ДОДСИТОНИ ШӮРООБОД БА ГУМОНИ РИШВАХОРӢ БОЗДОШТ ШУДААСТ
28.08.2012 19:46
1149
Ғиёсиддин Умаров, додситони ноҳияи Шӯрообод, ба иттиҳоми даст доштан дар ришвахорӣ боздошт гардидааст. Маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон Ғиёсиддин Умаров, додситон ё прокурори ноҳияи Шӯробод дар ҷануби кишварро боздошт кардаанд.
ҶАШНВОРАИ ФИЛМҲОИ МУСТАНАДИ БИ-БИ-СӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
28.08.2012 09:52
1221
Аз 30 август то 2-юми сентябр дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи филмҳои мустанади Би-Би-сӣ ба забони форсӣ баргузор мегардад. Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-Би-сӣ дар як нишасти матбуотӣ, ки дар толори Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ...
ТО КУНУН 1 000 НИЗОМӢ ХОРУҒРО ТАРК КАРДААНД
27.08.2012 16:16
1168
То ҳоло ҳазор низомӣ шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшонро тарк гуфта, 50 афсари ОМОН-и ВКД дар он ҷо боқӣ хоҳанд монд.Ба дунболи имзои созишнома миёни ширкатдорони ҳамоиши эътирозӣ ва сохторҳои қудратӣ дар ҳафтаи гузашта, то кунун беш ...
ДАР ҲИЛМАНД 17 ҶАСАДИ БЕСАР ОШКОР ШУД
27.08.2012 16:12
1094
Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки 17 сокини мулкӣ, аз ҷумла ду зан дар вилояти ҷанубии Ҳилманд бесар карда шуданд. Ин ҳодиса дар вулусволии Каҷакӣ рух дод. Довуд Аҳмадӣ, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки ин корро кӣ кардааст.
РАИСИ ДОДГОҲ БА ҶОНИ ХАБАРНИГОРИ “ФАРАЖ” ТАҲДИД КАРДААСТ
27.08.2012 16:07
1088
Раиси додгоҳи ноҳияи Фархор рӯзноманигори ҳафтаномаи "Фараж"-ро таҳдид ба марг кардааст. Хабарнигор Маҳмудҷон Раҳматов рӯзи душанбеи 27-уми август ба мо гуфт, дар баҳси манзил, ки миёни оилаи онҳо ва ҳамсояашон бархостааст, модарашро ба додгоҳ даъват карда, ба ӯ таҳдид мекунанд, аммо вақте хабарнигор ба ҳимоят аз модараш садо баланд намуд, ....
ДОДГОҲИ ПОКИСТОН БА НАХУСТВАЗИР 3 ҲАФТА МӮҲЛАТ ДОД
27.08.2012 16:05
1096
Додгоҳи Олии Покистон ба сарвазири ин кишвар 3 ҳафта мӯҳлат додааст, то барои бознигарии парвандаи фасоди молии Осиф Алӣ Зардорӣ иқдом кунад. Панҷ узви Додгоҳи Олӣ таҳти сарварии Осиф Саидхон Хуса тақозо намудаанд, ки то 18-уми сентябр нахуствазир Раҷа Парвиз Ашраф аз муфаттишони Швейтсария тафтиши дубораи қазияҳои фасодро дархост кунад.
КУШОДАШАВИИ МАҒОЗАИ МАВОДҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ АШТ
26.08.2012 08:41
1220
Лайла Эндрюс Башан, мутахассис оид ба барономаҳои умумии рушди Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар маросими кушодашавии мағозаи маводҳои кишоварзӣ (ММК) дар посёлкаи Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд ширкат варзид.
ТОЛИБ АЙЁМБЕКОВ: "МАН ДАР ХОРУҒ ҲАСТАМ"
26.08.2012 08:35
1215
Яке аз раҳбарони гурӯҳҳои силоҳбадасти Хоруғ хабари боздошт ва ба Душанбе интиқол ёфтанашро рад кард.Рӯзи 24-уми август, баъд аз пахш шудани хабари ин ки гӯиё Толиб Аёмбеков, муттаҳами аслии куштори генерал Абдулло Назаров (дар таърихи 21 июл) ...
