14:18:56 12-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Шеъри синамо

Ҷалол Шафеъӣ, коргардони филм

Агарчи дар ин мақола сухан дар бораи чорабиние меравад, ки каме беш аз  як моҳ қабл баргузор шуда буд, вале чун онро мутахассиси соҳа, коргардони синамо Ҷалол Шафеъӣ, эронии муқими Тоҷикистон навишта фикрҳои ҷолиберо иброз доштааст, лозим донистем, ки мақоларо манзури хотири шумо намоем. Чанде пеш дар шаҳри Душанбе ҳафтаи синамои Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор гардид. Ин чорабинӣ барои аҳли фарҳанг ва синамо хеле мақбул буд. Аслан ин навъ аз фестивалҳо, ки ҷойгоҳи мушаххасе дар феҳристи фестивалҳои байналмилалӣ надоранд, унвони ҷашн ё ҳафтаи филмро ба худ мегиранд, ки ҳадаф аз баргузории онҳо бештар ошноӣ бо фарҳанг ва тамаддуни кишвари ба намоишгузорандаи филмҳо мебошад.

jalol-safei 5645454Ва рақобате низ дар намоиши филмҳо нест. Баргузоркунандагони ин намоишҳо Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҶТ ва Муассисаи "Тоҷикфилм" буданд.  Дар суҳбат  хонум Малика, намояндаи ситоди баргузории ин чорабинӣ иброз дошт, ки  синамогарони Лаҳистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд, то минбаъд ҳамкории дуҷониба миёни онҳо ба шакли ҷиддитар сурат бигирад. Дар фестивале,  ки оянда дар кишвари Лаҳистон баргузор мешавад, қарор аст синамогарони тоҷик низ ширкат биварзанд. Ӯ аз аввалин ҷашнвораи баргузоршудаи Лаҳистон дар Тоҷикистон хуб тавсиф кард. Меҳмонҳои даъватшуда аз Лаҳистон бори авваласт, ки ба Тоҷикистон омаданд ва хелле аз фарҳанги хуби тоҷикон мутаассир гардиданд. Малика мегӯяд, ки арзёбии онҳо аз номоиши ин филмҳо дар назди тамошобинон қобили писанд буда ва филмҳо тавонистаанд то дараҷае томошобинонро ҷалб намоянд.

Чуноне ки бармеояд  дар интихоби филмҳо ҳайати баргузорӣ, яъне Тоҷикфилм ва Кумитаи телевизион нақше надоштанд ва филмҳо ба пешниҳод аз тарафи намояндаи Лаҳистон интихоб шудааст, ки ба назари муаллифи мақола нуқтаи заъфи ин ҷашни филм дар ҳамин ҷо аст. Ҳар чанд ки таҷрибаи намоиши филмҳои кишвари Лаҳистон бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Аз ин хотир метавон аз ин камбудиҳо чашм пушид. Бо нигоҳи  мухтасар ба номи филмҳо ва коргардонҳои онҳо ба ҷуз аз як нафар "К. Занусӣ" бақияи коргардонҳо машҳур ва таҷрибадор нестанд.

Чунин ба назар мерасад, ки намояндаи Лаҳистон кушиш кардааст, ки насли ҷавонтари филмсозони кишварашро муарифӣ кунад. Акнун мебинем натиҷаи синамои насли ҷавони Лаҳистон чист ва оё қудрати рақобат бо синамои коргардонҳои насли пештари Лаҳистон "Кишловский, Полонский, Войдо..."-ро доранд  ё на?

Бо нигоҳи куллӣ ба филмҳо метавон ба ин натиҷа расид, ки филмсозони матраҳшуда бо филмҳояшон қудрати рақобат бо насли пештари худро надоранд. Табиатан фарҳанги ҳар ҷомеа дар ҳоли рушд мебошад. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки пас чаро синамои Лаҳистон бо он қудроти гузашта, табдил ба ин синамои ғайриҳирфавӣ ва беруҳ гаштааст. Ҷавобро метавон дар худи филмҳо мушоҳида намуд. Ба ақидаи нигорандаи ин сатрҳо насли пешқадами синамои Лаҳистон, ки баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шоҳкориҳои худро ба майдони  синамо оварданд, таҳти таъсири ранҷи пас аз ҷанг синамои талхеро ироа медоданд ва андешаи яъс ва ноумедӣ умуман дар тафаккур ва тасовири филмҳо пайдо буд. Акнун насли ҷадиди синамогарони Лаҳистон  бо рӯ овардан  ба синамои танз (комедия) хостаанд, ки он сиёҳии филмҳои насли қаблро ҷуброн кунанд, ки ҳамин матлаб боиси заъфи филмҳояшон гардида аст.

Чаро ки агар бигӯем филми танз сохтан сахтар аз драматургӣ нест, ғалат нагуфтем. Дар тули таърихи саду чанд солаи синамо танҳо номи чанд танзофарро метавон ишора кард, ки филмҳояшон ҷойгоҳи ҳунарӣ дорад. Дар муқобил шояд ҳазорон филмсози муваффақро дар жанри синамоӣ драма ва мелодрамро мешиносем?  Ин худ гувоҳ бар эътибор ва мақоми синамои танз аст. Ин навъ синамо "албатта ба ҷуз шакли фонтазия" умуман масоили иҷтимоиро нишон медиҳад ва камбудҳои иҷтимоиро ба шакли иғроқомез ва дар қолиби танз баён мекунад, ки сохтани филме бо ин мушаххасот кори басо душвор ва сангин аст. Агар нигоҳе ба жанри комедия афканем, дар таърихи синамо ангуштшумор устодоне дар ин жанр фаъолият ва филмофарӣ мекарданд. Хусусан Бастер Китон, Чарлӣ Чаплин, Били Вайдлер, Види Олен,… ва ғайра худ нишондиҳандаи синамои гаронсанге комедия мебошад.

Албатта набояд аз назар дур дошт, ки навъи танзе зарифро дар филмҳои устодони синамои Лаҳистон низ метавон ёфт, ки зоҳиран нишондиҳандаи руҳияи танз ба ҷойгоҳи он дар назди мардуми Лаҳистон мебошад. Бо ин ҳол дар филмҳое, ки мо аз насли навини ин синамо мушоҳида кардем, навъи камтаҷрибагиро мебинем. Ҳатто дар чанд филми жанри драмаи ин ҳафтаи филм низ ин ин насл бетаҷрибагии худро нишон медиҳад. Дар даҳаи 70ва 80 милоди, синамои Лаҳистон беҳтарин филмҳои мустанадро бо коргардонҳое мисли "М. Лозенски , Визновски, М. Пивуски ва ҳатто Кишловски ва дигарон" ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.

Дар баёнияи маъруфи гурӯҳи "Краков", филмсозҳо хостор шуданд, ки таҷрибаи ба даст омада дар ҷараёни сохтани филмҳои ғайридостонӣ бояд дар корҳои достонӣ мавриди истифода қарор гирад ва ин иборат ба зербинои муҳимми аз андешаи ахлоқии синамои Лаҳистон табдил шуд. Бо як нигоҳ ба филмҳои ин ҷашн амалан инъикоси он талошҳо мушоҳида намешавад. Эроди дигаре, ки ба филмҳо метавон гирифт, умуман сохтор ва мизонсини (шакли филм) телевизиони онҳо, заъфи сенария ва гоҳо заъфи техникии коргардон ба чашм мехурад. Суҳбат дар мавриди синамои Лаҳистон баҳси муфассалтареро металабад, ки дар ин матлаб фурсате нест, ки  ба он бипардозем. Аммо барои намуна нақди яке аз филмҳоро ба хонандагони азиз пешкаш мекунем, ки маҳкум ба умумигӯйи нашавем. Филми "Только не сейчас", ки тайи як назарсанҷӣ аз бинандагон ба унвони беҳтарин филми интихоб шуд ва ба гуфтаи хонум Малика яке аз пурбинандатарини филмҳои Лаҳистон астро, арза медорем.

ТОЛЬКО НЕ СЕЙЧАС "Танҳо ҳоло не" режесёр: Валерия Пендроковский сенария: Юрий Рогозин жанр: Драма  соли сохт 2009

Марди миёнсоли Русия хотироти ҷавониаш дар соли1953 дар кишвари Лаҳистонро замоне, ки онҷо сарбоз буд, ба хотир меорад. Ӯ дар он ҷо ошиқи духтаре шуда ва дар роҳи ин ишқ ҳатто маҷбур ба куштани ҳарифи ишқиаш мешавад. Аммо дар интиҳо ба хотири баъзе нофармониҳо, аз тарафи раисаш ба ҷои дигаре интиқол дода мешавад, ки боиси дурӣ ва ҷудоии вай аз ишқаш мешавад. Ҳоло дар даврони муосир, ки солхӯрда шудааст, дар ҷустуҷӯи ишқи даврони ҷавониаш мебошад. Дар тарҳи куллие ки дар бораи филм баён кардем, то ҳадде мушаххас шуд, ки филм ба хотири тарҳи достонӣ, дорои тарҳи шоҳпиранг ё классик мебошад, ки унсурҳои достонии он ба ин қарор мебошад. "Қаҳрамони танҳо ва фаъол, равобити сабабӣ ва ба вуҷуд омада, кашмакаши берунӣ, замони хаттӣ, поёни баста ва воқеияти як порча".

Аслан заъфи филм марбут ба сенарияи он аст. Сенария асосан дар шахсиятпардозӣ дучори мушкилот аст. Дар тарҳи достонии классик суолоте, ки дар мавриди қаҳрамон дар зеҳн пайдо мешавад, ба ин қароранд: қаҳрамон чӣ ҳадаферо дунбол мекунад? Чаро ба дунболи ин ҳадаф аст? Чӣ гуна мехоҳад ба ҳадаф расад? Дар роҳи расидан ба ҳадаф бо чӣ мавонеъи рӯ ба рӯ мешавад? Агар филми ба ин суолот дуруст ва ба ҷо ҷавоб диҳад, моҷаро ва сипас достон шакл мегирад. Моҷарои аз кашмакаши қаҳрамон бо зидди қаҳрамон  дар роҳи расидан ба ҳадафи қаҳрамон, ки драмаро шакл медиҳад. Қаҳрамони филми мо инсони фаъоле нест, ба ин маъно, ки амале аз ӯ намебинем, ки таъсирашро ба дигар шахсиятҳо бигузорад.

Қаҳрамони филм, ҷавонест бо рафторҳои кӯдакона ва сардаргум, ки то интиҳои филм намедонем чӣ ҳадаферо дунбол мекунад. Иштибоҳе, ки нависандаи сенария кардааст дар ин аст, ки ҳадафи ҷавонро ишқи духтар қарор додаст. Аммо амалан ва ба шакли тақрибӣ аз авоили филм шоҳиди ҳузури онҳо дар канори якдигар ҳастем. Пас чи чизро дар равобити онҳо бояд дунбол гирем? Масалан, агар хадафи ҷавонро дар ба даст овардани дили духтар бидонем, табиатан дӯст дорем, бифаҳмем дар ин роҳ бо чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ мешавад. Аммо ҳеҷ монеъи ҷиддӣ  ва бузургеро дар ин роҳ мушоҳида намекунем. "Ҳарифи ишқӣ, танҳо монеъи ҷавон дар роҳи расидан ба духтар аст, ки тақрибан дар миёнаи филм кушта мешавад."

Вуҷуди монеъҳои болораванда аз заиф то шаддид, аз ибтидо то интиҳои филм, ки дар муқобили қаҳрамони филм қарор мегирад, илова бар шаклдиҳии драма пухтагии зеҳният ва шахсияти қаҳрамонро дар интиҳои филм ба дунбол дорад, ки бинандаи филм аз ин таҷриба бенасиб намемонад. Гуфтем намунаи достонии ин филм шоҳпиранг ё тарҳи классик мебошад, дар ин гуна, бинанда бо қаҳрамони танҳо ва фаъол мувоҷеҳ аст, ки дар ривояти хаттӣ ва воқеӣ (дар баъзе филмҳо амалҳои ғайривоқеъиро низ барои бинанда боварпазир месозанд) ҳадаферо дунбол мекунад ва дар ин роҳ дучори кашмакаши берунӣ шуда ва ниҳоятан ба ҳадафаш мерасад ё баръакс. Мушкили асосии қаҳрамони ин филм набуди ҳадафи мушаххас ва дар паи он набуди кашмакаш мебошад. Дар натиҷа, драма дар он шакл намегирад.

Дар ин филм нависанда саъй карда аст аз техникае истифода кунад, ки ҷои холии моҷароро пур кунад. "Ҳисси насталжӣ (ҳасрати гузашта) "Ба ин шакл қаҳрамони достон бо нигоҳи ҳасратомез аз гузашта, хотиротеро ба ёд меоварад то эҳсосоти бинандаро таҳрик кунад. Дар ин навъи синамо лаҳзаҳо ва моҷароҳое, ки ба ёдамон мерасад таҷрибаи эҳсоси баланд дар бинанда эҷод мекунад, аммо дар филми мавриди назари мо ин лаҳазот ва моҷароҳои хосро намебинем. Барои намуна: ишора мешавад ба лаҳзае, ки қаҳрамони миёнсол вориди калисо шуда ба маҳзи вуруд, мо ҷавонии вайро мебинем  ҳамроҳ бо дӯсти духтараш, аммо ҳарчи мунтазири моҷаро ё лаҳзае ҳастем, ки бозоии ин хотиротро бифаҳмем, ҳеҷ чизи хосеро мушоҳида намекунем ва ин суол дар зеҳни бинанда шакл мегирад, ки чаро асосан ин тасвир ба саҳна кашида шудааст.

1 sheri-sinamo 454545Чаро, ки мо дар зиндагии воқеӣ вақте ба гузашта фикр мекунем ва хотираеро ба ёд меоварем, ҳатман он хотира нуктаи муҳиме ва дар паи он эҳсоси амиқеро дар мо эҷод кардааст, ки аз байни ин ҳама иттифоқ он хотираи хос дар хотирамон мондааст. Дар ин навъ ва жанри синамо хонандагонро тавсия медиҳам ба шоҳкори Ҷузепе Таррантини  (режисёри итолиовӣ) ба номи "Синамо пародизо", ки дар фестивали муҳими ҷаҳонӣ тавонист муваффақиятҳои зиёде ба даст биёварад ва муҳимтар аз ин ҳама, ки филми зебое ба таърихи синамо афзуда шуд, дар ин филм дақиқан бо ҳамин навъ ривоят мувоҷеҳ ҳастем. Аммо бубинед, ки дар он ҷо чи  хотирот ва лаҳазоти хос ва пурэҳсоси ба хотираи қаҳрамони солхӯрдаи филм  мерасад, ки бинандаро ба як таҷрибаи эҳсоси ҷадиде мерасонад. 

Ва рақобате низ дар намоиши филмҳо нест. Баргузоркунандагони ин намоишҳо Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҶТ ва Муассисаи "Тоҷикфилм" буданд.  Дар суҳбат  хонум Малика, намояндаи ситоди баргузории ин чорабинӣ иброз дошт, ки  синамогарони Лаҳистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд, то минбаъд ҳамкории дуҷониба миёни онҳо ба шакли ҷиддитар сурат бигирад. Дар фестивале,  ки оянда дар кишвари Лаҳистон баргузор мешавад, қарор аст синамогарони тоҷик низ ширкат биварзанд. Ӯ аз аввалин ҷашнвораи баргузоршудаи Лаҳистон дар Тоҷикистон хуб тавсиф кард. Меҳмонҳои даъватшуда аз Лаҳистон бори авваласт, ки ба Тоҷикистон омаданд ва хелле аз фарҳанги хуби тоҷикон мутаассир гардиданд. Малика мегӯяд, ки арзёбии онҳо аз номоиши ин филмҳо дар назди тамошобинон қобили писанд буда ва филмҳо тавонистаанд то дараҷае томошобинонро ҷалб намоянд.

Чуноне ки бармеояд  дар интихоби филмҳо ҳайати баргузорӣ, яъне Тоҷикфилм ва Кумитаи телевизион нақше надоштанд ва филмҳо ба пешниҳод аз тарафи намояндаи Лаҳистон интихоб шудааст, ки ба назари муаллифи мақола нуқтаи заъфи ин ҷашни филм дар ҳамин ҷо аст. Ҳар чанд ки таҷрибаи намоиши филмҳои кишвари Лаҳистон бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Аз ин хотир метавон аз ин камбудиҳо чашм пушид. Бо нигоҳи  мухтасар ба номи филмҳо ва коргардонҳои онҳо ба ҷуз аз як нафар "К. Занусӣ" бақияи коргардонҳо машҳур ва таҷрибадор нестанд.

Чунин ба назар мерасад, ки намояндаи Лаҳистон кушиш кардааст, ки насли ҷавонтари филмсозони кишварашро муарифӣ кунад. Акнун мебинем натиҷаи синамои насли ҷавони Лаҳистон чист ва оё қудрати рақобат бо синамои коргардонҳои насли пештари Лаҳистон "Кишловский, Полонский, Войдо..."-ро доранд  ё на?

Бо нигоҳи куллӣ ба филмҳо метавон ба ин натиҷа расид, ки филмсозони матраҳшуда бо филмҳояшон қудрати рақобат бо насли пештари худро надоранд. Табиатан фарҳанги ҳар ҷомеа дар ҳоли рушд мебошад. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки пас чаро синамои Лаҳистон бо он қудроти гузашта, табдил ба ин синамои ғайриҳирфавӣ ва беруҳ гаштааст. Ҷавобро метавон дар худи филмҳо мушоҳида намуд. Ба ақидаи нигорандаи ин сатрҳо насли пешқадами синамои Лаҳистон, ки баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шоҳкориҳои худро ба майдони  синамо оварданд, таҳти таъсири ранҷи пас аз ҷанг синамои талхеро ироа медоданд ва андешаи яъс ва ноумедӣ умуман дар тафаккур ва тасовири филмҳо пайдо буд.

Акнун насли ҷадиди синамогарони Лаҳистон  бо рӯ овардан  ба синамои танз (комедия) хостаанд, ки он сиёҳии филмҳои насли қаблро ҷуброн кунанд, ки ҳамин матлаб боиси заъфи филмҳояшон гардида аст. Чаро ки агар бигӯем филми танз сохтан сахтар аз драматургӣ нест, ғалат нагуфтем. Дар тули таърихи саду чанд солаи синамо танҳо номи чанд танзофарро метавон ишора кард, ки филмҳояшон ҷойгоҳи ҳунарӣ дорад. Дар муқобил шояд ҳазорон филмсози муваффақро дар жанри синамоӣ драма ва мелодрамро мешиносем?  Ин худ гувоҳ бар эътибор ва мақоми синамои танз аст. Ин навъ синамо "албатта ба ҷуз шакли фонтазия" умуман масоили иҷтимоиро нишон медиҳад ва камбудҳои иҷтимоиро ба шакли иғроқомез ва дар қолиби танз баён мекунад, ки сохтани филме бо ин мушаххасот кори басо душвор ва сангин аст. Агар нигоҳе ба жанри комедия афканем, дар таърихи синамо ангуштшумор устодоне дар ин жанр фаъолият ва филмофарӣ мекарданд.

Хусусан Бастер Китон, Чарлӣ Чаплин, Били Вайдлер, Види Олен,… ва ғайра худ нишондиҳандаи синамои гаронсанге комедия мебошад. Албатта набояд аз назар дур дошт, ки навъи танзе зарифро дар филмҳои устодони синамои Лаҳистон низ метавон ёфт, ки зоҳиран нишондиҳандаи руҳияи танз ба ҷойгоҳи он дар назди мардуми Лаҳистон мебошад. Бо ин ҳол дар филмҳое, ки мо аз насли навини ин синамо мушоҳида кардем, навъи камтаҷрибагиро мебинем. Ҳатто дар чанд филми жанри драмаи ин ҳафтаи филм низ ин ин насл бетаҷрибагии худро нишон медиҳад. Дар даҳаи 70ва 80 милоди, синамои Лаҳистон беҳтарин филмҳои мустанадро бо коргардонҳое мисли "М. Лозенски , Визновски, М. Пивуски ва ҳатто Кишловски ва дигарон" ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.

 Дар баёнияи маъруфи гурӯҳи "Краков", филмсозҳо хостор шуданд, ки таҷрибаи ба даст омада дар ҷараёни сохтани филмҳои ғайридостонӣ бояд дар корҳои достонӣ мавриди истифода қарор гирад ва ин иборат ба зербинои муҳимми аз андешаи ахлоқии синамои Лаҳистон табдил шуд. Бо як нигоҳ ба филмҳои ин ҷашн амалан инъикоси он талошҳо мушоҳида намешавад. Эроди дигаре, ки ба филмҳо метавон гирифт, умуман сохтор ва мизонсини (шакли филм) телевизиони онҳо, заъфи сенария ва гоҳо заъфи техникии коргардон ба чашм мехурад. Суҳбат дар мавриди синамои Лаҳистон баҳси муфассалтареро металабад, ки дар ин матлаб фурсате нест, ки  ба он бипардозем. Аммо барои намуна нақди яке аз филмҳоро ба хонандагони азиз пешкаш мекунем, ки маҳкум ба умумигӯйи нашавем. Филми "Только не сейчас", ки тайи як назарсанҷӣ аз бинандагон ба унвони беҳтарин филми интихоб шуд ва ба гуфтаи хонум Малика яке аз пурбинандатарини филмҳои Лаҳистон астро, арза медорем.

ТОЛЬКО НЕ СЕЙЧАС "Танҳо ҳоло не" режесёр: Валерия Пендроковский сенария: Юрий Рогозин жанр: Драма  соли сохт 2009

Марди миёнсоли Русия хотироти ҷавониаш дар соли1953 дар кишвари Лаҳистонро замоне, ки онҷо сарбоз буд, ба хотир меорад. Ӯ дар он ҷо ошиқи духтаре шуда ва дар роҳи ин ишқ ҳатто маҷбур ба куштани ҳарифи ишқиаш мешавад. Аммо дар интиҳо ба хотири баъзе нофармониҳо, аз тарафи раисаш ба ҷои дигаре интиқол дода мешавад, ки боиси дурӣ ва ҷудоии вай аз ишқаш мешавад. Ҳоло дар даврони муосир, ки солхӯрда шудааст, дар ҷустуҷӯи ишқи даврони ҷавониаш мебошад. Дар тарҳи куллие ки дар бораи филм баён кардем, то ҳадде мушаххас шуд, ки филм ба хотири тарҳи достонӣ, дорои тарҳи шоҳпиранг ё классик мебошад, ки унсурҳои достонии он ба ин қарор мебошад. "Қаҳрамони танҳо ва фаъол, равобити сабабӣ ва ба вуҷуд омада, кашмакаши берунӣ, замони хаттӣ, поёни баста ва воқеияти як порча".

Аслан заъфи филм марбут ба сенарияи он аст. Сенария асосан дар шахсиятпардозӣ дучори мушкилот аст. Дар тарҳи достонии классик суолоте, ки дар мавриди қаҳрамон дар зеҳн пайдо мешавад, ба ин қароранд: қаҳрамон чӣ ҳадаферо дунбол мекунад? Чаро ба дунболи ин ҳадаф аст? Чӣ гуна мехоҳад ба ҳадаф расад? Дар роҳи расидан ба ҳадаф бо чӣ мавонеъи рӯ ба рӯ мешавад? Агар филми ба ин суолот дуруст ва ба ҷо ҷавоб диҳад, моҷаро ва сипас достон шакл мегирад. Моҷарои аз кашмакаши қаҳрамон бо зидди қаҳрамон  дар роҳи расидан ба ҳадафи қаҳрамон, ки драмаро шакл медиҳад. Қаҳрамони филми мо инсони фаъоле нест, ба ин маъно, ки амале аз ӯ намебинем, ки таъсирашро ба дигар шахсиятҳо бигузорад.

Қаҳрамони филм, ҷавонест бо рафторҳои кӯдакона ва сардаргум, ки то интиҳои филм намедонем чӣ ҳадаферо дунбол мекунад. Иштибоҳе, ки нависандаи сенария кардааст дар ин аст, ки ҳадафи ҷавонро ишқи духтар қарор додаст. Аммо амалан ва ба шакли тақрибӣ аз авоили филм шоҳиди ҳузури онҳо дар канори якдигар ҳастем. Пас чи чизро дар равобити онҳо бояд дунбол гирем? Масалан, агар хадафи ҷавонро дар ба даст овардани дили духтар бидонем, табиатан дӯст дорем, бифаҳмем дар ин роҳ бо чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ мешавад. Аммо ҳеҷ монеъи ҷиддӣ  ва бузургеро дар ин роҳ мушоҳида намекунем. "Ҳарифи ишқӣ, танҳо монеъи ҷавон дар роҳи расидан ба духтар аст, ки тақрибан дар миёнаи филм кушта мешавад." Вуҷуди монеъҳои болораванда аз заиф то шаддид, аз ибтидо то интиҳои филм, ки дар муқобили қаҳрамони филм қарор мегирад, илова бар шаклдиҳии драма пухтагии зеҳният ва шахсияти қаҳрамонро дар интиҳои филм ба дунбол дорад, ки бинандаи филм аз ин таҷриба бенасиб намемонад.

Гуфтем намунаи достонии ин филм шоҳпиранг ё тарҳи классик мебошад, дар ин гуна, бинанда бо қаҳрамони танҳо ва фаъол мувоҷеҳ аст, ки дар ривояти хаттӣ ва воқеӣ (дар баъзе филмҳо амалҳои ғайривоқеъиро низ барои бинанда боварпазир месозанд) ҳадаферо дунбол мекунад ва дар ин роҳ дучори кашмакаши берунӣ шуда ва ниҳоятан ба ҳадафаш мерасад ё баръакс. Мушкили асосии қаҳрамони ин филм набуди ҳадафи мушаххас ва дар паи он набуди кашмакаш мебошад. Дар натиҷа, драма дар он шакл намегирад. Дар ин филм нависанда саъй карда аст аз техникае истифода кунад, ки ҷои холии моҷароро пур кунад. "Ҳисси насталжӣ (ҳасрати гузашта) "Ба ин шакл қаҳрамони достон бо нигоҳи ҳасратомез аз гузашта, хотиротеро ба ёд меоварад то эҳсосоти бинандаро таҳрик кунад.

2 sheri-sinamo 454545Дар ин навъи синамо лаҳзаҳо ва моҷароҳое, ки ба ёдамон мерасад таҷрибаи эҳсоси баланд дар бинанда эҷод мекунад, аммо дар филми мавриди назари мо ин лаҳазот ва моҷароҳои хосро намебинем. Барои намуна: ишора мешавад ба лаҳзае, ки қаҳрамони миёнсол вориди калисо шуда ба маҳзи вуруд, мо ҷавонии вайро мебинем  ҳамроҳ бо дӯсти духтараш, аммо ҳарчи мунтазири моҷаро ё лаҳзае ҳастем, ки бозоии ин хотиротро бифаҳмем, ҳеҷ чизи хосеро мушоҳида намекунем ва ин суол дар зеҳни бинанда шакл мегирад, ки чаро асосан ин тасвир ба саҳна кашида шудааст.

Чаро, ки мо дар зиндагии воқеӣ вақте ба гузашта фикр мекунем ва хотираеро ба ёд меоварем, ҳатман он хотира нуктаи муҳиме ва дар паи он эҳсоси амиқеро дар мо эҷод кардааст, ки аз байни ин ҳама иттифоқ он хотираи хос дар хотирамон мондааст. Дар ин навъ ва жанри синамо хонандагонро тавсия медиҳам ба шоҳкори Ҷузепе Таррантини  (режисёри итолиовӣ) ба номи "Синамо пародизо", ки дар фестивали муҳими ҷаҳонӣ тавонист муваффақиятҳои зиёде ба даст биёварад ва муҳимтар аз ин ҳама, ки филми зебое ба таърихи синамо афзуда шуд, дар ин филм дақиқан бо ҳамин навъ ривоят мувоҷеҳ ҳастем. Аммо бубинед, ки дар он ҷо чи  хотирот ва лаҳазоти хос ва пурэҳсоси ба хотираи қаҳрамони солхӯрдаи филм  мерасад, ки бинандаро ба як таҷрибаи эҳсоси ҷадиде мерасонад. 

Нестии  шахсиятпардозӣ ва ба думболи  он набуди кашмакаш мунҷар ба ин шудааст, ки мо дар филми "Только не сейчас" моҷаро надошта бошем. Ин муҳимтарин ва асоситарин заъфи ин филм аст (набудани конфликт). Аммо ба лиҳози техникӣ нукоте ба чашм мехӯрад: тарроҳии саҳнаи хуб, наворбардории ҳунармандона ва тасвирсозиҳое, ки ҳаргоҳ дида мешавад, ҳосили мизонсени хуби режиссёр мебошад. Ба унвони мисол саҳнаи дафн кардани ҷавони кушташуда ба лиҳози тасвирӣ, бисёр зебо намуд пайдо кардааст.

Ҳисси қолаб ба ин саҳна ҳавлнок, тарс ва изтироб мебошад, ки ин ҳисро, коргардон ба дарахтоне, ки аз вазиши туфон ба ларза даромадаанд, ташбеҳ кардааст. Ҳар чанд тасвирсозиҳои хуб, ки гоҳан намуд пайдо мекунад қудрати техникии коргардонро нишон медиҳад. Аммо ба гуфтаи яке аз бузургони синамо шояд як коргардони заиф аз як сенарияи қудратманд филми миёна бисозад. Аммо қатъан бузургтарин коргардонҳо ҳам наметавонанд аз сенариёи заъиф филми хубе бисозанд. Аммо рухдоди баъд аз ҳафтаи филми Лаҳистон намоиши филмҳои ҷопонӣ  дар санаи 26 ва 27 октябр буд.

Усулан синамои Ҷопон, синамои достонгӯ бо риояти тамоми қонун ва хусусиятхои барҷастаи классикӣ аст. Синамое, ки дар он ахлоқгароӣ нишонаи асосии он мебошад. Филмсозони ҷопонӣ дар пайи кашфи нигоҳи тозае ба зиндагӣ мебошанд. Бинандаи ин гуна осор дар пиндор бо қаҳрамони филм дар роҳи расидан ба ҳадафаш ҳамроҳ шуда, баъд аз кашмакашҳо ва талошҳои каҳрамон дар роҳи расидан ба хадаф дучори таҳаввули шахсӣ шуда ва наҳоят ба таҷрибаи ҷадиде мерасад. Аммо синамои Ҷопон барои мардуми ин кишвар аз воситаҳои асосӣ ва муҳими даромади иқтисоди низ мебошад. Гуё, давлатмандони ин кишвар ба таъсиррасонии синамо дар асри ҷадид пай бурданд, чаро ки Ҷопонро баъд аз ҷанги ҷаҳонӣ дар тамоми дунё  бо унвони кишвари ҷангҷӯ мешинохтанд ва ҳеч зеҳнияти хубе нисбат ба ин кишвар вуҷуд надошт.

Аммо бо талоши ҳунармандон ва филмсозони навоваре  чун Курусово, Узу ва дигарон, фарҳанги ҷопонӣ дар аксари филмҳои дар сатҳи баланд таҳияшуда ба кулли дунё содир шуд. Дар натиҷа мардуме, ки ин филмҳоро медиданд, ба фарҳанги Ҷопон ошно шуда ва ба он алоқа нишон доданд. Шумо мумкин нест дар ҷои аз дунё бошед, ки касе ба таври мисол маънои калимаи самурайро надонад ва ин нишондиҳандаи густариши фарҳанги ҷопонӣ дар дунёст, ки пайомади он рушди иқтисодии ин кишварро ба дунбол доштааст. Оё хонаеро метавонед нишон диҳед, ки ҳадди ақал як василаи электрикии он сохтаи Ҷопон набошад? Албатта, ғайрат ва талошҳои пайгиронаи ин мардумро набояд аз назар дур дошт.

Пас коркарди синамои Ҷопонро агар  хоҳем хулосавор баён  кунем, дармеёбем, ки вазифаи маънавӣ ва ҳунарии он, интишори фарҳанги ҷопонӣ ва тағйири дидгоҳи умуми мардуми дунё нисбат ба ин фарҳанг, сипас алоқамандӣ ба фарҳанги Ҷопон ва баъд аз он алоқа бо истифода аз абзорҳои сохташуда дар ин фарҳанг аст. Чунин ба назар мерасад, ки синамои Ҷопон  ба ҷои ин ки мардуми кишварашро ҳадаф қарор гирад, кулли дунёро нишон гирифтааст ва ин истифодаи дуруст аз таъсиррасонии ҳунари синамо аст. Аммо суханро бо нақди яке аз филмҳои намоишдодашуда дар ин ҳафтаи филм ба поён мебарем.

Мактаб-2. Коргардон: Ёдзи Ямада, Филмномаи: Ёдзи Ямада, Ёситака Асама. Соли 1996.

Филм дар ривояти берунӣ, қиссаи равон ва нисбатан соддае дорад. Ду ҷавони ақибмондаи зеҳнӣ аз мактаби гунгҳо фирор карда ва таҷрубаеро аз сар мегузаронанд. Аммо дар охир, баъд аз кашфи таҷрибаҳои ҷадид тавассути ду муаллим, ки дар пайи онҳо ҳастанд, ба мактаби гунгҳо бар гашта давраи омузишро ба итмом мерасонанд. Моҷаро аз ҷое оғоз мешавад, ки ду ҷавон аз мактаб гурехтаанд. Дар теории сенамо маъмулан 10 дақиқаи аввали ҳар филм ба муарифиятҳои шахсҳо мепардозад ва баъд аз он аст, ки моҷарои шакл мегирад, то бинанда филмро дунбол кунад. Аммо дар ин филм ва намунаҳои аз ин шакл, филм ибтидо бо моҷаро оғоз мешавад, фарори ду ҷавон аз мактаб "ошноии зудоии бинанда" ки ҳамин амр, ҳисси кунҷковии бинандаро таҳрик карда ва коргардон бо эҷоди ҳисси таълиқ бар дунбол кардани филм тавассути бинанда меафзояд. Қаҳрамони аслии филм навҷавони камзеҳн аст ба номи "Токоши", ки бори маънои филмро ба пеш мебарад. Ҳамроҳи ӯҷавони ақлпариши дигарест ба номи "Юя" ки танзи ҷорӣ дар филм тавассути ӯ пайдо мегардад.

Токоши "қаҳрамони филм" ҳадаферо дунбол мекунад. Мисли "ҳаққи зиндагӣ ба шакли як инсони комил". Аммо дар ин роҳ монеъаҳо бар сари роҳаш шакл мегирад. Аз ҷумла: омилҳои табиӣ, ақибмондагии зеҳнӣ - адами дарки дуруст тавассути атрофиён ва ниҳоятан инсонҳои дунёи воқеии ҳозир дар иҷтимо. Моҷарои достон аз бархурди ҳадафи Токоши ва монеъҳои пеши роҳи ӯ шакл мегирад. Ва ба хотири вазъияти ҷисмии Токоши, ин моҷаро дорои бори эҳсосии бисёр қудратманде мебошад. Вай ибтидо омузишро дар мактаб фаро мегирад, сипас тавассути муаллимаш ба корхонае барои кор фиристода мешавад. Аммо қудрати тадбиқ бо он ҷоро надорад, ва аз он ҷо дубора ба мактаб боз мегардад. Ин бор ҳамроҳ бо Юя мактабро тарк карда ва дар роҳи таҷрибакардаи зиндагии воқеӣ қадам мегузорад. Аҷоиб ин ки ин ду нафар моро ба ёди шахсияти достони "Дон Кихот" асари Сервонтес меандозад. "Дон Кихот" ин достон Токоши, ба ҳамроҳи "Санчупанчо" дастиёри камақлаш Юя дар роҳи шинохти дунё сафареро оғоз мекунанд.

Ибтидо ба консерти ҳофизаи мавриди алоқаашон мераванд, ки нишонгири дунёи поки руҳиашон аст.Сипас, ба дидори яке аз дустонашон рафта ва шабро дар онҷо мегузаронанд. Аммо пиндор ин боби табъашон нест ва роҳи табиатро дар пеш мегиранд, ки саҳнаҳои бисёр зебои барфӣ ва парвоз бо парашут (чатр) нишонгари раҳоии онҳо мебошад. Ин сафар бо таҷрибаи дилпазири парвоз ба поён расида ва тавассути муаллимашон дубора ба мактаб боз мегарданд. Токошии интиҳои филм ва ҳатто Юя дигар он ҷавонони ҷангҷӯи ибтидоии филм нестанд ва таҳаввули даруниро дар онҳо мебинем. Ҳатто ин таҳаввулро дар шахсияти ду муаллим низ шоҳид ҳастем. Гуё Токоши намодӣ аст аз инсони саргаштаи асри мудерн, ӯ ибтидо омӯзишро фаро мегирад то битавонад дар ин дунёи пурпечутоб ба зиндагӣ бипардозад. Аммо руҳи инсон бузургтар аз ин аст, ки битавонад  худашро дар ин чорчубаи хафакунанда гирифтор кунад.

Дар ирфон инсон дорои ду ҷанбаи мантиқ ва руҳ аст. Мантиқ ҷанбаи ақлонии инсон аст ва руҳ баёнгари тамоми эҳсосоти башар. Гуё нависандаи сенария ба қасд одамҳои  кундзеҳнро бо унвони қаҳрамон интихоб кардааст, ки амалан ба руҳ ва эҳсоси инсон ишора кунад. Гуфтем ин руҳи ҳассос наметавонад асри пурпечутобро таҳаммул кунад ва танҳо ҷое, ки ӯро розӣ мекунад, паноҳ бурдан ба табиат мебошад. Дар фасли парвози ин ду ҷавон ба парашут ин амр ба зебоӣ ба тасвир кашида шудааст. Ба хусус ба он наворбардории  барфи сафеде, ки нишонаи покӣ мебошад. Аммо ҳар асари ҳунарӣ аз ду ҷанбаъи муҳтаво ва намуд ташкил мегардад, чаро ки агар намуди достон ба дурустӣ баён шавад, сабаб ба дарки муҳтаво ба суи бинанда мешавад. Аз лиҳози техникӣ, мезонсени филм комилан дар ироаи мазмун қарор мегирад, ки ин ҳунари коргардонист.

Фасли (сконс) кор кардани Токоши дар корхонаро мисол меоварем: намоҳои (план) ҳаракатии камера, буришҳои сареъ палонҳо дар эдит ҳамроҳ бо таҳарруки бисёр зиёде ҳам актёрҳо ва ҳам аксасуори (васоили саҳна), ритми (зарбоҳанг) тундеро ба ин сконс медиҳад, ки амалан шитоби дунёи мошинии асри муосирро ба зеҳн мерасонад. Ин саҳнаро муқоиса кунед бо ритми бисёр ороми мактаб, ки  дар он ҷо асл ба тафаккур ва  омузиш аст, ва ритми кундеро талаб мекунад. Аммо дар интиҳо бояд ба бузургтарин нуқтаи заъфи ин филм ишора кард, ки ҳамон поёнаш мебошад, чаро ки муносибтар буд филм дар нуқтаи авҷаш, ки ҳамон парвоз бо парашут буд ба поён мерасид ва баъд аз он ҳар чизе, ки ба намоиш даромад, лаҳни филмро дупора кард. Байни филми намоддин ва филми реолистӣ саргардон шуд.

Дар поён зарурист, ки ташаккури худро ба тамоми баргузоркунандагони ин ду ҷашни хунарӣ нисор кунам, азҷумла ба бародар Холов Комрон корманди сафорати Ҷопон ва ҳамчунин аз Дилноза ва Муҳаммаднабӣ Баёнӣ, ки заҳмати хеле зиед кашиданд, ташаккур кунам ва умед дошта бошам, ки ин фестивалҳо идомадор бошанд. Чунки бо гуфтаи бузурге: дар донишгоҳҳо ва марказҳои омузишӣ алифбои синаморо ёд медиҳанд, аммо шеър гуфтан дар синамо корест, ки фақат метавон аз худи синамо омӯхт.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №27, 04 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi