09:55:06 23-уми Октябри 2026 сол

Туркманистон шабакаи миллии бе интернет таъсис медиҳад

Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов қарор дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳияи Консепсияи ташаккули Шабакаи миллии рақамиро, ки ба интернет пайваст нест, ба имзо расонд, хабар медиҳад агентии иттилоотии давлатии «TDH»-и ин кишвар. 

set turkmenistan 23Мутобиқи он, ҳайати комиссия тасдиқ карда шуд, ки бояд барои ташкили Шабакаи мухтори миллии рақамӣ тадбирҳои системавӣ андешад.

Дар доираи рушди технологияҳои рақамӣ дар Туркманистон таҳияи замимаҳои ватанӣ, сомонаҳо ва платформаҳое, ки барои кор ва фароғат пешбинӣ шудаанд, фаъолона идома дорад. Масалан, ширкати давлатии телекоммуникатсионии «Туркментелеком» дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хусусии шарикӣ экосистемаи миллиро аз хизматрасониҳои муфид ба вуҷуд меорад.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854