ЁДГОР ФАЙЗОВ: "МАҚОМОТ АЛЛАЙКАЙ БА БЕРУН БУРДАНИ НИРӮҲО АЗ ҚАЛАМРАВИ ХОРУҒ ШУРӮЪ КАРДАНД"
23.08.2012 18:26
1463
Ин тасмим бар пояи созише миёни ширкатдорони ҳамоиши эътирозӣ ва сохторҳои қудратӣ гирифта шудааст.Ёдгор Файзов, раиси намояндагии Оғохон дар Бадахшон дар сӯҳбати телефонӣ бо мо гуфт, ки бар пояи маслиҳати байни ширкатдорони ...
УБАЙДУЛЛОЕВ ИШТИРОКИ ХОНАНДАГОНРО ДАР МАЪРАКАҲОИ УМУМИДАВЛАТӢ ҚАТЪИЯН МАНЪ НАМУД
23.08.2012 18:24
1255
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе иштироки хонандагони макотиби ҳамагонӣ ва дониҷӯёни донишгоҳҳои олиро дар маъракаҳои умумидавлатӣ, ки минбаъд дар пойтахт шаҳрдорӣ баргузор менамояд, қатъиян манъ намуд.
БЕШ АЗ 1 ҲАЗОР ШИША НУШОКИҲОИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ ДАР БОЗОРҲОИ ПОЙТАХТ ОШКОР ШУД
23.08.2012 18:22
1206
Дар бозорҳои шаҳри Душанбе 1 ҳазору 650 шиша нушокии ғайристандартии «Квас», ки тоҷирон ба фурӯш гузошта буданд, ошкор гардид.Тавре аз Агентии Тоҷиксандарт ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ин миқдор маҳсулот, ки муҳлати ...
ШАБЗИНДАДОРӢ ПОЁН ЁФТ, АММО ТАЗОҲУРОТ ИДОМА ДОРАД
23.08.2012 10:08
1190
Бештари тазоҳуркунандагони майдони “Ваҳдат”, дар маркази шаҳри Хоруғ, шабро дар майдон сипарӣ кардаанд. Манбаи мо дар маркази вилояти Бадахшон гуфт, ин тазоҳурот шабона орому осуда гузашт ва мардум дар хаймаҳои худ шабро ба умеди ...
ТАЪСИСИ ЭЪТИЛОФЕ ТОЗА АЗ МУХОЛИФОНИ РАҲМОН ДАР МАСКАВ
22.08.2012 21:55
1502
Дар шаҳри Маскав шуморе аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон зери унвони “Кумитаи 24” эътилоферо ташкил додаанд.Умаралӣ Қувватов, раиси пешини ширкати “Фароз-Тоҷирон”, ки худро раҳбари ин эътилоф муъаррифӣ кард, рӯзи чаҳоршанбеи 22 август...
ПУЛИСИ НОҲИЯИ ПАНҶ БА ТАҲҚИҚИ ЛАТУКӮБИ САЙФУЛЛОЗОДА ҶАЛБ ШУДААСТ
22.08.2012 13:06
1099
Маъмурони интизомӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар мавриди латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати тсломии Тоҷикистон (ҲНИТ) -ро рӯйи даст гирифтаанд.
ҶАШНВОРАИ ФИЛМИ БИ-БИ-СӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
21.08.2012 21:39
1197
Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ дар поёни моҳи август дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи филме барои муаррифии фаъолиятҳои худ ва таҷлил аз 20 соли гузоришгарии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон баргузор мекунад. Ин ҷашнвора дар Хонаи Синамои Иттифоқи синамо ...
















