04:36:53 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

Кори дасти кампир (ҳикоя)

Георгий Гора (Пищугин) аз соли 1974 то соли 1996 маскуни кишвари мо буд. Тӯли ин солҳо дар муассисаи нашриявии "Ирфон" аввал ба ҳайси мусаҳҳеҳу баъдан муҳаррир ва инчунин дар Омӯзишгоҳи полиграфии шаҳри Душанбе ба сифати омӯзгор фаъолият дошт. Айни ҳол муқими шаҳри Магнитогорски кишвари Руссия аст. Маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ тасодуфан ба дастам расид. Мавзӯи бештари осори ӯ бастагӣ ба кишвари мо дорад, ки далели муҳаббати ӯ ба ин диёру мардумаш аст. Ҳоло як ҳикояи мавсуф дар тарҷумаи тоҷикӣ пешкаши шумо хонандагони гиромии рӯзнома мегардад.

georgy-gora-454545Ҳамааш аз як пула гап сар шуд. Он вақт ман ба фурӯши атриёт машғул будам. Майдасавдогарӣ мекардам. Лабсурхкунаку рангу марҳаму ғайраро аз бозори яклухтфурӯшӣ харидаву борхалтаамро пур карда, дар кӯчаҳои шаҳр мегаштам. Асосан он нуқтаҳоеро интихоб мекардам, ки занҳои ҷавон дар он ҷойҳо кор мекарданд: мағозаҳо, сартарошхонаҳо, идораҳо… Вориди ин амокин шуда, онҳоро ба харидани бори овардаам таклиф мекардам. Ғайриинтизори ман гӯлу гарангҳое пайдо мешуданд, ки аз ин латулуш мехариданд. Ингунаҳо ҳар рӯз пайдо мешуданд.

Даромадам хеле кам буд. Дар се-чор соати корӣ тақрибан дусад сӯм. Дигар муяссарам намешуд. Бо борхалтаи вазнин дурудароз гаштан ҳам ғайриимкон аст. Монанди саг хаставу афгор мешудам. Миёнам ба дард медаромад. Чун рӯйи кат дароз мекашидам, баъд аз гузашти соате панҷаи дард маро раҳо мекард. Маблағи бадастовардаам ба зӯр ба хӯрдухӯрок мерасид.

Он замон дар хобгоҳ, дар як ҳуҷра худам танҳо мезистам ва ҳамин ягона бурдам буд. Дар гирду атрофам бошад, олами тамоман дигарро медидам: одамон барои худ хонаи сеошёнадор месохтанд, мошинҳои хориҷӣ кӯчаҳоро пур мекарданд ва занҳо бо ҷавоҳирот худро зиннат медоданд. Ин ҳама дар ботинам гурги ҳасадро бедор мекард, ки дардолуд нӯла мекашид. Рӯҳафтода мешудам. Наход қашшоқию нодорӣ то дами пирӣ маро насиб карда бошад?

Боре субҳгоҳон ба мағоза рафтам, то барои субҳона чизе бихарам. Мағоза тамоман наздик аст, пойи пиёда панҷ дақиқа роҳ. Ман ягон-ягон ба онҷо мерафтам, барои харидани нон, ҳасиб... Чун наздик шудам, зани солрафтаеро дидам, ки дастҳояшро дароз карда, талбандагӣ мекард. Қаблан ӯро боре ҳам надида будам. Ба назарам ғайриоддӣ менамуд. Хеле олуфта буд ва рӯсарии сафед дошт. Маъмулан чунинҳо садақаталабӣ намекунанд. Онҳо, кам ҳам бошад, нафақапулӣ мегиранд. Фарзандонашон ёрияшон мерасонанд. Аммо ӯ интизори расидани садақа меистод.

