19:01:53 08-уми Сентябри 2026 сол
МЕДВЕДЕВ: ДУМАИ ДАВЛАТӢ БОЯД БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КУНАД 09.12.2011 09:41 1202
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, мутмаин аст, ки бо вуҷуди эътирозҳо ва шикваҳо аз тақаллуб дар интихобот ҳайати нави Думаи давлатӣ бояд ба фаъолият шурӯъ кунад.
ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ТИРАНДОЗӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ВИРҶИНИЯ 09.12.2011 09:40 1193
Бар асари тирандозӣ дар донишгоҳи техникии Вирҷиния, воқеъ дар шарқи Амрико, ду нафар, аз ҷумла, як корманди полис  ба ҳалокат расиданд. Фарди ношинос дар истгоҳи мошинҳои донишгоҳ тирандозӣ кард. Ҷустуҷӯи ҳамлагар идома дорад. Маъмурияти донишгоҳ аз донишҷӯён хостааст, ки биноро тарк накунанд.
ОБАМА: МАН БО ДУШМАНОН МУСОЛИҲА НАКАРДААМ 09.12.2011 09:39 1177
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, иттиҳоми сиёсатмадорони Ҳизби ҷумҳурихоҳро дар бораи он ки ӯ гӯё аз сиёсати cозишу мусолиҳа бо душманон кор гирифтааст, рад кард.
БОЗДОШТИ ЯК ТЕРРОРИСТИ ЭҲТИМОЛӢ ДАР ОЛМОН 09.12.2011 09:39 1264
Додситонии федеролии Олмон гуфт, ниҳоди алайҳи терроризми полиси кишвар фардеро боздошт кард, ки дар таҳияи ҳамла бо супориши “Ал-Қоида” гумонбар мешавад.
“МАҲБУСОНИ ЗИНДОНИ ҚУРҒОНТЕППА ГУРУСНАНИШИНӢ НАКАРДААНД” 08.12.2011 11:34 1013
Бархе аз расонаҳои хабарӣ аз эътисоби ғазои иддае аз маҳбусони танҳо зиндони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъе пахш кардаанд. Расонаҳо бо истинод ба бархе аз маҳбусони ин зиндон навиштаанд, ки сабаби аслии ин эътироз эъмоли шиканҷа алайҳи маҳбусон ва мавориди фасод дар ин зиндон будааст.
РОҲАНДОЗИИ САФОРАТИ МАҶОЗИИ ИМА БАРОИ ЭРОН 07.12.2011 15:15 1154
Рӯзи сешанбе вазорати умури хориҷии Амрико сафоратхонаи маҷозӣ барои Эронро роҳандозӣ кард. Ин вебсайт бо забонҳои форсӣ ва англисӣ аст ва барои анҷоми корҳои эрониён роҳандозӣ шудааст.
МУРОФИАИ ДОДГОҲИИ МУҲАББАТ ҶӮРАЕВА ДАР ХУҶАНД ОҒОЗ ШУД 06.12.2011 17:10 1306
Рӯзи сешанбе дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии Муҳаббат Ҷӯраева-муассиси нахустин додгоҳи ҳакамӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Ҷӯраева раиси додгоҳи ҳакамии вилояти Суғд аст ва барои сӯистифода аз мақом гунаҳгор дониста мешавад.
БАРНОМАҲОИ БОР БО ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН 06.12.2011 17:09 1107
Бонки Осиёии Рушд барои се соли оянда ба Тоҷикистон бештар аз 215 миллион доллар қарз медиҳад. Ҷоҷӣ Токешӣ-намояндаи ин бонк дар Тоҷикистон гуфт, барномаҳои ҳамкории бонки мазкур барои солҳои 2012-2014 бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамоҳанг шудааст.
ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН АЗ ИНТИХОБОТИ РУСИЯ ИНТИҚОД КАРД 06.12.2011 17:09 1044
Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико аз интихоботи порламонии Русия, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, интиқод кард ва онро ғайриодилона хонд.
СӢ КУШТА ДАР ҲАМЛАИ ИНТИҲОРИИ КОБУЛ 06.12.2011 17:08 1155
Мақомоти афғон мегӯянд, дар ҳамлаи интиҳории рӯзи сешанбеи Кобул, ҳудуди 30 тан аз азодорони Ошӯро кушта шудаанд. Дар як хабарномаи фармондеҳии амнияти Кобул гуфта шудааст, ки ин ҳамлаи интиҳорӣ соати 11:45 дақиқа ба вақти Афғонистон ва дар дохили зиёратгоҳи ҳазрати Абулфазл ба вуқӯъ пайваст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, садҳо ....
МУДДАИЁНИ ҶОИЗАИ “ТӮБИ ТИЛЛОӢ”. МЕССИ, ХАВИ Ё РОНАЛДО? 06.12.2011 17:07 1321
ФИФА, Федератсиюни байналмилалии футбол, муддаиёни ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро эълон кардааст. Ба рӯйхати муддаиёни ҷоизаи беҳтарин бозигари ҷаҳон дар соли 2011-ум Лионел Мессии аргентинӣ ва Хавии испанӣ, ҳарду бозигарони бошгоҳи футболи “Барселона”, инчунин, Криштиану Роналдуи португолӣ, нимҳимоятгари тими “Реал”-и Мадрид, дохил шуданд.
САФАРИ САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР БА ВОДИИ ЗАРАФШОН 06.12.2011 10:40 1186
Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тревор Мур дар якҷоягӣ бо кормандони Сафорат ва Намояндагии Вазорати рушди байналхалқии Британияи Кабир (ВРББ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз водии Зарафшон дидан намуд.
"РУСИЯИ ВОҲИД" ҲОКИМИ ПОРЛУМОН НАХОҲАД БУД 05.12.2011 21:24 1156
Ҳизби ҳокими Путину Медведев пешсаф шуд, аммо на ба андозаи интихоботи гузашта. Кумиссиюни марказии интихоботии Русия хабар дод, ки то cоати 7-и субҳи рӯзи душанбе 90 дарсади баргаҳои раъйдиҳӣ дар интихобот ба Думаи давлатӣ баршумурда шудаанд.
ПАНҶ КУШТА ДАР ДАРГИРӢ ДАР ҶАНУБИ ҚАЗОҚИСТОН 05.12.2011 21:18 1220
Гузоришҳо аз Қазоқистон ҳокӣ аст, ки ба асари як даргирии пулис бо афроди мусаллаҳ дар ҳумаи шаҳри Олмотӣ, пойтахти ҷанубии ин кишвар дастикам панҷ нафар кушта шудаанд. Додситонии Қазоқистон гуфтааст ин даргирӣ дар ҷараёни амалиёти барномарезишудаи нерӯҳои амниятӣ рух додааст.
ТААССУФ ВА ТАҚОЗОИ КАРЗАЙ. ҚАБЛ АЗ АНҶУМАНИ БОНН 04.12.2011 19:21 1230
Раисиҷумҳури Афғонистон Покистонро ба гирифтани пеши роҳи тамоми музокирот бо Толибон айбдор кард. Ҳомиди Карзай ба нашрияи олмонии "Der Spiegel" гуфтааст, “то кунун, (Покистон) пуштибонӣ аз талошҳо барои музокирот бо Толибонро ...