06:03:37 23-уми Октябри 2026 сол

Дар Москва вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор гардид

17 апрел дар шаҳри Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд.

6 russia tjk 89654512458454Тавре ба мо аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни нишаст роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории шашҷонибаро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба раванди татбиқи мувофиқаҳои аз натиҷаи саммити дуюми сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» дар шаҳри Душанбе ҳосилшуда зоҳир гардид.

Сироҷиддин Муҳриддин зарурати гузариш ба иқтисодиёти «сабз»-ро таъкид намуда, барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, ташаккули «кластерҳои сабз» ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим даъват ба амал овард.

Бо назардошти нақши фаъоли Тоҷикистон дар дипломатияи ҷаҳонии обу иқлим Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин пешниҳод кард, ки барои табодули технологияҳо ва таҷрибаҳои пешқадам дар доираи рӯзномаи экологӣ платформаи махсус таъсис гардад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854