12:44:59 07-уми Сентябри 2026 сол
ОТАШСӮЗИИ БУЗУРГ ДАР БОЗОРИ КОРВОН 08.08.2011 09:31 2001
Дар Корвон, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳумаи он, оташсӯзии бузурге ба амал омадааст. Иттилоъе дар бораи хисорот ва талафот аз ин оташсӯзӣ ҳанӯз пахш нашудааст.
КАРЗАЙ ДАСТУРИ ТАҲҚИҚИ ҚАТЛИ ҒАЙРИНИЗОМИЁН ДАР ҲИЛМАНДРО ДОД 08.08.2011 09:30 1431
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дастур додааст то дар мавриди кушта шудани ҳашт нафар ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон ва занон дар як зарбаи ҳавоии НАТО таҳқиқот анҷом шавад.
РАВОБИТ БО ЭРОН БОЯД АВЛАВИЯТИ АВВАЛИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БОШАД 06.08.2011 17:08 2123
Ба гузориши хабаргузории «Форс», ширкаткунандагон дар як назарсанҷии расонаӣ, ки тавассути яке аз пойгоҳҳои муҳими хабарии Тоҷикистон сурат гирифта, мӯътақиданд, ки Теҳрон муҳимтарин шарики хориҷии Душанбе аст.
МАСКАВ МУХОЛИФИ ИҚДОМИ НИЗОМИИ НАТО АЛАЙҲИ СУРИЯ МЕБОШАД 06.08.2011 16:50 1642
Намояндаи Русия дар НАТО рӯзи ҷумъа таъкид кардааст, ки кишвараш бо бакоргирии нерӯи низомӣ алайҳи Сурия мухолиф аст. Ба гузориши хабаргузории «Ирно» ва ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Аллам», Дмитрий Рагозин, намояндаи Русия дар НАТО ёдовар шудааст ...
ТОҶИКИСТОН ДАР МАҚОМИ 41-УМИ ШОХИСИ ТЕРРОР-2011 05.08.2011 17:18 1446
Як гузориши коршиносӣ мегӯяд, ки соли гузашта шумораи ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон 15 дарсад афзудааст. Тибқи ин гузориш, 75 дарсади ҳамлаҳои даҳшатафканон ба чор кишвар: Сомалӣ, Покистон, Афғонистон ва Ироқ рост меояд.
БОЗДОШТИ АФРОДИ МУТТАҲАМ ДАР ИРТИБОТ БО “ТЕРРОРИСТҲО” ДАР ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН 05.08.2011 17:16 1618
Додгоҳҳо ахиран ҳукми боздошти чанд нафари мазнун дар иртибот доштан бо ҷонибдорони ҶИӮ дар шимоли кишварро содир кардаанд. Вакилони мудофеъи бархе аз ин афрод мегӯянд, муввакилонашон умдатан барои огоҳ насохтани мақомот аз буду бош ва ё фаъолиятҳои “террористон” муттаҳам шудаанд.
АБДУЛҚОДИРЗОДА СОҲИБКОРОНРО БА АДЛУ ИНСОФ ҲИДОЯТ КАРД 05.08.2011 17:15 1467
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бо соҳибкорони бозори «Шоҳмансур» - и пойтахт мулоқот анҷом дод.
ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТИ ҶАДИДИ ҲАВОИИ “ХАТЛОН ЭЙР” 05.08.2011 17:13 1491
“Хатлон Эйр” ширкати ҷадиди ҳавоии Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳо муҷаввиз Созмони Ҳавонавардии Байналмиллалиро (ИКАО) дарёфт кардааст. Ба гуфтаи Анвар Давлатов, раиси “Хатлон Эйр”, ин ширкат акнун метавонад ба интиқоли мусофирон ва колову маводд тавассути чархбол ба Афғонистон машғул шавад.
МАҚОМИ 41-УМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШОХИСИ ТЕРРОР-2011 05.08.2011 17:11 1596
Пажӯҳишгоҳи Мейплкрофт, мақараш дар Лондон, гузориши солонааш  таҳти унвони «World Terrorist Index -2011”-ро нашр кард, ки дар он Сомаливу Афғонистон хатарноктарин маконҳои дунё аз нигоҳи хатари ҳамлаҳои террористӣ ном бурда шудаанд.
МЕДВЕДЕВ ТАЛАБИ ХУРУҶИ НИРӮҲОИ РУСИЯРО РАД КАРД 05.08.2011 17:11 1394
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев Сенати Амрикоро ба маҳзи  тасвиби қароре, ки  Маскавро ба хуруҷи нирӯҳояш аз вилоёти ҷудошудаи Гурҷистон даъват мекунад, ба боди интиқод кашид.
БОЗ ЯК ФАРЗАНДИ ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУДААСТ 05.08.2011 17:10 1677
Чирикиҳои Либия мегӯянд, шаби гузашта бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО дар шаҳри Зилтон Хамис, боз як фарзанди дигари Муаммар Қаззофӣ  кушта шудааст.
РОБИН ОРД-СМИТ САФИРИ ОЯНДАИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ТОҶИКИСТОН 05.08.2011 09:59 1427
Чоруми август аз Сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон  ба сомонаи “Рӯзгор”хабар доданд, ки сар аз моҳи марти соли 2012 вазифаи сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистонро ба ҷои ҷаноби Тревор Чарлз Мур, ки барои хизмат ба хадамоти дипломатии ...
ПОКИСТОН ҲАМКОРИҲОИ ГУСТАРДАИ ҲАСТАИРО БО ЧИН ХОСТОР ШУД 05.08.2011 09:40 1524
Рӯзномаи «Global Times»-и чинӣ, рӯзи чаҳоршанбе навиштааст, ки Сайид Навид Қамар, вазири федеролии об ва барқи Покистон дар мусоҳибае дар Пекин ин матлабро унвон кардааст. Вай дар сафорати Покистон дар Пекин гуфт ...
МАРОСИМИ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ АСАДУЛЛО ҒУЛОМОВ 04.08.2011 11:36 2565
Имрӯз 4-уми августи соли 2011, соати 9-и субҳ дар масҷиди Хоҷа Яъқуби Чархии шаҳри Душанбе маросими намози ҷанозаи Асадулло Ғуломов, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
ДАРГУЗАШТИ АСАДУЛЛО ҒУЛОМОВ 03.08.2011 14:35 1946
Асадулло Ғуломов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон субҳи имрӯз бар асари беморӣ даргузашт. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷаноби Ғуломов ҳангоми сафари корӣ ба нерӯгоҳи барқи обии ...