Султони дуздҳо – I
(ё қиссаи талхи аввалин «вор в законе»-и Осиёи Марказӣ)
Мирсаид Миршакар, Шоири халқии Тоҷикистон
Баъди хомӯшии дарозу ҳузнангезе султони дуздҳо («вор в законе») як бори дигар атрофро аз назар гузаронида, ба сухан даромад: –Бачагии хушбахтонаи мо дароз накашид. Ҳамааш шуда панҷуним солу боз чанд рӯзу чанд дақиқаи дигаре. Ба қавли як дарвеши самарқандӣ ҳеҷ чиз ба як ҳолу ба як минвол боқӣ намемонад, на бадбахтӣҷовидонисту на хушбахтӣ ҳамешагист.
… Тобистони соли 1928 душманони синфӣ модарамро ваҳшиёна куштанд. Мо фарзандонаш ятим мондем. Моро ба Душанбе, ба мактаби «Ҷавондеҳқон» фиристоданд. Ин мактаб дар деҳаи Сариосиёи Душанбе дар ҳуҷраи одие ҷойгир буд. Комиссия маро хурдсол гуфта, ба мактаб қабул накард. Ман аз ҷиҳати ҷисмонӣ заиф будам. Ҳеҷ кас ба чордаҳсола буданам бовар надошт, ба ман аз нуҳ сол зиёд намедоданд. Гиряву фиғон бардоштам. Маро ба духтур бурданд. Духтур: «Эй ҷӯра, барои чордаҳсола шуданат боз панҷ–шаш соли дигар лозим аст» гуфта, ҷавобам дод. Ҳамин тавр, маро ба интернати Шаҳринав фиристоданд. Ростӣ, ки интернат барои бачагони бепадару модар ҷаннати ҳақиқӣ буд.
Як вақтҳо дар Кӯктош маро ҳама мешинохтанд ва дӯст медоштанд. Ҳар боре ки ба кӯча мебаромадам, одамон «писари Зайнаббибӣ» гуфта, маро даст ба даст мегирифтанду навозиш мекарданд. Ҳатто он Эшонқуле, ки баъдтар модарамро ваҳшиёна кушта буд, чандин бор аз дастам гирифта, дукон ба дукон мегашт, ба ман себ мехариду зардолу, тоқиву миёнбанд ва дар яке аз рӯзҳои бозор мӯзаҳои сурхи баландпошнае. Ба ман чунин менамуд, ки ҳозир ҳам тамоми одамони ноҳияи Кӯктош (баъдтар Лақай-Тоҷик ва Ленин, алҳол ноҳияи Рӯдакӣ– шарҳи таҳиягар Қ. С.) маро ҳамин тавр мешиносанд, дӯст медоранд ва дар орзуи дидани мананд.
Бо ҳамин фикру хаёлҳои пуч дар яке аз рӯзҳои соли 1929 бе иҷозат аз Шаҳринав ба Кӯктош омадам, аммо зуд аз карда пушаймон шудам. Кӯктоши азизам, ки дар оғӯши он модарам хобидааст, маро нашинохт. Одамонаш ҳатто ба саломам беэътиёна ҷавоб мегардонданд. Танҳо як кас аз дур маро дида, «Икромҷон» гуфту тозон ба наздам омад. Ин кас аз хешовандони дури Эшонқул буд, ман ҳатто номашро намедонистам. Ӯ салом гуфту ба сӯям даст дароз кард.
Ман ё аз тарс ё нафрат даст надодам. Ба вай нафорид, ки «агар,–гуфт,–ҳамсинни ман мебудӣ, кордро аз ғилоф мекашидам. Афсӯс, ки аз даҳонат бӯйи шир меояд!». Ман чизе нагуфта рафтанӣ шудам. Вай бад-бад ба сӯям нигаристу бо таҳдид гуфт: « Дар ёд дор, ки ин дақиқаро хеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард». Боз чизе гуфтан мехост, вале як мардаки осетин, ки аробакаш буд, омада гуфт: «Тош, ароба тайёр аст, рафтем!».
