07:27:06 10-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Фавти ҳар миллат аз марги забон аст

Забони форсӣ ба ҳайси пули устувор пайвандгари се кишвари ҳамзабон -Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Агарчи он дар тӯли таърих бо садамаҳои рӯзгор борҳо ру ба рӯ омад, бо шукӯҳу бузургӣ ва ғановате, ки дошт, барҷо истод, рисолати хешро ҳифз кард ва миёни дигар забонҳои олам чун ахтари тобноке боқӣ монд.

fotima-asad 545454Имрӯз аз он ки ин дурри ноёбро ба се шоха-форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣҷудо намоянд ҳам, он як дарахти сарсабзро мемонад ва решаҳои он ба умқи фарҳанги қарнҳо рафтааст. Ҳар забон дар пайвастагӣ ва ҳамгироӣ рушд мекунад; гӯйишҳои форсии Эрон, дарии Афғонистон ва тоҷикии Тоҷикистон дар сад соли охир бо вуҷуди дурии ҳамзабонон, ки ба сиёсат бастагӣ дошт, он қадар рӯ ба тағйир ва бегонагӣ наниҳод. Ба қавли Мавлавӣ "Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност".

Аммо мо-тоҷиконро дар баёни фикрамон бо забони модарӣ нисбат ба ҳамзабононамон душворӣ домангир аст, гуфтори мо хушку дар ҳудуди чанд калима ва иборае сурат мегирад ва ҳарфҳои шифоҳии мо пароканда ва ба дили сомеъ ба зудӣ наменишинад. Иллати ин чист? Мо дар омӯзиши забон бепарвоем ё дар таълими он костагиҳо вуҷуд дорад? Пажӯҳишгари эронӣ Фотима Асад, ки муддати як сол боз дар Донишгоҳи милии Тоҷикистон аз рӯйи китоби мондагори "Наводир-ул-вақоеъ"-и Аҳмади Дониш таҳқиқот анҷом медиҳад, дар мусоҳиба ба ин масоил то ҷойе рӯшанӣ андохт.

 -Шумо, хонум Фотима Асад, ҷиҳати пажӯҳиш дар Тоҷикистон қарор доред ва тахассуси шумо забони форсӣ аст. Аз нигоҳи шумо сабаби ин косатагиҳо ва иллат дар чист, ки гуфтори шифоҳии мо чунонки мо орзу дорем, равону зебо нест?

-Ташаккур арз медорам аз бародари гиромӣ, ки сари ин масоили забонӣ чунин як суоли зебоеро матраҳ намуданд. Банда ба ҳайси як пажӯҳишгар алъон ҳукм карда наметавонам, ки чаро сухани шифоҳии бародарону хоҳарони тоҷики ман зебо нест. Ин миллат худ қашангу зебо аст ва ҳарфаш ҳам зебо аст. Ба дурустӣ арз медорам, ки вақте ба Тоҷикистон омадам, бо забони форсии қарни панҷуми ҳиҷрӣ (ёздаҳи милодӣ) рӯ ба рӯ шудам, ки ин мояи ифтихорам буд. Як қарн пеш аз ин Одамушшӯаро Рӯдакии бузургвор пояи шеъри форсиро устувор гузошта, Носири Хусрави Қубодиёнӣ "Сафарнома"- хешро эҷод карда буд. То ба олами ҳастӣ чеҳра кушодани Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва бузурговрони дигари адаби форсӣ шайх Саъдӣ ва Хоҷа Ҳофиз сад-дусад соли дигарро интизорӣ кашидем.

Бубинед, ки ин забони ноб бо ун латофату зебогӣ ва перостагие, ки дар қарнҳои гузашта дошт, имрӯз хушбахтона дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Агар ба пасманзари таърихи беш аз ҳазорсола бингарем,баъди истилои араб дар ҳавзаи забони форсӣ таҳаввулоти ҷиддӣ дар эҳёи забони форсӣ замони Саффориён шурӯъ шуд ва даврони Сомониён форсӣ дар давлатдорӣ тасаллути комил ёфт. Мо меросбардори пешгузаштагони хеш ҳастем ва ҳифзу рушди ин забон болои шонаҳои мост. Ҳар таҳаввулоте, ки дар забон рух медиҳад, он хоҳ мусбӣ бошад ё манфӣ бояд аз ҷониби соҳибони он вокунише ба амал ояд. Ман намегӯям, ки мо эрониҳо бо гӯйиши форсӣ зебо ҳарф мезанему тоҷикону афғонҳо бо дарию тоҷикӣ бо костагӣ ва иллат. Интӯр нест. Ҳар гӯйиш хеле зебост. Тоҷикон дар расмиёт умуман нисбат ба эрониҳо адабитар ҳарф мезананд, ки ин барои миллат мояи ифтихор ва тақдир аст.

-Хеле хуб, аммо чӣ бояд кард, ки гӯйиши мо боз ҳам зебо ва аз ғалатҳо дур бошад?

-Ин ҷо, фикр мекунам, як мушкилот вуҷуд дорад. Он ҳам бошад вуҷуд доштани чанд гӯйиш (лаҳҷа) дар кишари шумо. Забони адабӣ бояд муроот шавад. Баъдан, иллатро дар таълиму тадриси забон бояд ҷӯст. Мо дар Эрон калимотро пурра талаффуз мекунем. Ин шурӯъ мешавад аз хона, идома меёбад дар кӯдакистон ва дар дабиристону донишгоҳ тақвият меёбад. Мавлавиро муаллими башарият мегӯянд ва ин бузургвор сухане дар тарбияи нутқи кӯдак дорад:

"Чун сару кори ту бо кӯдак фитод, Ҳам забони кӯдакӣ бояд кушод". Ман ба китобҳои таълимии кӯдакони шумо то ҷойе таваҷҷуҳ доштам, манзурам хурдсолон аст, ки вожа ёд мегиранд. Дар Эрон дар ин масоил таҷоруби зиёд андӯхта шудааст; ба кӯдак аз синни ду-се солагӣ калимот ва ҳарфро меомӯзонанд. Масалан, дар зери расми себ номашро бо ҳуруф менависанд. Бо дидани расми себ се ҳуруф дар мағзи бача нақш мебандад. Бачаҳои боҳуш то синни дабистон тамоми ҳарфҳои алифбои форсиро азбар мекунанд ва тамоми умр ҳамон вожаи "себ"-ро бо ин ном талаффуз мекунанд. Китобчаҳои кӯдакистонҳо бояд аз нигоҳи вожа хеле устувор, ҳар исм (ном) беғалат навишта шавад. Китобчаҳо тарҳи зебо дошта бошанд ва ҷаззобияташон ба устодону бачагонро то ҷойе таъсиргузор бошад. Тамоми мураббиҳо ва устодони дабиристонҳо бояд бо забони адабӣ ҳарф зананд, дар тарбияи нутқ аз гӯйишҳо бояд сарфи назар кард.

-Таҳияи китобҳои таълимӣ барои хурдсолон аз нигоҳи шумо бояд чӣ гуна бошад?

-Аввалан, китоб сарчашмаи дониш аст. Он бояд мазмуни фарогир ва дар шаклгирии нутқ ва тафаккури бача нақши мондагоре дошта бошад. Адабиёти мо қариб, ки муштарак аст. Қиссаҳои қадимии мову шумо ҳеҷ тағйире нахӯрдаанд. Як афсонаи машҳуре мову шумо дорем бо номи "Бузаки ҷингилапо", ки дар Эрон он бо номи "Бузи зангӯлапо" ёд мешавад. Ин афсона ва афсонаҳои дигар дар тарбияи кӯдак ва рушди нутқи ӯ нақши бузурге дорад. Модарбуз дар "Бузаки ҷингилапо"-и тоҷикӣ фарзандонашро бо номҳои "алулак,булулак ва хишти сари танӯрак" ёд мекунад.

Дар "Бузи зангӯлапо"-и эронӣ ин номҳо ба "шангулу мангулу ҳапеҳи ангур" омадаанд, ки маънои "донаи ангур"-ро доранд. Чунин қиссаҳо ва афсонаҳо хеле зиёданд. Бачаҳо бояд аз синни кучакӣ афсона шунаванд, ҳарфҳоро хуб талаффуз намоянд ва шеърҳоро ҳифз намоянд. Як зарбулмасали маъмули форсӣ-тоҷикӣ вуҷуд дорад, ки муаллимони мо онро ҳатман пеши рӯ дошта бошанд .Гуфта шудааст, ки: "Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, то сураё меравад девор каҷ". Фикр мекунам як каму костие, ки дар гӯйиши бародарону хоҳарони тоҷикам ба назар мерасад, аз ин аст, ки ба омӯзиши забони модарӣ аз синни бачагӣ бетаваҷҷуҳ будаанд.

-Ҳифзи забон аз махлутшавӣ, ки ба гӯйиш таъсири манфӣ дорад, чӣ гуна бошад? Дунё дар чархиши бузург аст. Калимоту вожаҳои хориҷӣ тавассути техноложии муосир хоҳ-нохоҳ вориди ҳар забон мешаванд. Соҳибони забон, аз нигоҳи шумо бояд чӣ амали муфидеро анҷом бидиҳанд?

