08:21:55 07-уми Сентябри 2026 сол

«Зеваршо Муҳаммад: "Журналист на танҳо хабар, балки меросро нигоҳ медорад"

(Мусоҳиба бо Зеваршо Муҳаммад)

Журналистика танҳо касби хабаррасонӣ нест, балки ҳунари ҳифзи меъёрҳо ва арзишҳост. Меҳмони имрӯзаи мо чеҳраест, ки ин ду паҳлуро дар фаъолияти худ комилан таҷассум кардааст. Зеваршо Муҳаммад журналисти собиқадор, ки солҳои зиёд дар Бахши тоҷикии Радиои Би-би-сӣ (BBC) фаъолият намуда, стандартҳои ҷаҳонии рӯзноманигориро омӯхтааст ва садову гузоришҳояш барои ҳазорон хонандаву шунаванда шинос аст.

zevarsho muhammad 4598984545Имрӯз блоги фарҳангии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ як пули пайвандгаре миёни носталгияи санъати гузашта ва замони муосир гардидааст.

Мо бо устод Зеваршо Муҳаммад дар бораи таҷрибаи кории ӯ, сирри мусоҳибаҳои самимӣ ва рисолати журналистикаи асри рақамӣ суҳбати кушоду самимӣ анҷом додем, ки онро пешкаши шумо мегардонем.

Роҳи ба журналистика ва таҷрибаи Би-би-сӣ (BBC)

- Шумо чӣ гуна ба дунёи журналистика қадам гузоштед?

- Роҳи ман ба журналистика мустақим набуд, балки аз тариқи филологияи тоҷик ба дунёи хабарнигорӣ ворид шудам. Пас аз хатми шуъбаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, чанде дар мактаб адабиёти форсу тоҷикро тадрис кардам. Ҳамин заминаи адабию забонӣ буд, ки маро ба сӯи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бурд — на аз рӯи нақшаи қаблан тарҳрезишуда, балки бештар аз завқи навиштан ва гуфтугӯ бо мардум. Намунаи касбии муайяне надоштам — роҳро худам, аз таҷрибаи амалӣ дар утоқи кории телевизион, тавассути мушоҳида ва озмоиш, меомӯхтам.

- Солҳои зиёд дар Бахши тоҷикии Радиои Би-би-сӣ фаъолият кардед. Агар имрӯз ба он давра нигоҳ кунед, кадом меъёри журналистикаи ғарбиро барои расонаҳои дохилии Тоҷикистон зарур мешуморед?

- Аз моҳи апрели соли 2004 то охири апрели соли 2014 ҳамчун хабарнигори бахши форсии Радиои Би-би-сӣ дар дафтари Душанбе кор кардам — дар барномаҳои тафреҳӣ, ҷавонон ва бахши варзиш, ҳамзамон дар бахшҳои дигар низ ҳамкорӣ доштам ва бо сабту танзими садо ва тасвири барномаҳо машғул будам. Соли 2014, пас аз тағйироти сохторӣ дар дафтари Би-би-сӣ дар Душанбе, фаъолияти доимии аксари кормандон, аз ҷумла ман, қатъ шуд. Пас аз он дар Internews Тоҷикистон кор кардам — аввал ҳамчун масъули мундариҷаи сомона, минбаъд ҳамчун координатори лоиҳа барои барномаи минтақавии «Открытая Азия» (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон), ки дар он ҳамоҳангии кор бо каналҳои телевизионии хусусӣ, назорати истеҳсоли мундариҷа ва ташкили чорабиниҳоро ба зимма доштам. Аз охири соли 2015 бо Радиои Тоҷикистон ҳамкорӣ карда, барномаи ҳафтагии «Оҳанги зиндагӣ»-ро таҳия менамудам.

Чизе, ки барои ман ҳамчун меъёр аз давраи Би-би-сӣ монд, дурустии далел ва ҷудокунии возеҳи хабар аз шарҳ буд. Дар радиоҳои дохилии Тоҷикистон бисёр вақт ин ду омехта мешаванд. Меъёри дигаре, ки муҳим меҳисобам — масъулият дар назди шунаванда: тафтиши ҳар манбаъ пеш аз пахш, ҳатто агар ин ба зарари суръат бошад. Ҳамин боварӣ маро баъдтар ҳамчун Дабири кулли Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон низ ба ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва одоби касбӣ бурд — масалан, соли 2019 дар конфронси бистсолагии НАНСМИТ дар Душанбе дар мавзӯи «Оё мундариҷаи ВАО ба талаботи аудитория ҷавобгӯ аст?» баромад кардам.

