04:31:52 23-уми Октябри 2026 сол

20 барномаи нав дар Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина»

Гурӯҳи эҷодии филиали Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дар вилояти Хатлон дар давоми соли 2015 12 барнома ва 520 гузоришу сюжет омода намудаанд,-гуфт Давлатзода Зевар Маҳмудӣ, директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» имрӯз, 13 январ зимни нишасти хабарии ин ниҳод.

tv_safina_5566565.jpgҲамзамон дар нишаст гуфта шуд, ки дар давоми соли 2015 дар телевизиони «Сафина» бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришу барномаҳои зиёде таҳия ва пахш гардиданд ва боз дар оянда низ ин кор идома хоҳад ёфт. Барномаҳои «Муждаи эҷод», «Қаҳва бо шир», «Дар ин замона» ва дигар барномаҳо дар ҳолати таҳия ва омодасозӣ мебошанд.

Дар соли 2015 дар телевизиони «Сафина» 20 лоиҳаи нав, аз қабили «Маҳорат», «Арзанда», «Муждаи эҷод», «Дар талоши ҳаёт», «Он сӯи қиссаҳо», «Дидаи бедор», «Тавлид», «Андешаи рӯз», «Маликаи хушхиром» ва ғайра рӯи навор омаданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854