19:27:59 24-уми Октябри 2026 сол

НАРХИ ЯК КӮДАКИ НАВЗОД - 500 ДОЛЛАР

Дар вилояти Суғд як мавриди фурӯши ғайриқонунии кӯдакро ошкор кардаанд. Мақомоти милисаи ин вилоят ба “Азия Плюс” гуфтаанд, як сокини ҷамоати Саъдии Шерозии ноҳияи Зафаробод, ки муваққатан дар шаҳри Чкаловск ба сар мебурд, ҳанӯз рӯзи 16 октябри соли гузашта дар зоишгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров писар таваллуд карда, баъди як ҳафтаи аз бемористон рухсат шуданаш кӯдаки худро дар ивази 500 доллар ба як зани 40-сола аз ноҳияи Айнӣ фурӯхтааст.

Ба гуфтаи мақомот, ин зан дар ивази пул забонхати катбӣ ҳам додааст, ки аз баҳри фарзанди худ мегузарад. Дар қиболи ӯ тибқи банди 167-уми Кодекси ҷиноӣ (фурӯши атфол) парванда боз кардаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854