20:30:00 24-уми Октябри 2026 сол
БУЛБУЛОВ БАРОИ ПИНҲОН ДОШТАНИ ФИРОРИЁН БОЗДОШТ ШУД 23.07.2011 16:45 1734
Бино ба хабари вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, Додарҷон Булбулов-шаҳрванди 43 солаи ноҳияи Тавилдара барои пинҳон доштани фирориёни боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст.
ЗАХИРАИ ТИЛЛОИ ТОҶИКИСТОН 60% АФЗОИШ ЁФТААСТ 23.07.2011 16:44 2037
Бино ба хабари Бонки Миллии Тоҷикистон, захираи тиллои ин кишвар соли ҷорӣ 60 дарсад афзоиш ёфтааст ва якуми июл ин захира 755 миллион долларро ташкил додааст.
УЗБАКИСТОН НАРХИ ГАЗРО 19 % БОЛО БУРДААСТ 23.07.2011 16:43 1830
Узбакистон дар семоҳаи севвуми соли ҷорӣ нархи гази содиротии худ ба Тоҷикистонро 19 дарсад боло бурдааст.
РУСИЯ ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТИИ НОРВЕГИЯРО МАҲКУМ КАРД 23.07.2011 16:42 1849
Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ду ҳамлаи террористӣ дар Норвегия, яке дар урдугоҳи ҷавонон ва дигарӣ дар маркази шаҳри Осло ба биноҳои ҳукуматиро маҳкум кард.
БАРҚИ ИЗОФИИ ТОҶИКИСТОН БА АФҒОНИСТОН ФУРӮХТА МЕШАВАД 23.07.2011 16:41 1710
Пулод Муҳиддинов-муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки аз ҳисоби фурӯши барқи иловагӣ ба Афғонистон 23 миллион доллар даромад ба даст орад.
ОҚИЛ ОҚИЛОВ ДАР ХОРУҒ 23.07.2011 14:31 1653
Дирӯз, 22-и июл, гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро сарвазири мамлакат Оқил Оқилов сарварӣ мекунад, ба Бадахшон омад. Гурӯҳи корӣ аз намояндагони чандин вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ иборат буда, мақсади асосии сафари онҳо ба вилоят шиносоӣ ...
СЕМИНАРИ МАШВАРАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ 23.07.2011 14:29 1582
Бахшида ба чорумин солгарди қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари машваратии умумиҷумҳуриявӣ дар толори Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғи ВМКБ баргузор гардид.
РАИСИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ: "ВАЗЪИЯТ ФАВҚУЛОДА АСТ" 22.07.2011 21:53 2151
Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, дар марзи ин ноҳия тадобири шадиди амниятӣ аз сар гирифта шудааст. Хӯҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, ҳамзамон гуфт ...
ИНФИҶОРИ ХАРОБИОВАР ДАР МАРКАЗИ ОСЛО 22.07.2011 21:49 1728
Инфиҷор дар паҳлуи дафтари сарвазири Норвегия ҷони ду нафарро рабуд ва чандин танро захмӣ кард. Дар натиҷаи таркиш дар маркази Осло, пойтахти Норвегия, ду нафар кушта ва чандин бинои маъмурӣ, аз ҷумла дафтари сарвазир Йенс ...
ФАЗЛИДДИНОВ: ДАР ДАНҒАРА АМАЛИЁТИ БОЗДОШТИ ФИРОРИЁН ҶАРАЁН ДОРАД 22.07.2011 21:48 1776
Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ иттилоъ дод, ки нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ба ҳолати омодабош даромадаанд. Хуҷамурод Фазлиддинов дар нишасти матбуъотии рӯзи 22-уми июл ба хабарнигорон гуфт, ки дар ноҳияи Данғара чаҳор зиндонии фарории мавриди ҷустуҷӯи нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дида шудаанд.
ОҒОЗИ ТАҲИЯИ ҚОНУНИ АФВИ "ТИЛОӢ"-И ТОҶИКИСТОН 22.07.2011 16:09 2104
Дар ростои 20-умин солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корие таъсис ёфтааст, ки бояд то охири моҳ тарҳи Қонуни афвро омода кунад.
ТАБОДУЛИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН АЗ ҲИЗБИ ҲОКИМ 22.07.2011 16:07 1500
Дар ивази вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Ҳусейн Алиев, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин шуд, ноиби вазири маорифи кишвар Ашӯрбек Расулов узви порлумон мешавад.
БУНЁДИ ХАТТИ НАВИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ ТОҶИК БА АФҒОНИСТОН 22.07.2011 16:07 1471
Ноиби аввали вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон хабар дод, ки интиқоли нерӯи барқ аз тариқи хатти нави баландшиддат миёни Сангтӯда ва Пули Хумрӣ дар моҳи август шурӯъ мешавад.
ҲАЛОКАТИ 50 ҶАНГӢ ДАР ҶАНУБУШАРҚИ АФҒОНИСТОН 22.07.2011 16:05 1551
Нерӯҳои таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон мегӯянд, дар ҳамла ба як урдугоҳи ҳарбӣ дар вилояти ҷанубушарқии Пактико зиёда аз 50 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд.
ГУРОН ҲОДЖИЧ БА ДОДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ФИРИСТОДА ШУД 22.07.2011 16:04 1321
Субҳи рӯзи ҷумъа, 22 июл, худрави ҳомили Гурон Ҳоджич, фармондеҳи нерӯҳои серби Круосӣ дар ҷараёни ҷанги дохилии Югусловии собиқ, бо ҳамроҳии корвоне аз худравҳои пулиси Сербистон аз зиндоне дар Белгрод, пойтахт, озими фурудгоҳи ин шаҳр шуд.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854