13:34:52 25-уми Июни 2025 сол

Маросими супоридани эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Малдив

23 июни соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Малдив (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода эътимодномаи хешро ба Президенти Малдив Моҳамед Муиззу супорид.

1 marosim etimodnoma 654512445Зимни маросими супоридани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Малдив расонид. Президенти Малдив ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар соҳаҳои туризм, маорифу илм, тиҷорату сармоягузорӣ ва дигар ибрози назар намуд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдив шашуми октябри 1993 барқарор шудааст.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