Онҳо рафтанд. Ман каме аз қафояшон нишгоҳ карда, ба бозорча рафтам. Гушна будам, бӯйи шӯрбову манту маро гушнатар кард, лекин кисаи ман холӣ буд. Одамон пул дода таом мехариданду мехӯрданд, ман аз онҳо чашм наканда, ҳар замон оби даҳонамро фурӯ мебурдам. Ба ногоҳ як кас ба наздам омаду бо ҳайрат пурсид: «Икромҷон, ин туӣ?». Дар ҷавоб «манам» гуфта, ба рӯяш нигаристам. Ӯро шинохтам, чанд сол пеш аскарони сурх, ки модарам бо онҳо буд, дастаи босмачиёнро бо сардории як қӯрбошӣ дастгир карда буданд. Ҳамин кас ҳам дар байни босмачиён буд. Модарам ба командир фаҳмонд, ки ин одам камбағал ва бегуноҳ аст, қурбошӣӯро бо зӯрӣ босмачӣ кардааст. Баъд вай ба аскарони сурх ҳамроҳ шуда, ба муқобили босмачиён меҷангид…
Вай сабаби ба Кӯктош омаданамро пурсид. Ман фаҳмондам, ки қишлоқамонро ёд карда омадам. Он кас ранҷиду «хуб накардӣ» гуфт. Баъд аз панду насиҳатҳои падарона маро ба ошхона бурд…
Ба ноҳияи Шаҳринав баргаштам. Бародарамро бинам, гуфта рост ба Душанбе рафтам. Дар он ҷо бародарамро наёфтам. Гуфтанд, ки барои таҳсил ба Тошканд рафт. Ба интернат рафтам. Вақте ки кӣ буданамро гуфтам, маро бечунучаро қабул карданд.
Рӯзи дигар ба интернат ҳамон Тоши кӯктошӣ омад. Маро дида бо чеҳраи хандон: «Нағз кардӣ, ки ба Душанбе омадӣ» гуфту салом дод. Ин дафъа даст ба сӯям дароз накард. Ман дағалона пурсидам: «Ту аз ман чӣ мехоҳӣ?». Тош бо табассум гуфт: «Аз дастат чӣ меояд, на ту ба ман ёрӣ дода метавонию ва на ман муҳтоҷи ёрият ҳастам. Аммо агар дилгир шавӣ ё ҳамшаҳриҳоятро ёд кунӣ ё касе туро ранҷонад, ба назди ман биё. Ман дар бозорчаи назди заводи хиштпазӣ меваю сабзавотфурӯшӣ мекунам…».
Инро гуфта Тош бо нигоҳҳои гарме аз наздам рафт. Ман ба қафояш менигаристам ва ҳар хел нигоҳҳои баду неке аз дил мегузарондам. Дар ҳақиқат, барои чӣ ин Эшонқули қотил ба ман меҳрубон шудааст? Аз куҷо вай донист, ки ман ба Шаҳринав нарафта, ба ин ҷо, ба Душабе омадаам? Ва билохира, вай аз ман чӣ мехоҳад? Аммо… шояд он касе, ки маро ба ошхона бурда сер карда буд, ӯро ба наздам фиристода бошад… Ин суолҳо рӯзу шабҳои дароз маро азоб медоданд.
Дар интернати Душанбе бароям риоя кардани тартибу интизом шарт набуд. Ҳар гуноҳе мекардам, мебахшиданд. Рӯзона дар кӯчаҳо мегаштам ва бевақтии шаб бармегаштам, вале касе чизе намегуфт. Агар бачагони дигар як каме дер мекарданд, беҷазо намемонданд, вале маро бо навозиш пешвоз мегирифтанд ва бо забони ширин мепурсиданд, ки «Монда нашудӣ? Шикамат сер? Хобакат наомадааст? Мани азхудрафта бо нозу нуз ҷавоб мегардондам, баъзан ҳатто «коратон чӣ?» гуфта, дӯғ мезадам.
Тош дигар ба наздам наомад. Хавотир шудам. Мабодо ягон бадбахтие рӯй дода бошад, гуфта ба бозорча рафтам. Бинам бозори Тош дар авҷ аст. Ба наздаш рафтам. Вай маро хурсандона пешвоз гирифт. Дастони якдигарро фишурдем. Маро дар паҳлуяш ҷо дод. Чизе нагуфта нишастам. Баъд аз ҳолпурсӣ дар наздам меваи бисёре гузошту ба хӯрдан таклиф кард. Ман хоҳиш кардам, ки илоҷаш бошад, меваро аввал шуста, баъд хӯрем. Ин қоидаро дар интернат ёд дода буданд. Тош чойники холиро гирифта, ба тарафи бачаҳое, ки дар сояи девор нишаста, бодиринг мехӯрданд, ишора кард. Яке аз онҳо аз ҷой ҷаста омад. Тош ба ӯ чойникро доду гуфт: «Сашаҷон, аз машкоб об гирифта биёр! Пулашро сонӣ медиҳам». Саша тозон рафт. Тош фаҳмонд, ки инҳо дӯстони наздики ӯ ҳастанд. Дар ҳар кор дастёри вай мебошанд. Баъдтар маро ба назди дӯстонаш бурда шинос кард.
