20:30:21 24-уми Октябри 2026 сол

ИНТИҚОДИ ШАҲРДОРӢ АЗ МАСЪУЛИН

Ҳолати  воқеии намои берунаи бинову иншооти дар шафати  кӯчаҳои протоколии шаҳр ҷойгирбуда, вазъи экологию санитарӣ ва ободонии пойтахт, хулас омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 4 июл  таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, барасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа санҷиши анҷомдодаи гурӯҳҳои махсуси кории  таҳти  роҳбарии вакилони шаҳрӣ таъсисёфта, аз ҷумла наворҳои аз вазъи кӯчаҳои  мавриди таваҷҷӯҳи шаҳр таҳиягашта бо иштироки роҳбарони соҳибтавозуни иншоотҳо, ки корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни Истиқлолият дар онҳо бо дермонӣ  сурат гирифтааст, таҳлил карда шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо интиқод аз фаъолияти анҷомдодаи раисони ноҳияҳо ва роҳбарони субъектҳои соҳибтавозун дар ин самт  бо ироаи дастурҳои қатъӣ барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо ду ҳафта  мӯҳлат дод. Дар робита  ба ин Раиси шаҳр гурӯҳҳои кориро муваззаф намуд, ки бо анҷоми санҷишҳои ҳамарӯза унвонии Раиси шаҳр ахборот пешниҳод созанд.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854