Душанбе — меҳвари ҳамоҳангии амниятии кишварҳои ИДМ
Фардо, 1 октябр, пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе мизбони ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мегардад.
Таҳлилгарони соҳаи амният бар ин боваранд, ки ин ҳамоиши сатҳи баланд дар шароити кунунии таҳдидҳои глобалӣ барои таҳкими суботи минтақавӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Дар назар аст, ки зимни нишаст дурнамои ҳамкориҳои афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои иттиҳод ва раванди амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мавриди баррасии амиқ қарор гиранд. Ҳамчунин, вазирон масъалаҳои мубрами ҳамкории сохторҳои политсияро дар самти муқовимат бо чолишҳои муосир муҳокима хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 ҷаласаи ин ниҳоди амниятӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сурат гирифта буд, ки дар он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода иштирок ва ҷиҳати тақвияти робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд ва калидӣ матраҳ намуда буд. Коршиносон баргузории нишасти навбатиро дар Душанбе нишонаи эътимоди баланди кишварҳои аъзо ба сиёсати амниятии Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.
“Рӯзгор”
