- Оё ягон гузориш ё мусоҳибае аз даврони фаъолиятатон дар Би-би-сӣ ҳаст, ки имрӯз ҳам бароятон азиз аст?

- Барномаи охирини «Аз ду суи Ому», ки 20 марти соли 2023 пахш шуд, барои ман ҷои алоҳида дорад. Пас аз мураххас шудан аз кори кадрӣ дар соли 2014, соли 2016 боз аз ман дархост шуд, ки ҳамчун фрилансер барномаи ҳафтагии «Аз ду суи Ому»-ро идома диҳам — ва то соли 2023 бо ин барнома монданам буд. Ҳамон рӯзи охирин, вақте ки ба шунавандагоне, ки ҳар субҳи душанбе бо ман буданд, бо ҳамон ибораҳое падруд гуфтам, ки соле аз сол онҳоро мешинохтанд — вале ин дафъа медонистам, ки дигар «то душанбеи дигар» нахоҳам гуфт — ҳисси хотима бо ҳисси миннатдорӣ омехта шуд. Ҳамин лаҳза то имрӯз бароям азиз аст.

- Дар Би-би-сӣ шумо муҷрии барномаи маъруфи «Аз ду суи Ому» будед, ки ба мусиқии Тоҷикистон ва Афғонистон бахшида шуда буд. Ин барнома чӣ гуна ба вуҷуд омад ва он давра барои шунавандагон, бахусус онҳое ки дар ду тарафи Ому зиндагӣ мекарданд, чӣ маъно дошт?

- «Аз ду суи Ому» аз як идеяи содда сар шуд: дарёи Ому дар воқеият сарҳад аст, вале дар мусиқӣ ҳеҷ гоҳ сарҳад набудааст. Ҳар душанбе субҳ ман худро на танҳо ҳамчун муҷрӣ, балки ҳамчун як «сафинаи созу наво» муаррифӣ мекардам, ки аз каронаҳои Ому оҳангҳои тозаи Тоҷикистону Афғонистонро якҷо бо худ меовард. Барои шунавандае, ки дар як тарафи дарё зиндагӣ мекард ва ҳамсоя, хеш ё ҳамзабони худро дар тарафи дигар медид — вале сарҳад имкони дидорро намедод — ин барнома як фазои муштарак буд, ҷое ки ду халқ бо забони мусиқӣ бо ҳам сӯҳбат мекарданд.

Сохтори барнома низ ҳамин ғояро хизмат мекард: ҳар оҳанг бо контексташ — номи хонанда, кишвар, сабк, баъзан таърихи офариниши он — муаррифӣ мешуд, то шунаванда на танҳо мусиқиро бишнавад, балки бо одаму саргузашти пушти он ошно шавад. Гузаришҳо табиатан сурат мегирифтанд: аз як канори дарё ба дигараш («ин вари Ому... ун вари Ому»), ё аз мавзӯи мусиқӣ ба мавзӯи иҷтимоӣ — масалан, вақте ки толибон дар Афғонистон мусиқиро манъ карданд, вокуниши ҳунармандону аҳли ҳунарро мешунидам ва барои шунаванда пахш мекардам, зеро худи ҳаёт дар ин ду соҳил ҳамин тавр бо ҳам бофта шудааст. Барои ман муҳимтарин чиз ин буд, ки шунаванда танҳо намонад — паёмҳояшонро мехондам, ҷавоб медодам, ва барои ҳунармандони гузашта — Аҳмад Зоҳир, Муборакшо Мирзошоев, Дамирбек Олимов — ёдбуд мекардам, то хотираи онҳо зинда монад.

- Дар «Аз ду суи Ому» шумо на танҳо мусиқии нав, балки осори классикӣ ва фаромӯшшударо низ пахш мекардед. Оё ин таҷриба ба подкасти «ZewarshoW» такон дод?

