22:51:55 08-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Камолиддинов: "Забони "Шоҳнома" назар ба забони форсии имрӯзи Эрон ба тоҷикӣ наздиктар аст" – I

Устод Баҳриддин Камолиддинов соли 1935-ум дар ноҳияи Ашт таваллуд шуда, соли 1959-ум Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз замони хамти донишгоҳ то ба ин дам дар ҳамин мактаби олӣ фаъолияти омӯзгорӣ дорад. Доктори илми филология, профессор, академики Академияи байналхалқии маълумоти олӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов дар масоили гуногуни илми забоншиносии тоҷик китобҳои зиёдеро чун "Ҳусни баён", "Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ", "Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ", "Сухандонон сухан санҷида гӯянд" ва ғайра мунташир карда, имрӯз яке аз боризтарин забоншиносони тоҷик маҳсуб меёбад. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо устод Баҳриддин Камолиддинов силсиласуҳбате анҷом дода, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Устод, дар мавриди забони имрӯзи адабиёти тоҷик чӣ андеша доред?Дар забони адабии мо имрӯз чӣ падидаҳо мушоҳида мешаванд?

kamoliddinov 32324-Забон ҳам ба мисли дигар ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ҳамеша дар дигаргунӣ аст ва баробари ҷамъият қадам мемонад. Дар забон ҳам ҳар замон дигаргуниву падидаҳои нав рӯй додан мегиранд. Албатта, баъзан ҳодисаҳое мешаванд, ки барои инкишофи забон халал мерасонанд. Масалан дар давраҳое, ки дар кишвари мо нооромӣ буд, воқеан ҳам ҳам қалами нависанда, ҳам қалами рӯзноманигор ва ҳам корҳои эҷодӣ андаке суст шуд ва ин ба инкишофи забон ҳам бетаъсир намонд ва андаке бесарусомонӣ дар меъёри забони адабӣ ба миён омад. Чунки ин як давраи гузариш аз як марҳала ба марҳалаи дигари забон буд.

Аслан ин марҳалаи гузариш аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта оғоз ёфта буд. Яъне, фишор овардан ба забони тоҷикӣ, ки аз аввали солҳои сиюм оғоз ёфта, то нимаи аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта идома дошт. Ва сабабаш ҳам дар он буд, ки дар фазои сиёсии мамлакат андаке насими адолат вазид ва устодони мо аз мамлакатҳои хориҷа ба мисли Эрон, Афғонистон, кишварҳои араб барои таҷрибаомӯзӣё худ ҳамчун тарҷумон дидан карданд, вазъи забони дарӣ ва забони форсии Эронро диданд, ки соҳибони забон ҳамон анъанаҳои пешинаро идома дода истодаанд. Диданд, ки фишор ба ин забонҳо нест.Мо ҳам ҳамон айём донишҷӯ будем ва мехостем, ки ба ҷойи калимаи "студент" "донишҷӯ" гӯем ё "толибилм" гӯем, аммо муаллимон розӣ намешуданд.

Онҳо мегуфтанд, ки "студент" як калимаи бисёр боифтихор аст. Чӣ хел ин калимаро бо як калимаи дигаре, ки ҳамин гуна як эҳсосоти ифтихор надорад, иваз кардан мумкин аст? Ҳатто соли 1958, ки 1100 -солагии Абуабдулло Рӯдакӣҷашн гирифта мешуд, мо як гуруҳ донишҷӯён ба назди ректор рафта муроҷиат кардем, ки Донишгоҳ ба номи Рӯдакӣ гузошта шавад. Лекин бо ин корамон як "хизмати хирсона" кардем.

Дар ёди касе набуд, ки Университети давлатии Тоҷикистон бояд ба номи ягон касе шавад. Баъди чанде донишгоҳ ба номи Рӯдакӣ не, ба номи Ленин шуд. Вақте мо норозӣ шудему ба нази Солеҳ Раҷабов даромадем, он кас гуфтанд, ки "Ҳамин университетро ба Шумо Рӯдакӣ дод ё Ленин?" Ва маҳз аз ҳамон давра як руҳияи бозсозӣ ҳам дар забон, ҳам дар ҳаёти ҷамъият дар байни ҷавонони тоҷик ба миён омада буд. Марҳалаи дигар замони горбачёвӣ аст, ки ҳамон насими демократия ба мо ҳам вазид, ин ҷунбиш боз бештар шуд. Ва ин бо қабули қонуни чун забони давлатӣ пазируфта шудани забони тоҷикӣ анҷом ёфт.

-Зиёиёнро гузорем як тараф, дар ҳамон давра ҳамин қабули як қонун мардуми оммаро тавониста буд муътақид кунад ба оне ки забони тоҷикӣ ҳам метавонад забони давлатӣ бошад?

- На, баъд аз қабули қонуни забон ҳам мардум дудила буданд, ки забони тоҷикӣ метавониста бошад забони расмии давлатӣ шавад. Аммо, вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худашро эълон кард, мардум гуфтанд, ки ҳа, акнун мешавад, чунки дигар илоҷ нест.

Ва ҳамин гуна андаке ғамхорӣ дар ҳаққи забон ба миён омад. Пайиҳам соли 1989 ду мақолаи Лоиқ Шералӣ, ки яке "Забони миллӣ аз муқаддасоти миллист" ва дигаре "Забон нишонаи шаҳрвандист" ном доштанд, мунташир шуданд. Дар ин мақолаҳо нисбати забони тоҷикӣ андешаҳои хуб гуфта шуданд.

-Таҳаввулот дар забон чӣ гуна ва бо кадом тарз ҷорӣ шуд?

-Адибон баъзе аз калимоти безарура ба забони мо ба тариқи зӯрӣ интиқолшударо оҳиста-оҳиста дигар истифода накарданд. Баъд ба онҳо тақлид карданд журналистон, баъдтар донишҷӯён, устодони мактабҳои олӣ ва ҳамин хел як дигаргунӣ дар забон ба миён омад. Лекин як падидаи нохуш ҳам сар зад, чунки як дараҷа озодии матбуот ба миён омад, аз ҳамин истифода бурда, баъзеҳо як фикрҳои ношоиста гуфтанд.

-Масалан чӣ фикрҳои ношоиста?

-Барои чӣ забони адабӣ дар заминаи лаҳҷаи Бухорову Самарқанд бошад? Чаро дар заминаи лаҳҷаҳои дигари забон нест? Ин фикр нодуруст буд. Чунки дар ҳама забонҳои дунё ҳам яке аз марказҳо, ки дар он ҷо илм, санъат, косибӣ инкишоф меёбад, истилоҳот дар ҳамон ҷо тавлид меёбанд, ҳамон ҷо эҷод мешаванд. На дар як деҳаи дурдасте. Дар ҳамин мавзуъ ман ҳам чандин мақолаҳо навиштам ва дар мақолаам гуфтам, ки дар кафедраи забони тоҷикӣ як хонум дар мавзӯи "Истилоҳоти заргарӣ дар Самарқанд" рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.

Ӯ зиёда аз ҳафтсад истилоҳи заргариро гирд овардааст аз Самарқанд. Ман мепурсидам, ки дар шеваҳо чӣ қадари ҳамин истилоҳоти заргарӣ ҳаст? Ҳунари заргарӣ набошад, аз куҷо дар ҳамон истилоҳоти заргарӣ тавлид меёбад? Масалан, дар деҳаи Ашт истилоҳоти оҳангарӣ бисёр аст, чунки ҳамин ҳунари оҳангарӣ дар ҳамон ҷо ҳаст ва ин ҳунар имрӯз ҳам идома дорад дар байни мардуми деҳаи Ашти ноҳияи Ашт.

- Устод, биёед сари вазъи имрӯзи забон баргардем. Имрӯз дар матбуоти мо, дар осори бархе аз адибони мо корбурди вожаҳои арабие, ки танҳо дар гӯиши эронӣ ё худ теҳронӣ роиҷанд, зиёд ба чашм мехӯрад. Масалан нафароне пайдо шудаанд, ки талқин мекунанд, то ба ҷойи калимаи "хурд" вожаи "кучулу" ё "кӯчак"-ро истифода барем. Гӯё забони адабии мо имрӯз ҳам комилан русизада аст. Онҳо дар ҳаққи ҳар вожа ё иборае, ки барояшон писанд намеуфтад, мегӯянд, "ин дар забони порсии меъёр нест". Сари истифодаи вожаҳои арабие, ки танҳо дар гӯишҳои имрӯзаи Эрон мавҷуданд ва дар мавриди меъёри забони мо чӣ мегӯед?

- Меъёри забони адабии мо бояд ҳамон забони ноби классикӣ бошад. Ин як падидаи наҷиб аст, ки ҳазор сол мегузарад ва баъд аз ҳазор сол сурудаҳои шоирро талабаи синфи якуму дуюм хонда, маънояшро мефаҳмад. Дар дунё ин гуна забонҳо набудааст. Танҳо забони мост, ки ҳамин гуна хусусият дорад. Ба ҳамин муносибат ман як воқеаро ба Шумо нақл мекунам. Баъди он нобасомониҳо солҳои 1993-юм ва 1994-ум ду маротиба, паи ҳамдигар Форуми тоҷикони ҷаҳон баргузор шуда буду аз тамоми дунё форсизабонону шарқшиносон ҷамъ омаданд. Дар доираи ҳамин форум як суҳбати наҷиб ба ман муяссар шуд бо олими амрикоӣ Ричард Фрай.

Мо се кас дар як хона меҳмон будем: Ричард Фрай, шарқшиноси гурҷӣҶамшед Гюнашвили ва мани тоҷик. Ба ҳурмати ман суҳбати мо ба забони тоҷикӣ буд. Ричард Фрай озод ба забони тоҷикӣ гап мезад. Ҷамшед Гюнашвили бо тоҷикӣ ҳамон қадар шеър мехонд, ки назираш кам тоҷик медонад. Гап омаду ман аз Ричард Фрай пурсидам, ки оянда шамъи забони тоҷикӣ дар кадоме аз се давлати форсигӯ фурузон мемонад? Ричард Фрай гуфт, ки дар Тоҷикистон. Ман табассум кардам ва ӯ мақсади маро зуд пай бурд. Охир мо камнуфуз ҳастем, Эрон сернуфуз аст. Вай ба ман нигоҳ карда гуфт, ки ман далел дорам. Пурсидам, ки чӣ далел?

Ҷавобдод, ки "далелиякумиманҳаминкизабониқадимаифорсироШумобеҳтарнигоҳдоштаеднисбатбаэрониҳовуафғонҳо. Агар бовар накунед, ба забони "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ бингаред. Забони ин шоҳасар назар ба забони форсии имрӯз ба забони адабии тоҷикии Шумо наздиктар аст. Далели дуюмам ҳамин ки мардуми тоҷик мардуми бумиянд. Аммо аз Афғонистону Эрон мардуми зиёде баромада рафтанд. Бинобар ин асолати забонро беҳтар нигаҳ доштааст." Ақидаи ман ҳам ҳамин аст, дигар нашудааст. Ҳатто Президенти кишвар ҳам чандин бор гуфтанд, ки забони ноби худамонро бояд эҳтиёт кунем, то олуда нашавад.

Аммоинҷоякчизидигарҳамҳаст. Як муддат мо дар садсолаи ахир аз ҳамон асолати худ андаке дур рафтем. Лекин дар Эрону Афғонистон ҳамон анъанаи гузаштагонро идома доданд. Мо як миқдор калимаҳои душворфаҳми арабиро аз забони худ дур афкандем, онҳо нигоҳ доштанд, махсусан забони форсӣ. Масалан дар забони форсӣ шакли ҷамъи калимаи "устод" - "асотид" ҳаст, дар мо нест. Вақте устодон аз Эрон ба донишгоҳи мо омаданд ва ба мо "асотид" гуфта муроҷиат карданд, ба гӯши мо ин вожа бегона расид.

Худатонмуқоисакунед, киасотидгуфтанбеҳтарастёустодон? Чаро мо "устодон"-ро монему "асотид" гӯем? Аммо мо бояд аз ҳар чизе ки онҳо дар соҳаи истилоҳоти илмӣ дастовард кардаанд, баҳра барем. Масалан вожаи "презентация"-и русиро аввал "муаррифӣ кардан" гуфтем ва ин аз Эрон ба мо омад ва мо ҳам истифодаи онро афзалтар донистем. Лекин онҳо бо ҳамин қаноат накарда, баъд калимаи форсии "рӯйнамоӣ"-ро ёфтанд, ки ба мо ҳам хеле писанд омад. Барои чӣ ба мо маъқул шуд? Барои он ки ба табиати забони мо мувофиқ аст ва барои исбот мо калимаи "рӯйбинон" дорем.

(Идома дорад)

Суҳбати Баҳманёр, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №30, 25 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi