01:39:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Баҳодур Миралибеков механдонад

Ё моҷарои кадубирён  дар Театри давлатии ҷавонон

Сафаралӣ Раҷабов, барои "Рӯзгор"

Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ба қавли ҳаҷвнигори шинохта Убайдуллоҳ Раҷаб "ҳама чиз ба бозор куч бастааст". Театри фурӯши маводҳои моддию ақлонӣ, ороиши қариб театрии мағозаю бозору маркази савдо чунон диққатҷалбкунандаанд, ки мардумро бештар ба худ мекашанду онҳо ба он ҷо бештар мераванд. Вале боке нест, дер ё зуд мардум пай мебаранд ки ҳарчанд дар замони тамаддуни спектаклӣ (спектакли фуруш дар назар аст) зиндагӣ кунанд ҳам ҷои театрро чизе гирифта наметавонад. Ин нуқтаро тамошобиноне, ки рӯзи ҷашни театр ба Театри давлатии ҷавонон омада буданд, баръало ҳис намуданд.

1-kadu 545445Бояд қайд кард: барои он ки мардум бузургию шаҳомати театрро бештару хубтар ҳис намоянду онро зиёдтар дӯст доранд, зарур аст намоишномаҳое руи саҳна биёянд, ки ба истилоҳ сирф тоҷикӣ бошанду инъикосгари ҳаёти имрӯзаи мардум бошанд. Хушбахтона бо ташаббуси вазорати маданияти ҷумҳурӣ ва коллективи Театри ҷавонон рӯзи ҷашни кормандони театр чунин намоишнома ба ҳозирон пешкаш карда шуд... Чӣҷои ҳайронӣ агар муаллифи чунин намоишномаи дидании "тоҷикӣ" Карло Голдонии итолиёвӣ бошад? ("Ҳастии бузургон чист? Чизе, ки нагардад, нест…").

Вақте режиссёр аз драматургияи миллӣ маводи дилхоҳашро дарёфт намекунад, у бешубҳа ба классика руй меоварад. Ба маҳзакаи классикӣ руй овардани Баҳодур Миралибеков, ки бештар (таи солҳои охир ) драмаҳои ҷиддиро "Ишқи парӣ", "Гуноҳи Қобил") рӯи саҳна меовард, мантиқи солим дорад. Мазҳакаи Голдонӣ дар баробари хеле хандаовар буданаш, маҳзакаи хеле ҷиддӣ низ ба ҳисоб меравад. Он проблемаҳоеро Карло Голдонӣ пешкаши тамошобин мегардонад, ки дар ҳаёти имрузаи мо ба пуррагӣҷой доранд. Масалан, соддалавҳию ғурури нозарур, ғайбату ҷангандозӣ, порахурию занакабозӣ ва ғайраву ҳоказо.

2-kadu 545445Ин ҷо беҳтар он аст, ки вориди зали тамошо гардем. Дар саҳнаи ба куллӣ сиёҳ дар қафои он - чоркунҷаи сафед ҳамчун рамзи дунёи дигар - дунёи сафеду орзуҳои нек намудор аст. Аз саҳни дари хонаи моҳифурӯшон то ин ҷо роҳи пасту баланде намудор аст, ки мардумро ба ин дунёи орзуҳо даъват мекунад.Дар ин дунёи дуру ба чашм гӯё аён ҳар як қаҳрамон гӯшаеро дар олами хаёли худ обод карданист, яъне ишқ аст ки онҳоро ба роҳ то манзили мурод мехонад. Аммо чи илоҷ, ки одам метавонад як корро ба нақша гираду ба ҷои он аз беаҳамиятӣ ё соддагии хеш кори дигареро анҷом диҳад? Ана баъд мебинад, ки аз ин чиҳо сар мезанад ва аз кори кардааш пушаймон низ мешавад.

Моҷаро дар мазҳака аз он оғоз мегардад, ки Канокия (ҳунарпеша Диловар Неъматов) сари роҳи калон ба ҳама кадуи бирёни гарм пешниҳод мекунад. Тоффолои ландаҳур, ки каме пул ба даст овардаасту дар дил орзуи пайдо намудани ҳамсафари ҳаёт -маҳбубаро дорад, Лучетта (Моҳпайкар Ёрова) -ро бо кадуи бирён зиёфат мекунад. Ана тамом , барои моҷаро сабаб ҳам пайдо шуд. Дар назари аввал ҳеҷ коре нашудааст, хайр зиёфат карданд, баъд чӣ? Мо метавонем ҳамин хел аз хаёламон гузаронем, ки ин кор ҳеҷ бадие надорад, аммо дар амал қиёмат қоим шуданаш мумкин...

