21:18:40 24-уми Октябри 2026 сол

ҶУЗЪИЁТИ НАВ ДАР БОРАИ IRS

Як ниҳоди таъмини хадамоти нақлиётӣ мегӯяд, бино ба ихтиёри IRS гузаштани ҳудуди дарвозаи шимолии Душанбе, наметавонад дар ин макон тавқифгоҳ бунёд кунад. Яке аз масъулини «Душанбенақлиётхадамотрасон», ки дар ҷаласаи шаҳрдорӣ чанде қабл сӯҳбат кардааст, мегӯяд, соли 2010 як қарори махфӣ баромад ва шартномаи байналхалқӣ байни ширкати хориҷии IRS ва ҳукумати Тоҷикистон имзо шуд.

Ин манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад афзуд, баъдан ин шартномаро палатаи поёнии парлумони ба расмият даровард, яъне ратификатсия кард. Ба қавли ин манбаъ, аз ҳамон замон то ба имрӯз 25-метрии ду тарафи ин роҳ ба мӯҳлати 50 сол ба ихтиёри ин ширкати хориҷӣ вогузор шудааст ва «Душанбенақлиётхадамотрасон» дар ин ҳудуд наметавонад бидуни иҷозати ин ширкат тавқифгоҳ ё терминали мусофиркашонӣ ва ё ягон иншооти дигар бунёд кунад.

Ин манбаъ мегӯяд, ҳар тарҳ бояд бо ширкат мувофиқа ва бо хосту пешниҳоди IRS сохта шавад. Роҳи Душанбе-Хуҷанд бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли гузашта пулакӣ шуд ва ин масъулиятро IRS, ширкати сабтиномшуда дар Вирҷинияи Бритониё дорад. Мақомот то ба ҳол муассисони ин ширкатро ошкор накардаанд. Тахмин меравад, ки муассисон шаҳрвандони Тоҷикистон ва афроди наздик ба мақомоти баландпоя мебошанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854