06:36:14 27-уми Октябри 2026 сол
Интихоботи президентии Тоҷикистон 6-уми ноябр баргузор мешавад 30.08.2013 10:44 1477
Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор кард, ки интихоботи президентии кишвар дар рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми ноябр баргузор шавад. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 6 ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Ин тасмим имрӯз, ҷумъаи 30-юми август зимни баргузории ҷаласаи муштараки Маҷлисҳои Миллӣ ва Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод ва қабул карда шуд.
Панҷ рӯзи ҳабси шаш ҷонибдори Зайд Саидов 29.08.2013 17:38 1351
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 4 писар ва як домоди Зайд Саидовро бо 5 шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ маҳкум кард ва Мавҷуда Соҳибназарова узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав"-ро ба 7 баробари ҳадди ақали маош ҷарима баст.
Ирсоли парвандаи Зайд Саидов ба Додгоҳи Олӣ 29.08.2013 12:00 1089
Додситонии кули Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Зайд Саидовро барои баррасӣ ба Додгоҳи Олӣ фиристод. Насим Холмуродов, як масъули дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 29 август зимни таъиди ин хабар ба мо гуфт, ки парвандаи Зайд Саидов аз сӯи додситонии кулл дар нимаи дуввуми ...
Патрисия Флор: "Интихобот бояд озод бошад ва об мояи ҳамкориҳо" 24.08.2013 13:16 1177
Намояндаи Махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ба пурсишҳои мо дар бораи интихобот ва Конфаронси об дар Душанбе посух дод.​Намояндаи Махсуси Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Патрисия Флор баъд аз анҷоми сафараш ба Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард ...
Тақозои озмоиши ДНК дар қазияи Зайд Саидов 16.08.2013 09:51 1383
Вакилони дифои соҳибкори боздоштшуда аз тафтишот тақозо кардаанд, ки барои исботи эҳтимоли падар будани ӯ ба фарзанди як зани даъвогар, озмоиши ДНК дар берун аз Тоҷикистон анҷом шавад.Исҳок Табаров, вакили дифои соҳибкори боздоштшуда Зайд Саидов мегӯяд, дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи марбут ба таҷовуз ...
Интихобот-2013: Исми номзади ягона дар ин серия ҳам эълон нашуд 11.08.2013 12:55 1431
Намояндагони аҳзоби мухолифи Тоҷикистон мегӯянд, номзади ягонаи онҳо дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ танҳо чор сол фаъолият хоҳад кард. Ин нукта дар санади ҳусни тафоҳум таҳти унвони Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон таъкид шудааст.
Моҷароҳо дар атрофи аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ 10.08.2013 15:01 1196
Дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон яке аз паси дигар аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши изҳороту баёнияҳои телевизионӣ ин созмонро тарк мекунанд. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба яке аз баёнияҳои тарки ин ҳизб посух дод ва онро як амали созмонёфтаи мақомот дар ростои интихоботи раёсатҷумҳурӣ номид.
Посухи вакилони Зайд Саидов ба Ожонси зиддифасод 06.08.2013 09:44 1203
Вакилони мудофеъи Зайд Саидов бо пахши як изҳороти расмӣ раддияи дар расонаҳо нашршудаи Ожонси зиддифасодро беасос хондаанд. Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров аз ҷумла ин иддаои Ожонсиро, ки гӯё ин ду вакил аз ҳарфҳои роҷеъ ба парвандаи Саидов ба матбуот задаи худ изҳори пушаймонӣ кардаву ваъда ...
Амнияти Осиёи Марказӣ дар «Бозии бузурги нав» - II 04.08.2013 10:13 1429
Юрий Крупнов, яке аз мубаллиғони "Корпоратсияи рушди Осиёи Марказӣ", дар сафари ахираш ба Душанбе орзӯи эҳёи "кишвари бузург"-еро, мисли Иттиҳоди Шӯравӣ намуда ва барномаи сохтани "кишвари бузург"-и хеле содаро пешниҳод намудааст: 1) сохтани Иттиҳоди АвруОсиё, кишвари бузурги нав бо ҳифзи истиқлолияти давлатҳои этникии пасошуравӣ; ...
Адвокатҳо бояд аз як гиребон сар бароранд ё... 04.08.2013 10:10 1220
Раванди рӯйдодҳои ҷомеа, сару садоҳо дар мавриди номувофиқативу мухолифати иловаву тағйиротҳо ба ин ё он қонун ва қабули қонунҳои наву судури дастуроти ҷадид садои вакилони мудофиаро дар фазои судии мамлакат ношунаво кардааст. Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар адвокатҳои кишвар сари бунёди иттиҳоде меандешанд, ки як фаъолияти ҳамоҳангро ...
"Сафари Эмомалӣ Раҳмон бештар хостаҳои Русияро бароварда кард" 02.08.2013 14:08 1289
Натиҷаҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва дидору гуфтугӯҳои вай бо Владимир Путин, дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон назарҳои мухталиферо ба бор овардааст.Сӯҳроб Шарифов, вакили порлумон ва собиқ раиси Маркази мутолеоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки "ин сафар ...
“Раиси ҷумҳур ба мо гуфтанд, тамоми масъалаҳо ҳал шуд” 02.08.2013 10:27 1140
Бисёр хуб буд. Ҳамаи он мувофиқатномаҳое, ки дар соли 2012 дар ҷараёни боздиди президент Путин аз Тоҷикистон 5 октябр ба даст омада буд, роҳҳои ҳали худро пайдо карданд. Дар нишасти матбуотӣ ҳар ду раиси ҷумҳур ёдовар шуданд, ки танҳо баъзе механизми иҷрои ин мувофиқатномаҳо бояд такмил шавад.
Раддияи Оҷонсии зидди фасод ба изҳороти вакилони Зайд Саидов 02.08.2013 10:25 1415
Изҳороти расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати нишасти матбуотии ҳимоячиёни боздоштшуда Зайд Саидов. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси масъулияти касбӣ изҳор менамояд ...
Тоҷикистон созишномаи пойгоҳи 201-ро тасвиб хоҳад кард 02.08.2013 10:20 1138
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои руси худ Владимир Путин гуфт, кишвараш созишномаи пойгоҳи ҳарбиро ба тасвиб хоҳад расонд.Мулоқоти раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои Ново-Огарево бо нашри изҳоротҳо поён ёфт.
Умедвориҳои Маскаву Душанбе аз дидори Раҳмон бо Путин 31.07.2013 17:31 1623
Мақомоти ҳам Тоҷикистону ҳам Русия умедворанд, ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ба бисёре аз суолҳои ҷамъшуда дар равобити ду кишвар посух хоҳад дод.Юрий Попов гуфт, дидори якбаяки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Маскав сафҳаи наве родар муносиботи миёни Тоҷикистону Русия боз мекунад.