CӮХТОР ДАР КОРХОНАИ ПАХТАИ ҲОҶӢ АКБАР ТӮРАҶОНЗОДА
24.10.2011 12:29
1854
Як корхонаи пахта, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, ки ба Ҳ.А.Тӯраҷонзода марбут аст, ба коми оташ рафтааст. Ин ҳодиса соати сеи шаби гузашта сурат гирифта, бар асари он ҳудуди 600 баста ё кипи 220-килоии пахта сӯхтааст. Кормандони интизомӣ дар аввалин вокуниш...
СӮХТОР ДАР БОЗОРИ ШАҲРИ ХОРУҒ
22.10.2011 16:15
2266
21-уми октябр соати 11- шаб дар бозори шаҳри Хоруғ сӯхтор ба амал омад. Ҳарчанд хадамоти оташнишонии шаҳр се адад мошини оташнищонӣ ва тамоми ҳайати идораро барои хомӯш кардани ин сӯхтор сафарбар карда бошад ҳам, вале ба онҳо танҳо соати 6-и субҳ муяссар шуд ...
ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД
21.10.2011 20:29
1167
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико соати 8 шоми рӯзи ҷумъа вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шуд. Хонум Клинтонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҳамроҳхон, Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон истиқбол кард.
САРНАВИШТИ НОМАЪЛУМИ САЙФУЛИСЛОМ, ПИСАРИ МУЪАММАР ҚАЗЗОФӢ
21.10.2011 18:45
1289
Сарнавишти Сайфулислом Қаззофӣ, писари Муъаммар Қаззофӣ, ки бисёре ӯро ҷонишини падараш медонистанд, ҳамчунон номаълум аст.
МУАММАР ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУДААСТ
20.10.2011 20:38
1397
Маҳмуд Ҷабраил, нахуствазири муваққати Либия гуфт, Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи ин кишвар кушта шудааст. Ӯ дар ки раҳбари шӯрои миллии гузори Либия аст, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Троблус, гуфт, “мо муддати тӯлонӣ мунтазири ин лаҳза будем“.
МУЛОҚОТИ ЛОРИҶОНӢ БО РАИСИ ПОРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН
20.10.2011 20:37
1563
Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон, баъд аз зӯҳри имрӯз (20 октябр) ба манзури анҷоми як дидори дурӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар нахустин рӯзи сафар ба Душанбе оқои Лориҷонӣ бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, мулоқот карда ва масоили марбут ба ҳамкориҳои порлумонӣ ва равобити ду кишварро баррасӣ кардааст.
САФАРИ ҒАЙРИМУНТАЗИРАИ ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН БА КОБУЛ
20.10.2011 13:47
1280
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дирӯз дар як сафари аз қабл эъломнашуда ба Кобул рафтааст. Сухангӯи сафорати Амрико дар Афғонистон мегӯяд, "Ҳилларӣ Клинтон сафари кӯтоҳе ба Кобул намуда ва қарор аст, бо Ҳомид Карзай мулоқот кунад."
ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН ИМРӮЗ ВОРИДИ ДУШАНБЕ ХОҲАД ШУД
20.10.2011 07:13
1084
Бино ба хабарҳо, қарор аст, имрӯз вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон вориди Душанбе шавад.
ҲУКМИ ЗИНДОНИ 9 ПАЙРАВИ ТАРИҚАТИ СӮФИЯ
20.10.2011 07:12
1241
Дар Қазоқистон 9 пайрави ҷараёни тасаввуфро маҳкум ба зиндон кардаанд. Додгоҳи Алма-Ато онҳоро дар ҷароиме, чун ифротгароии динӣ, боздошти ғайриқонунӣ ва тахрибе, ки аз табобати онҳо ба саломати мардум расидааст, муҷрим шинохт.
ПУТИН: НАВБАТИ ТОҶИКИСТОН БАЪДИ ҚИРҒИЗИСТОН АСТ
20.10.2011 07:11
1317
Сарвазири Русия Владимир Путин дирӯз дар нишасти ҳамтоёнаш аз кишварҳои шӯравии собиқ дар Санкт-Петербург гуфт, дарҳои Иттиҳоди гумрукӣ ва Паҳнои воҳиди иқтисодӣ барои кишварҳои дигар низ боз аст, вале Тоҷикистон ба маҳзи надоштани марзи мустақим бо аъзои кунунии ин ду иттиҳод танҳо баъд аз Қирғизистон метавонад ба онҳо бипайвандад.
ҲАВОИ НИМААБРӢ ВА ДАР ХОРУҒ БОРОНИИ 20 ОКТЯБР
20.10.2011 07:10
1262
Ҳавошиносон барои имрӯз, 20 октябр, дар Тоҷикистон ҳавои нимаабрӣ ва дар Хоруғ ҳатто ҳамроҳ бо борони кӯтоҳмуддатро пешбинӣ мекунанд.
НИЗОМИ ИМТИҲОНИ ВОҲИД ДАР ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
20.10.2011 07:09
1233
Тоҷикистон қасд дорад, то 3 соли оянда дар донишгоҳҳояш низоми имтиҳони воҳиди дохилшавиро ба роҳ андозад.
ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МАВОДИ МУХАДДИР ҲАМБАСТАГӢ МЕБОЯД
20.10.2011 07:07
1070
18 октябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо ширкати масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти сарпарастии муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал - полковник Бозмуҳаммад Аҳмадӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони васоити ахбори бурунмарзӣ ва ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
ГУЗАРГОҲИ "КОКУЛ" АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД
19.10.2011 20:57
1360
Гузаргоҳи «Кокул» воқеъ дар ноҳияи Фархор, ягона гузаргоҳи расмӣ, ки навоҳии минтақаи Кӯлобро бо Афғонистон мепайвандад, аз фаъолият бозмондааст. Ин наздиктарин гузаргоҳ барои кишоварзони минтақаи Кӯлоб буд, ки барои интиқоли маҳсулоти кишоварзии худ аз он истифода мекарданд.
БАРРАСИИ МАСОИЛИ ОБИИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ДУШАНБЕ
19.10.2011 20:56
1191
Дар шаҳри Душанбе ҳамоише ҷиҳати баррасии масоили обии Осиёи Миёна оғоз ба кор кард. Дар ин ҳамоиши дурӯза, ки бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва СММ доир мешавад, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.
















