04:31:48 23-уми Октябри 2026 сол

Фестивал-озмуни намоиши либосҳои миллӣ дар «Пойтахт-90»

Дар Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» Фестивал — озмуни намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ тарроҳони ҷавону корозмуда аз чор ноҳияи шаҳр ширкат варзида, маҳсули дастони худро ба маъраз гузоштанд.

pojtaht-90.jpgФестивал дар доираи татбиқи ҳадафҳои дар Паёми Сардори давлат ба Парлумони кишвар ироагардида сурат гирифт. Ҳадаф аз баргузории чорабинии фарҳангиро масъулин дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар кишвар барои солҳои 2013-2015» арзёбӣ карданд.

Таъкид шуд, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо дар тарғибу ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либос заминаи мусоид мегузорад. Ҳунари тарроҳони ноҳияҳои пойтахтро, ки аз рӯйи 10 номгӯй ҷараён гирифт, ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карданд. Ба таъкиди ҳакамон тарроҳони ҷавон ба ин озмун омодагии хуб дидаанд.

Ғолибони фестивал-озмун бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.

АМИТ “Ховар”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854