19:02:22 08-уми Сентябри 2026 сол
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 25.06.2014 15:54 866
Дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Испания Филиппи VI-ро расонаӣ кард, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:
Фардо Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон меояд 16.06.2014 16:27 1014
Аз 17 то 18 июни соли 2014 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор мегардад.Дар барномаи ин сафар мулоқоти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири ҶИП Муҳаммад Навоз Шариф ...
Китобе дар бораи Талбаки Садриддин - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ 12.06.2014 21:12 1113
Нашриёти "Адиб" китоберо бо унвони "Вориси Вахш" бо теъдоди 500 нусха ба табъ расонид. Китоби мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ- сарвари собиқи хоҷагии овозадори ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритус ҳоҷӣ Талбаки Садриддин бахшида шудааст.
Дар Хуҷанд ба Содирхон Ҳофиз пайкара гузоштанд 12.06.2014 21:10 1025
Рӯзи 5-ми майи соли равон дар шҳри Хуҷанд маросими пардакушоӣ аз пайкараи ёдгории хунёгар ва сарояндаи машҳури мусиқии "Шашмақом" Содирхон Ҳофиз бо ширкати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор шуд.
Дар Истаравшан сиккаҳои давраи Шайбониёнро пайдо карданд 12.06.2014 21:09 1048
Як сокини шаҳри бостонии Истаравшан аз пайдо кардани 1459 тангаи мисии аҳди Шайбониён хабар додааст. Холбек Юлдошев, сокини Истаравшан мегӯяд бозёфти нодири таърихии ӯ мансуб ба асри XVI мебошад ва ин замонест, ки дар ин қаламрави Шайбониён ҳокимият доштанд.
Нилуфари тоҷик боз дар маркази таваҷҷуҳи озмуни дигари синамо дар Русия 12.06.2014 21:08 957
Филми "Она"-коргардони рус Лариса Садилова, ки моҳи августи соли гузашта дар ҷашнвораи байналмилалии "Окно в Европу" беҳтарин филми ҳунарӣ дониста шуда буд, имсол ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии "Сталкер" дар шаҳри Курски Русияро оғоз кард.
Президент бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон мулоқот кард 12.06.2014 21:07 933
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Муқбили Усмониро ба ҳузур пазируфт. Бино ба хабари дафтари матбуотии Сардори давлат дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 12.06.2014 20:54 907
Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Покистон Навоз Шариф, нахуствазири ин кишвар 17-уми июни соли равон бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд. Дар ҷараёни боздид ҷонибҳо масоили муҳими дохилӣ ва барои ҳар ду ҷониб афзалиятноки минтақаиро мавриди баҳс қарор хоҳанд дод.
Хайруллоев: "Коргардонҳои ҳодисаҳои Хоруғ дар Душанбе ҳастанд" 07.06.2014 10:51 970
Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури амниятӣ гуфтааст, ки коргардонҳои асосии ҳодисаҳои Хоруғ, дар Душанбе ҳастанд. Шералӣ Хайруллоев афзуд, он сенарияе дар майдон шуда ва он бозиҳое, ки дар шаҳри Хоруғ шуда гузашт ...
Маҳдуд шудани сафари дипломатҳои хориҷӣ ба Бадахшон 04.06.2014 16:05 944
Дипломатҳои ғарбӣ аз маҳдуд шудани тартиби сафари намояндагони созмонҳои хориҷиву байналмилалӣ ба Бадахшон хабар медиҳанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон инро ҳанӯз тасдиқ ё рад накардааст.
Панҷ муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳалок шудаанд 31.05.2014 23:06 1203
Дар фоҷиае дар яке аз ноҳияҳои Перми Русия панҷ муҳоҷири тоҷик бар асари нафас гирифтани дуди заҳролуди ангишт ҷон додаанд.Панҷ муҳоҷири тоҷик дар яке аз ноҳияҳои вилояти Перми Русия ба эҳтимоли ғолиб бар асари нафас гирифтани дуди заҳролуди ангишт ҳалок шудаанд.
"Сирқати маблағҳои будҷа" - иттиҳоми нав алайҳи Зайд Саидов 30.05.2014 12:03 1145
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов, ки барои 26 сол маҳкум ба зиндон шудааст, иттиҳоми нав эълон кард. Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов рӯзи 30 май дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки муфаттиши Оҷонсӣ дар таърихи 28 май вакилони ...
Додситонӣ ба Бадахшон кадрҳои нав мефиристад 30.05.2014 11:56 1143
Бино ба гузоришҳо, Додситонии кулл гуфтааст, мумкин аст, ки теъдоде аз кормандони додситонии вилояти Бадахшонро барои кор ба дигар минтақаҳои кишвар бифиристанд ва ба ҷойи онҳо муфаттишони навро ба кор бигиранд.
Навҷувонов бо эътирозгарони Ишкошим мулоқот кард 27.05.2014 23:07 1004
Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ки тайи ним соат мулоқоти Абдуллоҳ Навҷувонов, муовини вазири умури дохилӣ бо мардуми эътирозгар доир шуд. Маҳмадсахӣ Азизхонов, раҳбари дастгоҳи раиси ҳукумати ...
Ҷавоби "муҷоҳидини тоҷик дар Сурия" ба Ҳоҷӣ Мирзо 27.05.2014 11:11 1716
Нафаре аз ин ҷавонон, ки зоҳиран раҳбари гурӯҳ аст, бо лаҳни тунд Ҳоҷӣ Мирзоро интиқод кардааст, ки гуфтааст, дар Сурия ҷиҳод нест: «Гуфтаст, ки дар ин ҷо ҷиҳод нест, хондем суханҳояшро.