06:03:08 23-уми Октябри 2026 сол

Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад

Аз Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ то имрӯз 50 тонна сабзавоти барвақтӣ ба Федератсияи Русия содирот гардидааст.

1 nohiyai dusti 5451245Сокинони Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ дар қитъаҳои заминҳояшон бештар сабзавотӣ барвақтӣ парвариш намудаанд. Дар айни замон ҷамъоварии пиёзи баварқтӣ, картошка, гулкарам ва дигар навъи сабзавот идома дорад.

Сокини ин ҷамоат Аловуддин Алимардонов чанд сол аст, ки ба парвариши гулкарам машғул мебошад. Ӯ дар 18 садяк замини наздиҳавлигияш ҳамасола ин намуди сабзавоти барвақтиро кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст меорад.

Имсол низ ӯ 8 ҳазор дона ниҳоли гулкарамро парвариш намудааст. Аз ҳосили рӯёнида як қисмашро ба Федератсияи Русия ва боқимондаашро ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод намуд.

Тавре Аловуддин Алимардонов иброз намуд, пеш аз кишти ин навъи сабзавот ба сифати тухмӣ аҳамият дода, беҳтаринашро интихоб менамояд.

«Дар моҳи декабр тухмиро дар гармхона парвариш карда, моҳи феврал ба замини омодакарда мегузаронем. Нигоҳубини саривақтӣ, додани ғизоҳои минералӣ ва дигар шаклҳои коркарди кишоварзӣ имконият медиҳанд, ки дар вақти муайяншуда ҳосили хубу фаровон ҷамъоварӣ карда шавад», — афзуд Аловуддин Алимардонов.

Дар айни замон сокинони ноҳия нақша доранд, ки заминро барои кишти такрорӣ ва маккаи дон омода карда, захираи хӯроки чорворо низ таҳия намоянд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854