12:44:46 07-уми Сентябри 2026 сол
ИХТИРОЪИ НАВЪИ БЕСОБИҚАИ ПАХТА ДАР ТОҶИКИСТОН 18.08.2011 15:43 1633
Гурӯҳи донишмандони Пажуҳишгоҳи замини Академияи кишоварзии Тоҷикистон навъи нави пахтаеро офариданд, ки дар ҷаҳон собиқа надорад.
ҲАЛОКАТИ 20 НАФАР ДАР ТАРКИШЕ ДАР ҲИРОТ 18.08.2011 15:42 1573
Бар асари таркиши бомби рӯи раҳ дар вилояти Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар маҷрӯҳ шуданд.
ДАСТИКАМ 30 НАФАР ДАР ХУШУНАТҲОИ КАРОЧӢ КУШТА ШУДААНД 18.08.2011 15:41 1469
Ба гузориши манобеъи пулиси Покистон, тайи ду рӯзи гузашта, дастикам 30 нафар дар Карочӣ, бузургтарин шаҳри Покистон, кушта шудаанд ва шароити аҷсоди кашфшуда тавассути нерӯҳои пулис ба вузуҳ нишон медиҳад, ки ин афрод қабл аз марг шиканҷа шуда буданд.
КУШТА ШУДАНИ ЯК САРВОНИ МАРЗБОН ДАР ШӮРООБОД 17.08.2011 18:26 1613
Ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон аз кушта шудани як сорвони ин нерӯҳҳо дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон хабар додаанд. Як манбаъ аз ин нерӯҳҳо мегӯяд, ки ҳодисаи кушта шудани Рамзӣ Гулобов, муъовнини раиси постгоҳи марзии ноҳияи Ҳамадонӣ дар назди рустои Шоуни ноҳияи марзии Шӯрообод рух додааст.
АМРИКО: ДАВРОНИ ҲУКУМАТИ ҚАЗЗОФӢ РӮЗҲОЕ БА ШУМОР МОНДААСТ 17.08.2011 13:59 1624
Мақомҳои Кохи сафед мегӯянд, ки Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия вопасин рӯзҳои худро мегузаронад ва даврони ҳукумати ӯ рӯзҳое ба шумор мондааст, хабар медиҳад, хабаргузории «Ирно». Ба гузориши хабаргузориҳо, Леон Понетто, вазири дифои Амрико ...
АҲМАДИНАЖОД ПЕШНИҲОДОТИ РУСИЯ БАРОИ ҲАЛИ МАСОИЛИ ҲАСТАИИ ЭРОНРО ПАЗИРУФТ 17.08.2011 09:56 1437
Маҳмуд Аҳмадинажод президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, пешниҳодоти Русия барои ҳалу фасли авзоъ дар атрофи барномаи ҳастаии кишвари худро пазируфт, хабар медиҳад, РИА «Новости».
ИФТИТОҲИ ПУЛИ МУҲИМИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОН БО АФҒОНИСТОН 16.08.2011 23:32 1762
Имрӯз 16-уми август, тайи маросими хосе бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пули бузурге эҳдо шуда ба рӯи руди Панҷ дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ 15.08.2011 23:00 1455
Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуд. Дар машварат Сарвазири малакат Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
БОЗДОШТИ ЯК ҚОЧОҚЧИИ АФҒОН ДАР ТОҶИКИСТОН 15.08.2011 22:59 1479
Нерӯҳои интизомии Тоҷикистон мегӯянд як қочоқчии афғонро боздошт ва аз ӯ миқдори зиёди маводди мухаддирро мусодира карданд.
ТАСЛИМИ ДОВТАЛАБОНАИ АСЛИҲА ДАР БАДАХШОН 15.08.2011 16:32 1574
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз таслими довталабонаи аслиҳа дар вилояти Бадахшони ин кишвар хабар додааст. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин вазоратхона, мақомоти зарабти ин вилоят то ҳол беш аз 30 адад силоҳро аз сокинон ҷамъоварӣ кардаанд. Ниҳодҳои интизомии шаҳри Хоруғ хабар медиҳанд, ки аз ин миқдор аслиҳа 11 худкори ....
МАРГИ ДУ НАФАР БАР АСАРИ ҒАРҚШАВӢ 15.08.2011 12:40 1447
Дар чор рӯзи ахир дар Тоҷикистон ду нафар дар рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд. Бино ба иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 13 август, Сайвалӣ Шералиев, сарбози Вазорати дифоъи ин кишвар дар рӯдхонаи Зарафшон, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон ғарқ шудааст.
ВАЗИРИ КИШВАРИ ПОКИСТОН: МУНОҚИШАИ КАРОЧӢ МАНШАЪИ ҚАВМӢ ВА СИЁСӢ ДОРАД 15.08.2011 11:45 1630
Вазири кишвари Покистон, бо таъкид бар ин, ки мушкилоти Карочӣ маншаъи қавмӣ ва сиёсӣ дорад, гуфт: «Як кумитаи муташаккил аз намояндагони порлумон ва давлат ба зудӣ барои ҳалу фасли мушкилоти ин шаҳр ташкил хоҳад шуд».
ЯК МАҚОМИ ИТТИЛООТИ ЛИБИЯ: ҚАЗЗОФӢ БА ИН ЗУДИҲО САРНАГУН НАМЕШАВАД 15.08.2011 11:43 1378
Яке аз афсарони баландпояи созмони иттилоот ва амнияти Либия гуфт, ки ҳукумати Муаммар Қаззофӣ ба ин зудиҳо суқут намекунад.
ОБАМА МАСОИЛИ АМНИЯТӢ ВА ҲАМКОРИРО БО КАРЗАЙ БАРРАСӢ КАРД 15.08.2011 11:42 1326
Барак Обама ва Ҳомид Карзай президенти Амрико ва Афғонистон раванди интиқоли масъулияти таъмини амният дар Афғонистон ба нерӯҳои мусаллаҳи афғониро баррасӣ карданд, хабар медиҳад, хабаргузории РИА «Новости» бо такя ба дафтари матбуотии Кохи сафед.
ТАРКИШ ДАР МАРКАЗИ ИРОҚ 15 КУШТА БАР ҶО ГУЗОШТ 15.08.2011 11:40 1380
Шабакаи телевизионии «Ал-арабия», рӯзи Душанбе эълон кард, ки вуқӯъи ду инфиҷор дар шаҳри Кут, воқеъ дар маркази Ироқ 15 кушта ва 35 захмӣ бар ҷо гузошт.