-Ба ин суол посух гуфтан хеле сахт аст. Дар куҷое хондаам, ки дар фалон қарни пасомад дар дунё як ё ду забон боқӣ мемонад ва дигар забонҳо аз истифода канор мемондаанд. Ин, албатта назарияи ғалат аст. Агар ин ҳаводис рух диҳад, забонҳои мутабоқӣ ба марги тадриҷӣ рӯ ба рӯ шуда, соҳибони он ҳам баробари каломашон мемиранд. Мою шумо, ки бо як забону ду гӯйиш ҳарф мезанем, дар пешгирии ин таҳаввулот бояд ташвишу нигаронӣ дошта бошем. Забони форсӣ таърихи хеле куҳан дошта, замони рушду такомули онро ба се давра-бостон, миёна ва муосир (форси нав) ҷудо сохтаанд. Мо аз хатти мехӣ ба арабиасос ва тоҷикон ба лотину криллик гузаштанд. Чунин таҳаввулу падидаҳо дар ҳар замоне ҷанбаи сиёсӣ доштанд; яке ба ҳузури Ислом ва дигаре ба таъсиси имперотурии Шӯравӣ бастагӣ доштааст.

Бо чеҳра кушодани Ислом забони араб тасаллут ёфт, чанд қарне дар ҳавзаи форсизабонон нашри китоб арабӣ буд ва мардум бо мушкил ҳам бошад, онро ҳифз карданд. Эҷоди шеър бо каломи форсӣ дар қарни даҳи милодӣ хеле ривоҷ ёфт ва мо форсизабонон аз бастагии фарҳангӣ то ҷойе раҳоӣ ёфтем. Чунин таҳаввулот низ барои тоҷикон, ки то соли сиюми қарни гузашта хаташон арабиасос буд, бори дувум рух дод. Ҳамаи ин ба забон таъсиргузор аст. То замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони русӣ забони расмии коргузорӣ ва тоҷикӣ дар мақоми дувум қарор доштааст. Азҳамҷудоии форсизабонон, огоҳ набудан ба тағйиротҳои овоии забон то ҷойе се гӯйишро бегона сохт. Хушбахтона, тайи бист соли озодии сиёсӣ ва фарҳангие, ки тоҷикон доранд, равобити фарҳангӣ бо Афғонистону Эрон барқарор ва табодули афкори пешрафта миёни аҳли зиё, ки тақдири забон ба онҳо марбут аст, барқарор гаштааст.

Ҳимояти забон аз махлутшавӣ, пеш аз ҳама, ба дӯши соҳибони он аст. Давлат низ дар ин масир нақши бузурге мебозад. Дар Ҷумҳурии исломии Эрон ниҳоде бо номи "Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ" арзи вуҷуд дорад, ки ҳимоятгари забон аст. Ин ниҳод вожасозӣ мекунад, пажӯҳишро дар сайри таърихии вожаҳои забон анҷом медиҳад. Бубинед, ки дар қарни гузашта вожаи ингилисии " элекопте" ("вертолёт" дар забони русӣ) пайдо шуд. Уламои мо "элекопте"-ро ба вожаи хеле зебо "болгард" баргардон намуданд. Имрӯз дар Афғонистону Покистон "элекопте"-ро ба гӯйиши забонӣ мувофиқ "ҳалебкуптар" талаффуз мекунанд. Дар Тоҷикистон вожаи русии "вертолёт"-ро пазируфтанд, ки он хеле серистеъмол аст. Ҳоло замони ҷаҳонишавӣ аст. Ин сиёсатеро ҳам дар бахши фарҳанг дунбол дорад, ки ба забон таъсиргузор аст. Дар Тоҷикистон Кумитаи истилоҳот ва забон арзи вуҷуд дорад, ки ин ниҳод муҳофизи забон аз махлутшавӣ аст.

Чизи дигаре, ки устувории забонро нигоҳ медорад, таълиму тадриси он маҳсуб меёбад. Бачаҳоро аз хурдсолӣ бояд забонро омӯхт; дар ин росто ҳеч чизро дареғ наварзем, китобчаҳо чоп кунем, синну соли кӯчаконро оғоз аз кӯдакистону то дабиристон ба эътибор бигирем. Донистани забони хориҷӣ низ хуб аст. Аввал бачаро забони модарӣ ёд дод, он гоҳ хориҷӣ. Бисёриҳо назар доранд, ки дар хориҷиомӯзонӣ дар синни кӯдакӣ гуё мушкилӣ нест. Тасаввур кунед, ки бачаи шумо аз кӯчакӣ забони ингилисӣ ва русӣ омӯхт ва таълими забони модариро нагирифт ва шумо бо гӯйиши хонаводагӣ қаноат кардед. Аз ин чиро интизоред? Тафаккури бача ба забон ва фарҳанг бегона шуд ва ӯ хоҳ-нохоҳ забони модариро ба дараҷаи аҳсант намедонад. Омилҳои манфӣ хеле зиёданд. Бовар дорам, ки тоҷикон ин забони нобро ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳанд ва онро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекунанд.

-Ташаккур барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво.

 Мусоҳиб Бурҳон Салмонов, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi