05:23:50 25-уми Октябри 2026 сол

Чопи китоби дуюми "Сармаддеҳ"-и Баҳманёр дар Душанбе

Дар муассисаи интишоротии "Истеъдод"- и шаҳри Душанбе китоби дувуми "Сармаддеҳ"-и нависандаи шинохтаи тоҷик Баҳманёр аз чоп баромад. Китоб 25 ҳикояи нави адиби шинохтаро дар бар мегирад ва муҳтавои ҳикояҳо сарнавишти одамон ва сокинони ҳамон деҳаи куҳистониест, ки дар тахайюли адиб ҷой гирифтааст.

Хонанда метавонад аз китоби нав достонҳои кутоҳи "Зукахӯр", "Куштор дар Ялмо", "Дона дар дастос", "Хари Шераки Хол", "Обсувор", "Чашми мур", "Доги ях" ва ғайраро мутолиа кунад.

Китоб бо мусоидати молии Абдухалил Холиқов - соҳибкори тоҷик ба теъдоди 1000 нусха интишор ёфтааст ва муқоваи он бо як мусаввараи хеле ҷолиби  наққоши бузурги тоҷик Камолиддини Бехзод оро ёфтааст.

Баҳманёр аз ҷумлаи шинохтатарин адибони муосир аст, ки бо китобҳояш "Ишқи сайёд" (1984), "Асби обӣ"(соли 1988), "Дуди ҳасрат" (соли 1992), "Сармаддеҳ" (соли 2002), "Шоҳаншоҳ" (соли 2007) миёни дӯстдорони наср маъруфият дорад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854