18:01:39 24-уми Октябри 2026 сол

ЯК МАҚОМИ ИТТИЛООТИ ЛИБИЯ: ҚАЗЗОФӢ БА ИН ЗУДИҲО САРНАГУН НАМЕШАВАД

Яке аз афсарони баландпояи созмони иттилоот ва амнияти Либия гуфт, ки ҳукумати Муаммар Қаззофӣ ба ин зудиҳо суқут намекунад.

Ба гузориши «Форс» ба нақл аз хабаргузории «Reuters», як афсари баландпояи созмони иттилоот ва амнияти Либия иддао кардааст, ки  Муаммар Қаззофӣ ҳамчунон дар қудрат аст.

Яке аз фармондеҳони дигаре бо баёни ин ки 70 дарсади либиягиҳо сокини Трипол аз Қаззофӣ ҳимоят мекунанд, гуфт: «Вай ҳамчунон бисёр қудратманд ва дур аз хатари сарнагуниҳо ба ин зудиҳост».

Ин фармондеҳ, ки ба асорати мухолифони Либия афтода ва ба вай иҷоза дода шуда буд, бо «Reuters» гуфтугӯ кунад, афзуд: «Бештари манотиқи Трипол дар амният ва суботи ба сар мебарад ва аз инҷо ки Қаззофӣ аз ҳимояти мардуми Либия бархӯрдор аст, бинобар ин дар амният аст.

Бо вуҷуде, ки ҳудуди панҷ моҳ аз ҳамалоти Нато алайҳи режими Қаззофӣ мегузарад, бо ин ҳол Қаззофӣ ҳамчунон ба маснади қудрат дар Либия такя задааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854