Чеҳрааш ба назарам бисёр кӯдаконаву бечора метофт. Ҷойи ранҷонидани чунинҳо нест. Модари ман, Худо раҳматаш кунад, ҳамингуна буд. Аз дилсӯзӣ наздик буд ба гиря дароям. Аз кисаам даҳсӯмаро бароварда, ба кафи дасташ гузоштам. Худам якпаҳлу вориди мағоза шуда, бо шитобзадагӣ аз толори он чизҳои бароям зарурро харидаму зуд ба хона баргаштам.

Баъди наҳорӣ борхалтаамро гирифта, ба шаҳр баромадам. Он ҷо дар яке аз идораҳо ваъдаи маошгирӣ дода буданд ва ман инро қаблан медонистам. Омада расидам, ваъда аллакай ба вуқӯъ пайваста буд. Занҳо бо ризоятмандӣ қадам мезаданд, чун алошақшақа чир-чир мекарданд, намедонистанд, ки пулҳои худро ба чӣ сарф кунанд. Ман пеши чашми онҳо аз борхалтаам атриёти мухталифро бароварда, ба намоиш гузоштам. Онҳо ба ба ҳуҷум гузаштанд, мисли гунҷишкон барои нонрезаҳо. Ҳамаро аз як сар мегирифтанд, ман танҳо бақияи онҳоро метавонистам диҳаму халос. Нисфи борхалтаро холӣ карданд. Чун дар хона шумурдам ҳазор сӯми расо даромад шуда буд. Ҳамагӣ дар ним соат! Ҳеч гоҳ чунин нашуда буд.

Рӯҳбаланд шудам, табъам шод гардид, барои зиндагии сер умед рӯнамоӣ кард.

Рӯзи дигар барвақттар хестам, ҳатто субҳона нанамудам, борхалтаамро гирифтаму давидам. Чашмонам месӯхтанд, дилам мезад, бо оҳанги дигар. Фикр мекардам, ки боз ҳазор сӯм ба даст хоҳам овард. Хестӣ, ки хобӣ! Ба зӯр сад сӯм ёфтам. Ба ҳар куҷо сар мехалондам, посухи рад мешунидам. "Ба мо лозим нест, мо дорем", мегуфтанд. Билохира, хаставу зор ба хона баргаштам. Дар вақти дамгирӣ андеша мекардам, ки чаро чунин шуд? Барои чӣ дирӯз ҳазор, имрӯз ҳеч, ба зӯр сад сӯм? Охир ҳамааш молу нарх ҳамонгуна буд ва духтарон низ аз ҳамон хамири пешина буданд, аммо ман бо ин вуҷуд комёб нашудам. Дар бораи зани сохӯрдаи назди мағоза тамоман фаромӯш кардам.

Ҳамин хел тӯли як ҳафта дар шаҳр гаштам. Дар ҳар рӯзи ҳафта беш аз сад сӯм ба даст намеовардам. Аз рӯҳафтодагӣ хостам тарки ин шуғл кунам, охир баъд аз ҳазор сӯм ёфтани маблағи ночиз сахт аламовар аст!

Боз рӯзе ҳоҷат баромаду ба мағоза рафтам. Бубинам ҳамон зан бо рӯсарии сафед он ҷост. Моили ӯ набудам, аммо ғайриихтиёр даст ба киса бурда, хостам даҳ сӯмаш диҳам, вале даҳсӯма наёфтам. Як садсӯмаю якто панҷоҳсӯма доштам. Нахостам панҷоҳсӯмаро ба ӯ диҳам, охир нисфи даромади якрӯзаам буд. Вале додам. Ин зан ба ман таъсири аҷибе дошт.

Ҳамон рӯз панҷ ҳазор сӯм кор кардам. Ду маротиба ба бозори яклухтфурӯшӣ давида, борхалтаамро пур кардам. Акнун як борхалта кифоя намекард. Ба хулосаи ниҳоӣ омадам, ки он кампирак ба даромади ман алоқаи бевосита дорад.

Субҳи рӯзи дигар ба сӯйи мағоза давидам, аммо ӯ набуд. Аз хирагии табъ қариб, ки ба замин нишинам. Ба мағоза ворид шуда, аз фурӯшандаҳо вайро суроғ кардам, аммо онҳо ба маънои намедонем, кифт дар ҳам мекашиданд.

Се рӯзи дароз кампирро пойидам. Ӯ субҳи рӯзи чорум пайдо шуд. Бинам, бо ҳамон рӯймоли сафедаш аст. Аз хурсандӣ дил даруни синаам бо ранги дигар тапид. Ҳатто ҳанӯз вақти ба сӯяш рафтанам садсӯмаро аз кисаам баровардам.

Аз ҳамон вақт ин оғоз ёфт. Аз он чи медодам, сад маротиба бештар фоида ба даст меовардам. Тадриҷан вазъам беҳбуд ёфт. Дар ҷойи серодам мағозаи атриёт харида, ду фурӯшандаро низ ба кор гирифтам, баъдан хонаву мошини ҷопонӣ ҳам харидам. Акнун танҳо бегоҳиҳо ба мағоза барои гирифтани маблағи даромади рӯзона меравам. Худоро зора мекунам, кампирак умри дароз бинад.

Аммо тавре мегӯянд, иштиҳо дар вақти хӯрдан меояд. Монанди афсонаи моҳигир ва моҳӣ ман бештару бештар мехостам. Ният кардам, ки ин дафъа ба он зан ҳазор сӯм медиҳам, бубинам оқибаташ чӣ мешуда бошад. Пагоҳӣ омадам, ӯ ҳамчунон бо либосҳои оддӣ, вале тоза ва ҳамон сарбанди сафедаш меистод. Ҳазор сӯмро аз дастам гирифта ҳатто мижа ба ҳам назад.

Баъд аз ду соат телефони мобилиям занг зад. Наташа, яке аз фурӯшандаҳоям, занг мезад. Гуфт, ки биёед, шуморо интизоранд. Ба ҷип нишастаму рафтам. Бинам дар назди мағоза "мерседес"-и сиёҳ бо рақамҳои давлатӣ истодааст. Ҳеч гоҳ ӯро ин ҷо надида будам. Зуд пай бурдам: ин кори дасти ҳамон кампир аст.

Ба дарун даромадам. Назди пештахта марди олуфтаю хушқадуқомате, ки ба бар шиму костюми сиёҳ дошт, бо Наташа саргарми суҳбат буд ва аз суханони ӯ дувумӣ кифт ҷунбондаву бо завқ механдид.

Чун чашмони меҳмон ба ман афтод, шодияшро пинҳон дошта натавонист. То ин андоза аз мулоқатамон хушҳол буд. Даст дароз карду худро муаррифӣ намуд. Маълум шуд, ки аз маъмурияти шаҳрдорӣ будааст.

-Шумо, гуфт ӯ намояндаи шинохтаи бизнес дар шаҳри мо ҳастед, аммо бизнес нофи дунё нест-ку! Роҷеъ ба мақому мартабаи баландтар фикр кардан лозим аст. Мехоҳед намояндаи Маҷлиси шаҳрӣ бошед? Вақте инсон пули калон дорад, ин хуб аст, вале чун бо ин дороияш боз ҳукумату қудрат илова мегардад, боз ҳам хубтару беҳтар мегардад. Ман ба шумо дастгирию пуштибонии маъмурияти шаҳрро ваъда медиҳам.

Акнун, манро андеша домангир аст: оё меарзад ба ин кори ночиз, яъне намояндаи Маҷлиси шаҳрӣ шудан, худро машғул созам? Ё шояд ба кампир якбора панҷ ҳазор диҳам? Ӯ яқин маро ба Маскав, рост ба Думаи давлатӣ, наздики Призидент хоҳад фиристод. Шумо чӣ мегӯед?

Аз русӣ тарҷумаи Сироҷиддин Икромӣ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №25, 20ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi