09:18:31 23-уми Октябри 2026 сол

Масоили муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар вохӯрии сарвазирон баррасӣ шуд

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот анҷом дод.

4 russia tajikistan 455489895454Дар ин вохӯрӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Нахуст Коҳир Расулзода барои даъват ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, афзалиятнок будани рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро таъкид кард.

Зикр гардид, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, соли гузашта гардиши савдо қариб 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми савдои мутақобила тақрибан 40 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, тиб, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854