21:59:52 22-уми Октябри 2026 сол

ВАЗИРИ ДИФОИ АМРИКО ВОРИДИ КОБУЛ ШУДААСТ

Вазири дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Леон Панетта вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шудааст. Ба гуфтаи расонҳои хабарии байналмилалӣ, Леон Панетта зимни ин сафар бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва мақомоти дигари афғон мулоқот хоҳад кард ва бар тааҳҳудоти кишвараш бо Афғонистон таъкид хоҳад намуд.

Вазири дифои Амрико дар ҷараёни сафари худ ба Афғонистон ба хабарнигорон гуфт, раванди омӯзиши нерӯҳои афғон ба хубӣ пеш меравад ва ба пешрафтҳои назаррасе дар ин замина даст ёфтаанд. Леон Панетта ҳамчунин гуфтааст, пешрафтҳои ҷангӣ, ки ба он даст ёфта шудааст, боис шуд, ки масъулиятҳои амниятии теъдоде аз манотиқро ба нерӯҳои афғон бисупоранд. Ба гуфтаи ҷаноби Панетта, ҳамин пешрафтҳо дар ҷанг, роҳи нерӯҳои хориҷиро барои хуруҷ аз Афғонистон фароҳам кардааст.

ИМА эълон кардааст, ки дар соли ҷорӣ 10 ҳазор нерӯи низомӣ Афғонистонро тарк мекунанд ва моҳи сентябри соли оянда 33 ҳазор сарбози хориҷӣ ин кишварро тарк хоҳанд кард. Дидори вазири дифои Афғонистон як ҳафта баъд аз он сурат мегирад, ки дар асари таркиши рӯзи Ошӯро дар Кобул, ҳудуди 60 нафар кушта шуданд, ки масъулияти ин ҳамларо як, созмони мазҳабии покистонӣ бо номи "Лашкари Ҷангавӣ"  ба ӯҳда гирифт.

Ҳукумати Афғонистон аз Покистон хостааст, ҷинояткоронро дастгир кунад, вале Исломобод хоҳони шавоҳиде дар ин замина шудааст. Ин мавзӯъ равобити Афғонистон ва Покистонро пуртаништар сохтааст. Вазорати дифои Амрико моҳи гузашта дар гузориши шашмоҳаи худ гуфт, вазъи амниятии Афғонистон беҳбуд ёфтааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854