3-kadu 545445Охир барои оташ гирифтани бинои калон як гугирдчӯби хурдакак, як шарора кифоя аст. Барои занҳо мавзуи ғайбату бадномкунӣ пайдо шуд, барои Тита-Нане (ҳунарпеша Далер Мирхонов) ин кадуи бирён заминларзаи 10-баллаеро дар хонаи ишқи ӯ бо Лучетта ба амал овард, барои Орсеттаи серҷоғ( Ойимхол Қаюмова) ва Кеккаи ҷурғоти турш (Заррина Бадалова) бошад кадуи бирён оташи ҳасадро боло намуд ва онҳо ба бадгуӣ дар ҳаққи Лучетта сар карданд.Дар деҳае, ки на интернет дораду на телефон ин хабар дар як сония паҳн мегардад.Ана акнун навбати Тита -нане, маъшуқи Лучетта, ки навакак аз сафари моҳигирӣ баргаштааст.

Кадубирён таҳрикдиҳандаи рашки маъшуқ- сабаби ҷанҷоли беамону суханҳои таҳқирбахши ду ошиқ, ҳатто сабаби кордкашӣ байни маъшуқу зиёфатдиҳанда Тоффоло мегардад. Аммо қонун -қонун аст, барои авбошӣҷавоб бояд гуфт. Иҷрои қонун чӣ? -воситаи хуби ришваситонӣ ё ба худ ҷалб намудани духтарону занҳои сабукпо, аниқтараш занакабозӣ. Барои чӣ истифода накунем? Ана ҳамин тавр ҳодисаҳое дар саҳна рух медиҳанд ки хоси на танҳо итолиёгиҳои гузашта, балки хоси мо тоҷикони имруза низ ҳастанд, ки бо онҳо дар ҳар як сари қадам вохурдан мумкин аст.Маҳз барои ҳамин тамошобини тоҷик дар спектакл аз таҳти дил механдад, зеро ин қаҳрамонҳоро ба хубӣ мешиносад, бо онҳо сару кор гирифтааст, аз онҳо алам низ дорад.

4-kadu 545445Як ҷиҳати хоси мазҳакаи "Моҷаро" он аст ки дар намоишномаи мазкур хислатҳои манфури одамӣ (мисли он ки тавассути микроскоп мо зарраҳои хурдро калону аён мебинем) хеле равшан нишон дода мешаванд. Намоишнома бо вуҷуди хандаовар буданаш хеле пандомуз аст. Ду дари ба ҳам муқобил дар ду тарафи куча, ду ҳамсоя... Онҳо баъзан якдигарро дидан намехоҳанд, бо ҳар гуна баҳона ба якдигар неш мезананд, вале дар охири моҷаро маълум мешавад ки онҳо беҳамдигар зиста ҳам наметавонанд. Духтару писари як хонавода ба духтару писари хонаводаи дуюмӣ ошиқанд. Ишқ ин ду оиларо бо ҳам дуст мекунад, охир "Банни одам аъзои якдигаранд"...

Мазҳакаро Миралибеков хеле устокорона ба саҳна гузошта на танҳо чун режиссёр болои он заҳмат кашидааст, балки ҳамчун рассом ва ороишдиҳандаи мусиқӣ низ дар он саҳм гузоштааст ва аз ин намоишнома танҳо бурд кардаасту халос. Режиссёр на танҳо ба воситаи бозии актёрон мавқеи шаҳрвандии худро ба мо мефаҳмонад, балки оштинопазир будани худро нисбати ноадолатиҳои судӣ (ва ғайра) тавассути фантазияи рассомии худ бозгӯ мекунад. Дар саҳнаҳое ки дар идораи суд сурат мегиранд. ҳар дафъа сурате аз болои саҳна поён карда мешавад ки дар он намояндаи суд пушт ба тамошобинон дар як даст мизон -тарозу (рамзи адолати судӣ) ва дар дасти дигар шамшер ҳамчун рамзи муҳофизати мардум аз беқонунӣ , пайдо мешавад.

5-kadu 545445Ин расм тамошобинонро ба андеша водор мекунад ва таҳкид месозад ки ба чеҳраи ёрдамчии судя ва командор (Суҳроб Ҷанҷолов) дурустар назар кунанд.Эҳсоси баланди лирикӣ, фалсафаи амиқи ҳаётӣ, дарки солимонаву орифонаи равандҳои манфии ҷамъияти имрузаи мо, таҷрибаи кофӣ ва диди баланди режиссёрии Б. Миралибеков имконият додааст, ки ӯ барои тамошобинон намоишномаи диданиеро таҳия намояд. Мазҳака тавре ба саҳна гузошта шудааст ки тамошобинон лаҳзаҳои хандаовару ҳузнбахшро бо ақли худ дарк мекунанд ва баъд ба ҳоли қаҳрамонон механданд.

Ин ханда муқобили соддалавҳону мағрурон, ришвахорону бадгуён равона карда шудааст. Халқе, ки ба худ хандида метавонад, умед аст ки роҳи халосиашро меёбад, - аз ин нуқтаи назар мазҳака хеле ба маврид пешкаши тамошобинон гаштааст. Баъди ба итмом расидани ҳар як саҳнаи навбатӣ мусиқии аврупоии лирикӣ баланд гашта овозхон - ҳунарпеша Ҳотами Равшан васфи ишқи покро менамояд. Пай бурдан душвор нест ки режиссёр ишқро мавзуи марказии намоишнома қарор дода ба тамошобинон бо ин восита таъкид менамояд, ки аз ишқ дида арзиши болотаре дар зиндагӣ нест ва намешавад. Ишқ аст, ки қаҳрамонон роҳгум мезананд, ишқ аст, ки қаҳрамононро водор месозад барои зиндагӣ ва ишқи худ мубориза баранд.

6-kadu 545445Нисбати бозии дилчаспи актёрон ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки онҳо аз иҷрои нақшҳои худ ба хубӣ баромаданд. Махсусан бозии Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон Назирмад Мусоев дар нақши Исидоро- ёрдамчии судя, Аҳлиддин Ҳасанов дар нақши падрон Фортунато, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Асалбегим Саодатова дар нақши мадонна Либерра, Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон Савзагул Қурбонова дар нақши мадоннна Паскуа ва ғайра хеле дилчасп буд. Маҳорати баланди актёрии онҳоро тамошобинони хушзавқ дар рафти намоиш тез-тез бо кафкубиҳои самимӣ қадр мекарданд.

Инак ҷанҷолу хархашаҳо ба авҷи аъло расида оҳиста-оҳиста моҷарои кадубирён ҳалли худро меёбад ва қаҳрамонон гӯё бо ҳам сулҳ мебанданду ҳаёти осоишта дар деҳи итолиёвӣ гӯё оғоз мегардад.(зери кафкубиҳои тамошобинон). Вале ин лаҳза боз Канокияи кадуи бирёнфуруш табақи кадуи бирён дар даст (барои арзи минаттдорӣ ба тамошобинон) ба саҳна мебарояд. Ин хандаи тамошобинонро меорад (боз моҷарои кадубирён сар мешавад?)

7-kadu 545445Ба саҳна аз ҳайати ҳунарпешагон якумин шуда баромадани кадуи бирёнфуруш маънои рамзӣ дорад. Ин таъкиди режиссёр аст, ки набояд мо аз барои кайк пустинро оташ занем - аз пушти майда-чуйдаҳои зиндагӣ ҳаёти худу дигаронро талх кунем. Охир зиндагӣ давом дорад. Маҳз барои ҳамин ҳам мазҳака бо суханони "Хайр то моҷарои навбатӣ" ба охир мерасад. Дар охир ҳаминро бояд қайд кард ки намоишнома ба тамошобинон таасуроти бой бахшида , бори дигар собит намуд ки дар театри ҷавонон ансамбли хуби актёрони касбӣ ба ҳам омадаанд ва бо онҳо чунин намоишҳои дилчаспу диданиро таҳия намудан айни муддаову тақозои вақту замон аст.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №25, 20ноябри соли 2013

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi