12:35:28 15-уми Августи 2026 сол

Дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар Душанбе лабораторияи нав кушода мешавад

Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиал лабораторияи нави «Электроникаи саноатӣ» кушода мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе Сафаралӣ Гадоев иттилоъ дод.

image001-19Таҷҳизоти нав ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки донишҳои назариявиро дар амал татбиқ намуда, бо технологияҳои муосири электроэнергетикӣ ва электронӣ шинос шаванд.

«Дар айни замон сатҳи таъминоти лабораторияҳо аз рӯи фанҳои тахассусӣ зиёда аз 90 фоизро ташкил медиҳад. Филиал минбаъд низ барои таҳкими заминаи таълимӣ, рушди илм ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир барои соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ чораҳои заруриро амалӣ менамояд»,-гуфт Сафаралӣ Гадоев.

Иброз гардид, ки дар филиал 266 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Имсол 75 донишҷӯ рисолаи хатмро муваффақона ҳимоя карда, 8 нафар соҳиби дипломи аъло шуданд. Ҳамчунин як зумра донишҷӯён дар доираи иҷрои корҳои тахассусии хатм макетҳои амалкунандаи неругоҳи бодӣ, неругоҳи офтобӣ, қуттии тақсимоти барқ ва дигар дастгоҳҳои таълимию намоиширо таҳия ва омода намуданд. Ин лоиҳаҳо ба рушди малакаҳои амалии донишҷӯён, таҳкими донишҳои назариявӣ ва татбиқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳандисӣ мусоидат намуданд.

Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» бо корхонаҳои асосии соҳаи энергетика: ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ҳамкорӣ дошта, тарибаомӯзиҳо дар заминаи ҳамин корхонаҳо гузаронида шудаанд».

Раъно НУСРАТУЛЛО, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