Баъд аз ин рӯз ба назди ҳамшаҳрияму дӯстонаш мерафтам. Онҳо маро меҳрубонона пешвоз мегирифтанд, зиёфат медоданд ва оҳиста - оҳиста қартабозиро ҳам ёд доданд.
… Рӯзе аз рӯзҳо пули калоне бой додам ва чун ҳар дафъа аз Тош хоҳиш кардам, ки боз камтар пул қарз диҳад. Ман худам аз аввал пул надоштам. Барои ҳамин ҳам пулакӣ бозӣ карданро намехостам. Лекин Тош мегуфт, ки парво накун, агар лозим шавад, қарз медиҳем ва ҳар бор то панҷоҳ сӯм ба ман қарз медод. Лекин ин дафъа вай маккорона гуфт: «То кай қарз диҳам?». Ту худат бояд ғаматро хӯрӣ». Ман пурсидам, ки «Чӣ тавр?». Тош ҷӯраҳояшро нишон дода, «аз инҳо ёд гир!», – гуфт.
Оҳиста-оҳиста фаҳмидам, ки касбу кори ҷӯраҳои Тош майдадуздӣ ва худи ӯ ҳомии онҳо будааст. Маро ба «шикор», яъне дуздӣ фиристоданд. «Шикорам» барор гирифт. Қарзҳоямро додам, мувофиқи дастури дуздҳо зиёфат ташкил карда, аз аввали шаб то субҳ қартабозӣ кардем. Қарта дар даст маро хоб бурдааст. Танҳо баъди пешин ба интернат баргаштам. Гумон кардам, ки маро барои беинтизомӣ аз интернат зада пеш мекунанд, лекин ҳама баръакс баромад. Пайдо шудани ман барои мураббияҳо як ҳодисаи ногаҳонӣ ва хурсандибахше буд. Ба ҷойи сарзаниш маро гашта баргашта бӯсиданд, пӯшокҳои болои маро кашида, аз чангу ғубор тоза карданд ва ба шуъбаи милитсия хабар доданд, ки ташвиш накашанд, писари Зайнаббибӣ ёфт шуд.
Маро ба назди мудир бурданд. Мудир ба истиқболам аз ҷо хест, падарона маро бӯсид, аҳволпурсӣ кард ва зимни суҳбат боэҳтиёт пурсид:
– Модари қаҳрамонатро ёд накардаӣ?
Ҳанӯз ҷавоб надода будам, яке аз мураббияҳо хоҳиш кард, ки дар бораи модарам ба онҳо ҳикоя кунам. Лекин мураббияҳои дигар гапи вайро бурида:
– Чӣ лозим? – гуфтанд, – шояд вай монда шуда бошад?
– Беҳтараш ширинаки мо рафта каме дам гирад!
– Шояд гушна бошад?!
– Балки ҳавои тоза гирифтан мехоҳад?!
Ман модарамро ба ёд оварда ба сухан даромадам:
–Чӣ рӯзҳои кӯтоҳу ширине буданд, Ҳар бор модарам маро бардошта мебӯсид ва навозиш мекард. Гоҳе шикоятомез мегуфт, ки «Одамон барои вафоти падарат туро гунаҳгор карда истодаанд, ки гӯё қадамат номуборак бошад». Бигузор гуфтан гиранд. Ту, ҷонакам, бегуноҳ ҳастӣ, барои ҳамаи бадбахтиҳоям худи ман гунаҳгорам. Ман як одами тирабахте ҳастам, Худо рӯзи равшанро насибам накарда будааст. Дар ҳаштсолагиям маро ба марди ҳафтодсола ба занӣ доданд. Баъди дувоздаҳ соли азобу машаққат аз ӯ халос шудам, лекин ин халосии ман дароз накашид.
Маро аз нав ба шавҳар доданд. Сездаҳ сол ташнаву гушна, сарлучу побараҳна зиндагӣ кардем, соҳиби се фарзанд ҳам шудем, ки аз ҳама хурдтарак ту ҳастӣ, Икромҷонаки ширинам. Баъди вафоти падарат маро ба амакат никоҳ карданд. Ризояти маро касе напурсид. Ман ҳам муқобилият накардам. Охир, ман зан ҳастам. Зан ҳуқуқ надорад, ӯро чун мол мехаранду мефурӯшанд, азоб медиҳанду мекушанд, ба кӯча бароварда мепартоянд. Тақдири зан аз азал ҳамин аст…»
Боре ашконаш бар рӯям чакиданд. Раҳмам омада пурсидам, ки барои чӣ гиря мекунӣ? Модарам бо овози хаста гуфт: «Барои шумо гиря мекунам».
(давом дорад)
Таҳияи Қиёмиддин Сатторӣ
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №23, 05 ноябри соли 2013