- Бале, метавон гуфт, ки хатти пайвастагӣ мустақим аст. Кор бо мусиқии классикӣ ва фаромӯшшуда дар радио маро водор кард, ки бифаҳмам — ин мерос беш аз ҳама эҳтиёҷ ба муҳофизат дорад, на танҳо пахш. Подкасти «ZewarshoW» идомаи мантиқии ҳамон ғамхорӣ аст, вале дар фазои дигар — бидуни маҳдудияти вақти пахш ва бо имконияти амиқтар рафтан ба таърихи ҳар асар.

- Ба фикри Шумо, таҷрибаи кор дар радиои байналмилалӣ то чӣ андоза ба эҷоди подкасти «ZewarshoW» кӯмак расонд?

Радиои байналмилалӣ маро ба се чиз омӯзонд: интихоби сахтгиронаи мавод, эҳтироми вақти шунаванда ва тарзи гуфтугӯи мустақим, бе сохтакорӣ. Пас аз Би-би-сӣ, дар Internews Тоҷикистон, ҳам ҳамчун координатори лоиҳаи минтақавии «Открытая Азия», ҳам дар давоми ҳамкорӣ бо Радиои Тоҷикистон бо «Оҳанги зиндагӣ», ба ин таҷриба боз як бахши амалӣ илова шуд — кор бо мундариҷаи интернетӣ, ҳамкорӣ бо каналҳои телевизионӣ ва фаҳмиши он, ки шунавандаи имрӯза чӣ гуна аудиторияро дар фазои дигар меҷӯяд. Ин се асос барои ҳар подкаст, аз ҷумла «ZewarshoW», заруранд.

Подкастсозӣ ва лоиҳаи «ZewarshoW»

- Дар лоиҳаи «ZewarshoW» шумо мусиқии хитҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро баррасӣ мекунед. Ин се фарҳанг чӣ умумият ва чӣ фарқият доранд?

- Умумияти асосӣ — заминаи муштараки забони форсӣ-тоҷикӣ ва анъанаи классикии шеъру мусиқӣ (ғазал, мақом). Фарқият бештар дар роҳи таҳаввул аст: ҳар кишвар дар даҳсолаҳои охир бо шароити сиёсию иҷтимоии худ мусиқиро ба самти дигар бурдааст. Мусиқӣ дар ин маврид воқеан метавонад пул бошад — на аз рӯи сиёсат, балки аз рӯи эҳсоси муштарак, ки шунавандаи се кишвар онро якхела дарк мекунад.

- Се қоидаи асосии подкастсозӣ— кӯтоҳии фикр, сифати садо ва наздикии қисса ба шунаванда — оё ба журналистикаи хабарӣ низ татбиқпазиранд?

- Аслан бале, бо як фарқ: дар журналистикаи хабарӣ «кӯтоҳии фикр» набояд ба зиёни дурустӣ бошад. Аммо сифати садо ва наздикии қисса — ин ду усул имрӯз барои ҳар шакли журналистика, аз хабар то подкаст, аҳамияти якхела доранд, зеро шунаванда пеш аз ҳама эҳсос мекунад, на танҳо мешунавад.

Фарҳанг, санъат ва фаъолияти онлайн (YouTube)

- Дар шабакаҳои иҷтимоии шумо тарғиби мусиқии классикӣ ва носталгияи давраи гузашта бештар дида мешавад. Чаро маҳз ин самт?

- Интихоби ман тасодуфӣ набуд. Ман мебинам, ки мероси фарҳангии классикии тоҷику форсу афғон дар шабакаҳои имрӯза кам ҷой дорад — акси мутлақи он чизест, ки дар радио солҳо пахш мекардам. Аудиторияи имрӯза, бар хилофи гумони маъмул, ба ин мавод хеле гарм вокуниш нишон медиҳад — махсусан насли миёнсол ва пиронсоли диаспора, ки ин садоҳоро ҳамчун пораи хотираи худ мебинанд.

- Дар лоиҳаҳои фарҳангӣ ба мисли маҳфилҳои «Равшандилон» саҳм мегузоред. Ба назари Шумо, журналистикаи фарҳангии имрӯзи мо барои ҳифзи ин арзишҳо чӣ камбудӣ дорад?

- Бо гурӯҳи ташаббускори «Равшандилон», ки зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа Назархудо Дастамбуев ба муаррифии мероси фарҳангӣ ва эҳёи хотираи арбобони санъат машғул аст, дар ҳамдастӣ бо дӯстону ҳамроҳони дигар чандин лоиҳаи муваффақ анҷом додем:

— 26 ноябри соли 2022, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, маҳфили фарҳангии «Ёди ёри меҳрубон»-ро бахшида ба ҷашни 100-солагии ходими намоёни сиёсӣ, давлатӣ ва фарҳангӣ Меҳрубон Назаров баргузор намудем;

— соли 2021, дар меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе ва баъдан дар шаҳри Хоруғ, маҳфили хотирмони «Гулдухтарони тоҷик»-ро ба эҷодиёти чор ҳунарманди номдори тоҷик — Майсара Дилдорова, Сафарбегим Тошхуҷаева, Нуқра Раҳматова ва Улфатмо Мамадамбарова — бахшидем;

— ҳамон сол маҳфиле ба ёду хотираи овозхони маҳбуб Муборакшо Мирзошоев баргузор намудем;

— моҳи сентябри соли 2022, боз дар «Серена», рӯнамоии китоби Тилло Некқадамов «Лолаҳои Бадахшон»-ро ташкил кардем, ки дар бораи таърихи таъсиси ансамбли этнографии кӯдаконаи «Помир» ҳикоят мекунад; дар ин маҳфил, дар баробари наздикону набераҳои аъзои собиқи ансамбл, ҳунармандон ва фарҳангшиносон низ ширкату суханронӣ карданд.

Он барномаҳое, ки «Равшандилон» месозад — хоҳ чопи китобе чун «Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир», хоҳ маҳфили ёдбуди ҳунармандони насли гузашта — асосан бар пойдевори ташаббуси шахсӣ ва иштироки ихтиёрии аҳли зиё устуворанд, на бар низоми доимии дастгирии расонаӣ.

Ва маҳз ҳамин ҷо камбудии асосии журналистикаи фарҳангии имрӯзаро мебинам: чунин лоиҳаҳо бештар як маротиба пахш мешаванд — як гузориш, як видео — ва пас аз он бе пайгирии мунтазам мемонанд. Мо ҳамворо хабар медиҳем, ки чорабинӣ баргузор шуд, вале кам мепурсем, ки натиҷаи он — китоб, бойгонӣ, хотира — минбаъд чӣ тавр дастраси насли нав мегардад. Журналистикаи фарҳангӣ бояд на танҳо рӯйдодро сабт кунад, балки худ ба нигаҳдории он мерос табдил ёбад.

- Мусоҳибаҳои шумо бо чеҳраҳои шинохта ҳамеша самимӣ мебароянд. Сирри кушодани дили ҳамсӯҳбат дар чист?

- Сирри махсусе нест — сабри гӯш кардан аст. Ман кӯшиш мекунам, ки саволи аввалро дур аз мавзӯи расмӣ гузорам, то ҳамсӯҳбат фаромӯш кунад, ки дастгоҳи сабт фаъол аст. Пас аз он гуфтугӯ худ ба худ ба самти самимӣ мегузарад.

- Дар подкастатон хотираҳои кӯдакии ҳунармандонро мешунавонед. Чаро аудитория ба ин воқеаҳо таваҷҷӯҳ дорад?

- Зеро дар хотираи кӯдакӣ, ҳунарманд аз пойгоҳи худ поён мефарояд ва ба одами оддӣ табдил меёбад — ин ҳамон чизест, ки шунаванда бо худ монандӣ меёбад. 

Тренингҳо, оянда ва паёми ниҳоӣ

- Ҳамчун тренери Internews ба журналистони ҷавони Осиёи Марказӣ подкастсозиро меомӯзондед. Бештар кадом хато дар корҳои шогирдон мебинед?

- Дар доираи лоиҳаҳои Internews (аз ҷумла MediaCAMP), ба ғайр аз координатсияи «Открытая Азия», ба эҷодкунандагони мундариҷа қоидаҳои подкастсозии босифатро меомӯзондам. Хатои бештар вохӯрдашуда одатан вайронкунии яке аз ҳамон се қоидае буд, ки худам ҳамеша такрор мекунам: фикри дароз ва номуайян ба ҷои кӯтоҳу мушаххас; беэътиноӣ ба сифати садо (шавшуви заминавӣ, баландиву пастии нобаробари овоз); ё қиссае, ки аз ҳаёти воқеии шунаванда дур аст ва ба ҷои эҳсос танҳо иттилоъ мерасонад.

- Ба насли ҷавони рӯзноманигорон чӣ маслиҳат медиҳед?

- Пеш аз ҳама — нагузоред, ки забон фидои суръат шавад. Дар фазои маҷозӣ ва матбуоти анъанавӣ фарқияти асосӣ на дар шакл, балки дар масъулият аст: восита тағйир меёбад, вале қоидаи тафтиши далел тағйир намеёбад.

- Агар имкони мусоҳиба бо яке аз чеҳраҳои таърихии Тоҷикистон (зинда ё гузашта) медоштед, кӣ мебуд?

- Агар имрӯз имкони як мусоҳибаи нав бо шахсияти таърихии тоҷик — зинда ё вафоткарда — медоштам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро интихоб мекардам.

На танҳо ба хотири он ки ӯ аз бузургтарин чеҳраҳои адабиёти форсу тоҷик аст, балки ба хотири он ки дар зиндагии ӯ барои ман як мавзӯи бисёр ҷолиб вуҷуд дорад: сарнавишти инсон, гузашти вақт ва ҷовидонагии сухан. Инсон метавонад зиндагӣ кунад, аз миёни одамони замони худ гузарад ва рӯзе дигар дар миёни онҳо набошад. Аммо сухане, ки аз дил ва андеша бармеояд, метавонад баъд аз садсолаҳо ҳам зиндагӣ кунад. Номи Рӯдакӣ бо оғози адабиёти классикии форсу тоҷик сахт пайванд дорад ва осори ӯ баъд аз бештар аз ҳазор сол ҳам зинда аст.

Аввалин саволе, ки аз устод Рӯдакӣ мепурсидам, чунин буд: «Устод, вақте медонистед, ки зиндагии инсон гузаранда аст, аммо сухан метавонад баъд аз ӯ садсолаҳо боқӣ монад, шумо барои кӣ менавиштед — барои одамони замони худ ё барои наслҳое, ки ҳанӯз ба дунё наомада буданд?»

Ба назарам, ҷавоби ӯ метавонист на танҳо дар бораи худи Рӯдакӣ, балки дар бораи маънои эҷод, хотира ва мероси инсонӣ ба мо бисёр чиз бигӯяд. Шояд барои ман ҳамчун рӯзноманигор ҳам ин савол маънои махсус дошта бошад, зеро имрӯз ҳар чизе, ки мо менависем, сабт мекунем ё ба навор мегирем, танҳо барои имрӯз нест. Шояд баъд аз солҳои зиёд маҳз ҳамин сабтҳо ба касе кӯмак кунанд, ки замони моро беҳтар бишиносад.

- Оё коре ҳаст, ки ҳанӯз анҷом надодаед, вале орзу доред?

- Дар баробари кору эҷодиёти рӯзмарра, солҳост дар болои як лоиҳаи илмӣ кор мекунам — таҳқиқе дар мавзӯи дипломатияи фарҳангии шӯравӣ дар самти афғонӣ, бо такя ба симои Меҳрубон Назаров. Орзуям ин аст, ки ин кор рӯзе ба китобе табдил ёбад.

Дар охир, Зеваршо Муҳаммад ба мо як маслиҳати тиллоӣ дод: «нагузоред, ки забон фидои суръат шавад» ва боварӣ дорад, ки мусиқӣ метавонад сарҳадҳоро бишканад. Ӯ имрӯз на танҳо мусоҳиб, балки ҳамсафари мо дар ҷустуҷӯи мерос ва ҷовидонагии калом аст. Суханони охирини ӯ дар бораи орзуи мусоҳиба бо Рӯдакӣ ва маънои ҷовидонагии сухан, шояд хулосаи беҳтарин барои ин мусоҳиба бошад: мо на танҳо барои имрӯз, балки барои онҳое, ки ҳанӯз наомадаанд, менависем ва сабт мекунем.

Барои сомонаи «Рӯзгор» ин суҳбат як ифтихор ва барои хонанда, шояд, як сафари кӯтоҳ ба он ҷоест, ки фарҳанг ва масъулият ҳампаймонанд.

Ҷаҳонгири Султон, “Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