯст ба монанди уқоб?
Субҳидам вақти намоз,
Шунавам хандаи имони падар,
Рағми он қотили беимонаш.
Ки дар он моҳи шарифи Рамазон
Тир зад бар ҷонаш!
...Падарам, во падарам, во падарам!
Солҳо чашми тари хешу табор,
Об мезад ба раҳи омаданат.
Омадӣ зинда ту аз Ҷанги ҷаҳон,
Ки шавӣ кушта ба ҷанги Ватанат.
Порае аз ин шеърро чоп кардам, ба он хотир, ки аз сӯзиши дил ҳарфҳои дигаре гуфта будам, ки имрӯз дигар суде надорад...
Дар яксолагии фавти бузургмард Аҳмадшоҳи Масъуд сафаре доштем ба Кобул ва баъдан барои зиёрати мазораш ба Панҷшер рафтем. Он лаҳза болои хокдонаш падар ба ёдам омад ва он қадар сахт гиристам, андӯҳи падарамро гиристам, чун насиб нашуд болои тобуташ нола кунам. (Қотилони он замон ҳатто ҷасади сарди мақтулро намедоданд). Ҳамаи аламамро болои хокдони бародари гиромиам Аҳмадшоҳ рехтаму гиристам. Падари Худобиёмурзи шумо, Султони азизи дилҳои мо ҳамроҳам буд, омаду дастамро гирифту бо чашмони ашколуд гуфт: “Шаҳрияҷон, ман туро мефаҳмам...”
МИНБАРИ ФЕЙСБУК ВА БАХИЛИҲОИ РӮЗГОР
— Шумо имрӯзҳо шеърҳоятонро фаъолона дар шабакаи Фейсбук мегузоред. Оё ин ба як навъ минбари асосии Шумо табдил ёфтааст?
— Ҷаҳонгиршоҳ, шеърҳоямро ба он хотир дар Фейсбук мекорам, ки дигар минбар надорам, қудрати нашр кардани китоб надорам, дастам кӯтоҳ ҳаст. Ҳамқаламону ҳамсолони ман чандин девону куллиётҳо чоп кардаанд, аммо мунтахаботи ман дар панҷсад саҳифа дар компютер хоб аст. Барои ҳамин минбари беминнат ёфтаам, ки зиёд дӯсту ошно шеъри маро мехонад.
Бароям роҳат аст. Воқеан дар Фейсбук шеърамро ҳама мехонад; дар ягон рӯзнома нашр кунед, агар ба ҷуз обунабудаҳо каси дигар намебинад. Бале, дар Фейс ҳам зиёд нотавонбинон ҳастанд, ки ба ҳар роҳ мехоҳанд халал расонанд. Гадо гадоро бад мебинад. Ба ёдам мерасад чанд сол қабл, як хонуме, ки шеъраш мисли шеъри ман заъиф аст, бароям навишта буд: “Бгӣ лоқу парта ай фейсбук гум шав...” Ва воқеан тӯли се-чор сол лоқу парамро гирифта гум шуда будам.
Аммо имрӯз барои ман ин муҳим нест, ба гуфти модарбузургам: “пашорам намебарад”. Ин бемории бахилӣ дарди бедавои баъзе мардуми мост. Ба гуфте:
Ман он дарахти шикебои реша дар хешам,
Ки зери зарбаи ҳар теша тозатар гаштам.
ШЕЪР ВА МУСИҚӢ: МАТНИ ВОЛО ДАР СУРУД ҲАТМИСТ
— Шеърҳои Шумо аз ҷониби сарояндагони шинохтаи кишвар зиёд хонда мешаванд. Ин ҳамкориҳо чӣ гуна шакл мегиранд?
— Дар бораи он ки сарояндагони зиёде шеърамро мехонанд, ростӣ, ҳамроҳи баъзеашон шинос ҳам нестам. Масалан, устоди бузургвор Ҷӯрабек Мурод, Нигина Амонқулова, Соҳиба Давлатшоева, Тобиш Ҳилолӣ, Бунафша Муқимова ва зиёд овозхонони ҷавон аз китобҳои нашршудаам гирифтаанд, хеле олӣ садо медиҳанд. Шуҳрат Сайнак чанд шеъре, ки мехонад, худаш интихоб кардааст; мехонад, хеле равонполоанд, ки рӯҳи шунавандаро ангеза мебахшанд, бо ман ҳамкорӣ мекунад. Муҳаррама Шарифова, Соҳиб Назриев ҳамкорӣ мекунанд, Қобилҷон Зарифов ҳам ба ҳар мисраъ таваҷҷуҳ мекунанд.
Зеро матни воло дар суруд ҳатмист. Устоди иршодбахши мо Рӯдакӣ муғаннии чирадаст буданд, ки дар тори ҷонҳо бирешим мезад, он рӯзгор фармудаанд:
Агарчи чангнавозон латифдаст буванд,
Фидои дасти қалам бод дасти чангнавоз.
Мегӯянд, ки:
Мусиқӣ нағмаҳост довудӣ,
Ҳар ки варо донист, Сулаймон аст.
Аз ин рӯ, аз ҳарфи бемаъно набояд тарона сохт. Мусиқӣ бояд он гуна садо бидиҳад, дилҳои беҳавсала ба тапиш биоянд, яъне мусиқӣ аз асолату отифа бархурдор бошад, то ба дили мардум нишинад.
ТАҚДИРИ ИШҚ ВА СИЁСАТИ ХОНАВОДАГИИ ПАДАР
— Ишқ дар ашъори Шаҳрия Аҳтамзод чӣ гуна ҷойгоҳ дорад? Ин ишқ бештар заминист ё осмонӣ?
— Ишқ, хоҳ заминӣ бошад, хоҳ осмонӣ, ба инсон эъҷоз меорад, як инсони оддиро муъҷиза мебахшад. Ишқ робитаест, ки моро ба ҳаққонияти зиндагӣ мебарад. Агар сухани шоир ба дили хонанда нанишинад, иллат он аст, ки сухани шоир аз ишқ орист.
Вақте ки ғазал менависам, бештар ҷавониам пеши рӯ меояд. Он рӯзгоре, ки ишқ дар дил шаъшаъ мезад, аммо наметавонистам ба ҷуз худам ба касе бигӯям. Имрӯз ун ишқҳои беҷавоби дастрафтаро зинда мекунам дар шеъру ғазалам... Ишқ аст, ки инсони хокиро то авҷи кибриё мебарад. Ман лаззати рӯҳпайвандиамро танҳо дар ишқ дармеёбам. Анварии Абевардӣ — беҳтарин ғазалсаро, ки радифи Фирдавсӣ ва Шайх Саъдӣ қарор дорад — ишқро чунин васф кардааст:
Эй бародар, ишқ савдое хуш аст,
Дӯзах андар ошиқӣ ҷое хуш аст.
Бо хаёли рӯи маъшуқ, эй аҷаб,
Ҷоми заҳролуд ҳалвое хуш аст.
Мани кӯчак ҳам гуфтам:
Ишқ, эй манзалати нуронӣ,
Субҳи имони маро шом макун.
Ишқ, эй ҳастии кайҳонии дил,
Ба ғами ғайр маро ром макун.
Ҷони ман гар биравад аз баданам,
Рӯҳи ман боз шавад зиндаи ишқ.
Бандаи кистӣ, ар пурсандам,
Ба Худо бандааму бандаи ишқ.
— Аммо дар гузашта изҳори ин эҳсосот барои як духтари тоҷик, хусусан дар оилаҳои суннатӣ, осон набуд, магар не?
— Аммо мо дар муҳите ба сар мебарем, ки ҳама асроратро гуфтан наметавонӣ. Ман дар оилаи зиёӣ бузург шудам, аммо хонаводаи падар хеле мазҳабӣ буд. Мо ҳатто бо падар дар сари дастархон наменишастем, сиёсати падарро эҳтиром мегузоштем... Ҳатто ҳамун шеъри аввалинам “Куртаи чити қаламӣ”, ки баъдан суруд шуд, дар ҳоле навиштам, ки чандин сол рӯи чопро надид, чун аз бародару падар тарс доштам, яке мабодо бародару падарам бихонанду шарм кунанд.
Аммо ман дӯст дорам хонандаи ман дар шеърам ҳам ашкро дарёбаду ҳам лабхандро, ҳам фарёду ҳам навозишро...
ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВРИ ШӮРАВӢ: МУҚОИАСАИ ДУ ДАВРОН
— Ба ҳайси як эҷодкор, ки ҳам даври Шӯравиро дидааст ва ҳам даврони Истиқлолро, озодии эҷодиро дар ин ду марҳила чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Беҳтарин сарвату иззату мақоме, ки тоҷик дорад имрӯз, ҳамин соҳибистиқлолии ӯст, ки миллати моро аз вобастагӣ ба ворастагӣ расонид. Истиқлол чун тоҷи давлат аст, ки бар сари тоҷик нишастааст. Инсон бидуни истиқлол мурғи дар қафасро мемонад, аз ин лиҳоз ин неъмати худовандиро бояд арҷ гузорем.
Фикр мекунам барои эҷодкор дар ҳама давру замон муҳити орому осуда лозим аст, ки имкони офаридан дошта бошад ва имрӯз, хушбахтона, дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ ҳукмфармост. Яъне имрӯз касе намегӯяд, ки ин гуна навис ва ё гунаи дигар.
Аммо дар даври Шӯравӣ ҳам шоир озодии комил дошт ва шоироне буданд, ки дар як сол аз 3-4 нашриёт китобҳояшонро ройгон нашр карда, ҳаққи қалам мегирифтанд. Алъон хеле кам китоби шоиронро чоп мекунанд ва як ҳаққи қалами ночиз медиҳанд... Аммо муҳим он аст, ки мо Истиқлол дорем, Ватане бо номи Тоҷикистон дорем, ки аз ҳама мукофотҳои дигари зиндагӣ болотар аст.
Ҳамчунин бо шарофати Истиқлол дарҳои бастаи ҳамзабонони мо боз шуд ва чандин борҳо мо меҳмони онҳо шудем ва онҳо низ меҳмони мо. Ба вижа, чандин боре, ки Эрон рафтам, танҳо самимияти ҳамзабононамро эҳсос кардам.
Дар Кошон, ки қариб тамоми мардумаш шеър менависад, шаби шеър баргузор шуд. Бо Фарзона будем. Чун навбатам расид, ғазалеро, ки матлаъаш ин аст:
Ҷоно, катибаҳои диламро китоб кун,
Шаҳбайти абрувони маро интихоб кун.
Бинӣ агар вуболи муҳаббат ба нози ман,
Дар созу сӯзи ишқ ту кори савоб кун.
...хондам. Як бародари кошонӣ гуфт: “Хонум, шумо ғазали Симини Беҳбаҳониро хондед?” Аввал даступохӯрда шудам, аммо баъд ёдам омад, ки ман то ҳол бо эҷодиёти ин шоири бузург ошно нестам, на гуфтам, ин ғазали худам. Аз чеҳрааш дидам, ки бовар накард ва илова кард, ки: “Шумо, тоҷикон, бо хатти русӣ менависед, чӣ хел тавонистед ин гуна ғазал нависед?”
Бале, мо бо хатти кирилӣ (сирилик) менависем, аммо тоҷикӣ андеша мекунем... Вале бароям баҳси хеле хушоянд буд. Имрӯз Эрони азизам дар панҷаи дарду ғам уфтодааст, ҳамвора дуои ҷонашро мекунам, ки аз вартаи ғаму андӯҳ раҳо ёбад:
Эрони бузург навкару ёри Худост,
Монанди фариштаҳо саршори Худост.
Эй он ки аз Худо надорӣ хабаре,
Озурдани ӯ бидон, ки озори Худост.
ПАЁМИ ОХИР БА БОНУВОН
— Дар анҷоми ин суҳбати ширин, чӣ таманно ва паёме барои бонувони тоҷик доред?
— Хуб, ман барои тамоми бонувони Тоҷикистони азизам мегӯям, ки ҳамеша фарзанди накӯ дар домон бипарваранд:
Ба ту, эй модари озодаву фарзона, салом,
Ба ту, эй зевару эй гавҳари шоҳона, салом.
Арзиши як сари мӯйи ту надорад олам,
Ба сару мӯйи сафеду гули ҳар шона, салом.
Писарат боз зи ғурбат бинависад пайғом:
“Модари мушти парам, бар туйи якдона салом”.
— Барои ин суҳбати самимӣ ва хотирмон як ҷаҳон ташаккур, муаллимаи азиз!
Мусоҳиб Ҷаҳонгири Султон, “Рӯзгор”
















