02:22:22 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳар рӯзу ҳар шаби даҳр тазвири умр будаст…

Таҳияи Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Абдуваҳҳоб Бобозода шоири музофотист, аз ҷумлаи касонест, ки дар як рустои дур аз марокизи фарҳангии кишвар шеърсозӣ мекунанд. Ин қабил афрод хеле зиёданд, ки мисраҳои шеъргуна аз қалби салим рӯи коғаз мерезанд ва ба умеди он ки замоне чун дигарон соҳибкитобу маъруф шаванд, он пораҳоро дар дафотири зиёд маҳфуз медоранд.

bobozoda-hamroz-2014Аммо кам касоне ҳастанд, ки муваффақ мешаванд. Аксаран баъди як бор ё ду бор, ки ин ё он нашрия аз чопи шеърашон худдорӣ кард, дилсард мегарданд ва қаламро як сӯ мегузоранд ва дунболи кори худу талоши зиндагӣ мешаванд. Вале ӯ аз ин роҳ барнагашт. Гарчанде борҳо шеърашро, ки ба рӯзномаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ фиристодаву посухе дарёфт накарда буд, аммо боз навишт. Зеро вай наметавонист нанвисад. Вай дарди шеърро эҳсос карда буд, вай бояд менавишт. Ақалан барои худ, барои хонавода ва барои дӯстону пайвандонаш.

Аз сӯи дигар вай бояд менавишт, чун дардошнои мардум буд. Вай табиби бемориҳо қалб аст ва ба дили мардум сару кор дорад. Ва ҳар боре сари болини беморе ҳозир мешуд, аввалин доруи вай каломи шеъролудаш буд. Вай мисраҳои шуарои бузург дар ситоиши дил ва ҳассосияти он мехонд ва дар зимн чун медид, ки бемораш ба суханаш гӯш фаро медиҳад, шеъри худро ҳам қироат мекард. Шояд аввалин хонанада ва шунавандаи шеъраш ҳам бемори ӯ буд, ки ба нияти шифо по ба бемористон мегузошт. Ва табиби зиндадил умеди беморро ба шифо бо каломи омехта бо шеър дучанд мекард.

Ин буд, ки вай тасмим гирифт: бояд бинвисад. Ва навишт. Аммо на чунон навишт, ки шеъраш дар дафтараш бимонад ва аз доираи хонаводаву пайвандонаш берун наравад. Вай тадриҷан ба чопи китобҳояш иқдом намуд ва ҳоло ӯ соҳиби панҷ маҷмуъаи шеър аст, ки тозатарини он "Ҳамроз" мебошад. Аз ин пештар китобҳояш бо номҳои "Ташнаи дидор", "Афсонаи дил", "Ҷоми саршор" ва "Овои дил" ба дасти хонанда расидааст.

Ин китоб ба дасти нигоранда тавассути яке аз ҳаводорони ашъораш Аскарбек Усмонов, ки бо табиб аз наздик ошност, расид. Аскарбек мегӯяд Абдуваҳҳоб Бобозода як табиби ҳозиқи маҳалли худ аст. Бо беморонаш зуд унс мегирад, ташхис мекунад ва илоҷи табобати онҳоро меҷӯяд. Аммо ҳамвора таъкид мекунад, ки "табиб Худо нест, мо кореро, ки аз дастамон меояд, самимона анҷом медиҳем ва шифо дар дасти Парвардигор аст".

Ҳотамбой Боймуродов, ки низ аз ҷумлаи табибони шинохтаи маҳал мебошад, мегӯяд: "Абдуваҳҳоб Бобозода дар кори худ хеле сахтгир аст ва бо вуҷуди он ки духтури хубу донишманд аст, пайваста меомӯзад, шеваҳои нави табобати беморонро аз китобҳои нав ҷустуҷӯ мекунад ва тибқи дастуру таҳқиқоти олимон кор мегирад".

Улфатӣ бо бемор худ як давост. Ва чун китоби ахири ӯро варақ задам, эҳсос кардам, ки мисраъҳо аз қалби дили гӯянда берун ҷастаанд. Ашъори Абдуваҳҳоб Бобозода бӯи сабзаву раёҳини диёраш мекунад. Вай гоҳе аз накҳати Наврӯз маст аст ва гоҳи дигар дар бӯстони сарсабзу махмалини ватанаш сайри маънӣ мекунад.      

Бар машомам бӯи гулҳои баҳорӣ мерасад,

Булбулонро лаҳзаҳои беқарорӣ мерасад

Зиёд метавон дар бораи шеърҳои ӯ навишт. Вале гуфтем чанд намуна орем беҳтар бошад, то хонанда худ қазоват кунад, ки Абдуваҳҳоб Бобозода шеърро чӣ гуна сурудааст.

Эй дил, магар девонаӣ

Эй дил, магар девонаӣ, бар синаам сар мезанӣ,

Гоҳе зи шодӣ, гаҳ зи ғам гаҳ болу гаҳ пар мезанӣ.

Гоҳе чу булбул то саҳар бас шӯру афғон мекунӣ,

Гаҳ рафта худро яксара бар доми дилбар мезанӣ.

Гоҳе чу Маҷнун ку ба ку меҷӯӣ ту Лайлии хеш,

Гоҳе ба мисли соиле худро ба ҳар дар мезанӣ.

Гоҳе ба нофармоният саргашта месозӣ маро,

Гоҳе чаро бар синаам беҳуда нештар мезанӣ?

Намехоҳам зи неконат ҷудоӣ

Намехоҳам зи неконат ҷудоӣ,

Накардам бо бадонат ошноӣ.

Ба уммеде, ки худ фардо ба рӯям,

Даре аз ҷаннатулмаъво кушоӣ.

Маро худ офаридӣ андар ин даҳр,

Зи баҳри некиву ҳам ҷонфидоӣ.

Ба амрат хайру эҳсон пеша кардам,

Вале ҳаргиз накардастам гадоӣ...

Поёни ҳастии мо

Аз баҳри ман гузар кард, айёми навҷавонӣ,

Зору ҳақирам имрӯз аз ҷабри нотавонӣ.

Дунёи бенишонро ҳастии мо нишон аст,

Поёни ин нишонам будаст бенишонӣ.

Роҳи дароз дар пеш рахти сафар бубандем,

Рафтан, ки қарзу ҳам фарз аз ин ҷаҳони фонӣ.

Дӣ гуфт аҷал ба гӯшам: Омода бош ҳар дам!

Бо пойи хеш ҳар рӯз сӯи адам равонӣ

Ҳар рӯзу ҳар шаби даҳр тазвири умр будаст,

Яъне, ки ҷонситон аст, ин гуна меҳрубонӣ.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №03, 22 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi