14:13:00 28-уми Апрели 2026 сол

Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Президенти ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ

28 апрели соли 2026 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор баргузор гардид.

vokhurii vaziri khorija 7885424545Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин равобит дар бахши амниятиро баррасӣ намуданд. Ҳамсуҳбатон таваҷҷуҳи мутақобиларо ба таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва густариши ҳамкории амалӣ таъкид намуданд.

Ҷонибҳо оид ба вазъияти минтақа табодули назар намуда, аҳаммияти мусоидат ба таъмини субот ва пешгирии хатарҳои гуманитариро зикр карданд. Ҳамзамон зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, таъкид карда шуд.

Аҳаммияти қолаби минтақавии «С5+1» ҳамчун абзори муассир барои муколама ва таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка махсус қайд гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин рушди табодули маориф ва фарҳангӣ ҳамчун заминаи муҳими шарикии дарозмуддат тасдиқ намуданд.

mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