00:54:06 25-уми Октябри 2026 сол
ЗИЛЗИЛАЕ ХОКИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОНРО ТАКОН ДОД 07.11.2011 20:55 1423
Имрӯз дар марзи Тоҷикистону Афғонистон зилзилае ба шиддати 5,6 дараҷаи Риҳтер рух дод. Итар-Тасс мегӯяд, ба иттилои хадамоти геофизикии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, маркази зилзила дар 275 километрии ҷанубу шарқи Душанбе  дар хоки Афғонистон сабт шудааст. Ҳеҷ хабаре дар бораи хисороти баъдизилзила дар даст нест.
ВАЗИРИ ХОРИҶАИ РУСИЯ АЛАЙҲИ ҲАМЛА БОЛОИ ЭРОН ҲУШДОР ДОД 07.11.2011 20:54 1393
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз ҳушдор дод, ки   ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона алайҳи Эрон “иштибоҳи хеле ҷиддӣ” хоҳад буд. Вай гуфт: “Ин як иштибоҳи хеле ҷиддӣ хоҳад буд, ки паёмадҳои ғайри қобили тасаввур хоҳад дошт. Барномаи ҳастаии Эрон мисли ҳар масъалаи дигари замони имрӯз ҳилли низомӣ надорад”.
ДАР САДАМАЕ ДАР МИСР 11 МАҶОРИСТОНӢ ҶОН ДОДАНД 07.11.2011 20:53 1450
Мақомоти Миср мегӯянд, бар асари садамаи як автобуси мусофирбар, 11 саёҳи маҷористонӣ кушта ва 27 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИАОЮ ЖАОРО 07.11.2011 14:38 1216
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд.
МУБОРАК ИДИ ҚУРБОН, МУБОРАК ИДИ САРҚОНУН! 05.11.2011 22:07 1592
Фарорасии иди саиди Қурбонро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон ва иди рӯзи қабули Сарқонунро барои тамоми ҳамватанони гиромӣ табрику муборакбод гуфта, аз Худованди бузург барои эшон бахту саодат ва дар кору рӯзгорашон пешрафту ...
ДАР БОРАИ САФАРИ БАРОНЕССА ВИВЕН СТЕРН БА ТОҶИКИСТОН 05.11.2011 10:33 1271
Тибқи хабари дафтари матбуотии Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон рӯзҳои 19-22 сентябри соли ҷорӣ Баронесса Вивен Стерн, узви Палатаи Лордҳои Парлумони Британияи Кабир  бо як сафар дар кишвари мо ҳузур дошт.
ҲАВО ДАР РӮЗИ ИДҲО ОФТОБИСТ Ё БОРОНӢ? 04.11.2011 20:04 1741
Дар рӯзи таҷлили идҳои  фархундаю муборак -Рӯзи қабули Конститутсия ва иди саиди Қурбон, ки  ба 6 ноябр рост меоянд ҳаво дар ҷумҳурӣ бебориш ва офтобӣ пешгӯӣ карда мешавад.
ДАР РӮЗҲОИ ИД НЕРӮИ БАРҚ МАҲДУД КАРДА НАМЕШАВАД 04.11.2011 20:03 1619
Бо супориши Ҳукумати ҶТ Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Конститутсия (Сарқонун) ва Иди Қурбон тасмим гирифтааст, ки аз соати 14.00-и 5 ноябр то соати 22.00-и 6 ноябр сокинони ҷумҳуриро бидуни маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин намояд.
ПАЁМИ ТАБРИКИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН 04.11.2011 12:25 1348
Рўзи шашуми ноябр иди саиди Қурбон фаро мерасад. Воқеан, он яке аз санаҳои фархунда дар тақвими дини ислом ва суннатҳои неку писандидаи тамоми мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният мегўям.
СОДИРОТБОНК МАСЪУЛИЯТШИНОС НЕСТ 03.11.2011 18:58 1667
Гурӯҳе аз устодони мактаби таҳсилоти умумии №7 шаҳри Кӯлоб шикоят аз он доранд, ки дар гирифтани музди меҳнати ҳармоҳаашон аз содиротбонки шаҳри Кӯлоб мувоҷеҳи мушкилот гаштаанд. Муовини аввали директори мактаб Қаҳрамон Мирзоев шикоят аз кортҳои ...
ТАСВИБИ ҚОНУНИ БУДҶАИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛИ 2012 02.11.2011 13:40 1284
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе қонуни будҷаи давлатӣ барои соли 2012-ро ба тасвиб расонд. Ҳукумати Тоҷикистон ин тарҳро рӯзи 30 сентябр тасвиб карда буд. Қисми дахли будҷаи кишвар барои соли оянда 10 миллиарду 160 миллион ва қисми харҷаш 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ муқаррар шуда, касри будҷа 180 миллион сомониро ....
ҲАФТАИ АВРУПО 2011 – "ҶАВОНОН МОРО НАЗДИК МЕСОЗАНД" 02.11.2011 09:54 1353
Имрӯз, 2-юми ноябр, бо ибтикори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  ҷашни ҳарсолаи фарҳангии "Ҳафтаи Аврупо" дар шаҳри Душанбе шурӯъ ба кори худ карда он  то 15 ноябр идома мекунад. "Ҳафтаи Аврупо – 2011" якчанд чорабиниҳоро дар бар мегирад ...
ЛАГЕРИ “ҶАВОНОН БАРОИ ҶОМЕАИ БЕҲТАР” БА КОРИ ХУД ШУРӮЪ КАРД 02.11.2011 09:51 1354
Якумин лагери ҷавонон таҳти шиори “Ҷавонон барои ҷомеаи бехатар” аз сӯи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Сӣ нафар ҷавони  синну солашон аз чордаҳ то бистсола бо ҳамроҳии даҳ нафар кормандони милитсия ва сарварони ҷомеа ...
6 НОЯБР - РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН ДАР ТОҶИКИСТОН 01.11.2011 20:44 1313
Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи баргузории Иди Қурбонро шашуми ноябр муқаррар кардааст. Эшони Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ин тасмим дар нишасти рӯзи сешанбеи аъзои ин шӯро гирифта шудааст.
ШОҲЗОДА ОҒОХОНИ IV, ПЕШВОИ ИСМОИЛИҲО ДАР ДУШАНБЕ 31.10.2011 13:06 1873
Шоҳзода Оғохони IV-пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз (31 октябр) Оғохони чаҳорум ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гузоштани санги таҳдоби як пуле, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам васл хоҳад кард, ширкат мекунанд.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854