09:57:17 23-уми Октябри 2026 сол

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Emomali-Rahmon-va-Re-ep-Tajip-Erdogan.jpgХабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон, ҳамчунин хисороти азими моддӣ бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия боиси андўҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву таслияти самимии ҷониби моро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854