09:19:17 23-уми Октябри 2026 сол

Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввар

Санаи 16 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа дар мизи мудаввар иштирок ва суханронӣ намуд.

2_vaziri_mehnat_659887545Мизи мудаввар аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия ва Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон ташкил гардид.

Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи некӯаҳволӣ, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, табодули таҷрибаи намояндагони вазоратҳои меҳнати кишварҳои ИДМ сурат гирифт.

Бояд қайд кард, ки вобаста ба мавзӯи чорабинӣ намояндагони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

www.mehnat.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854