05:28:40 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони дуздҳо – IV

ё қиссаи талхи аввалин «вор в законе»-и Осиёи Марказӣ

Мирсаид Миршакар, Шоири халқии Тоҷикистон

Дар Каттақӯрғони Ӯзбакистон ба даст афтодам. Суд бо ҳукми худ  маро даҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Тамоми кӯшишҳои ман, ки бояд гурезам, бенатиҷа анҷомиданд. Он гоҳ ба идораҳои марказӣ шикоят кардан гирифтам ва ғавғо бардоштам, ки маро нодуруст ба ҳабс гирифтанд, лекин аз ҳама ҷо ҷавоб омад, ки "ҳукми суд дурусту одилона аст".

sultoni-duzdho 544546Дар давоми чандин сол, ки машғули дуздӣ будам, борҳо ба даст афтодам, ҳабс шудам, лекин ягон бор кӣ буданамро нагуфтам.  Нахостам, ки барои халосии худ шуда номи модарамро доғдор кунам, лекин ин дафъа ноилоҷ будам. Кӣ будан ва ба чӣ кор машғул буданамро як ба як навишта, аз ҳукумат хоҳиш кардам, ки ба ҳурмати модарам, ба ҳурмати модари қурбон шудаам, охирин бор гуноҳи маро бибахшанд…

Ҳукумати Шӯравӣ, ки ҳамеша барои ислоҳ кардан ва тарбия додани ман мекӯшид, аз нав ба умеди он ки ин дафъа ба ваъдаи худ вафо мекунам, гуноҳамро бахшид ва пеш аз муҳлат маро аз ҳабс озод кард. Ман аз нав дурӯғгӯ баромадам.

Дар Деҳнави Ӯзбакистон дӯсти кӯҳнаи ман Афғон маро пешвоз гирифту ба хонааш бурд. Зиёфат дод. Рӯзи дигар боз ба дуздӣ даст задам. Лекин ин дафъа, намедонам, барои чӣ бошад, ки шабу рӯз фикру хаёлам парешон буд. Ба ман чунин менамуд, ки модарам маро таъқиб карда, ҳар замон мегӯяд: "Фарзанди нохалафи ман! Чаро номамро доғдор кардӣ?!".

Хостам бисёртар ба китобхониву киноравӣ вақтамро гузаронам, то гузаштаи доғдори худро даме ҳам бошад, фаромӯш кунам. Лекин чӣ қадар бештар китоб мехондам ва ба кино рафтам, ҳамон қадар виҷдонам маро азоб медод. Гӯё тамоми мавҷудоти олам:-хонаҳо, кӯчаҳо, дарахтон, замини пахтазор, боғҳо, шаҳрҳо, одамон, ҳатто офтобу моҳу ситораҳо аз ман рӯ гардонда бошанд, бо нафрат ба ман менигаристанд…

Ин буд, ки ба дӯстам Афғон чизе нагуфта, ба Сталинобод омадам. Соати дуи шаб. Хомӯшӣ. Ларзону сархам назди ҳайкали қаҳрамонони ҷанги гражданӣ, ки дар боғи шаҳрӣ гузошта шудаанд, омада истодам. Бо хиҷолат сар бардошта, номҳои шаҳидони роҳи озодиро, ки бар лавҳаи ҳайкал навишта шудаанд, аз назар гузаронидам. Баъд рафта ҳарфҳои номи модарам Зайнаббибиро бӯсидам, рӯямро ба онҳо молида, хостам, ки чизе гӯям, аммо овозам ларзид. Худамро ором кардам, лекин ҳамин ки калимаи "модар"-ро бар забон овардам, аз нав гулӯям гирифт. Дар ҳамин вақт ба бадбахтии ман овозе ба гӯшам расид: "Султони дуздон!". Зуд худро қафо кашида, дар торикии шаб пинҳон гардидам.

Шаби дуюм ба Кӯктош рафтам. Дар ҷое омада нишастам. Замини он ҷоро бӯсида ва бо овози маҳзуне:

- Модарҷон, - гуфтам, - дар ҳамин ҷо охирин бор номи маро бар забон оварда будӣ. Охирин бор аз забони ту калимаи "писари ширинакам"-ро шунида будам… Охирин бор… Модараки нокомам! Ман то ба ҳол ҳеҷ чизро фаромӯш накардаам. Ман писараки нозпарвари ту будам. Ту ба ман ҳамеша бозичаҳо меовардӣ. Ҳамин ки вориди хона мегаштӣ, дастонатро ба сӯям дароз карда: "Писараки қаҳрамонам" гуфта, маро фарёд мекардӣ. Ту ҳарисона аз лабонам, даҳонам, лунҷҳоям, пешониам, сарам мебӯсидӣ ва ҳар бор мегуфтӣ: "Писарам ҷавонмарди боғайрат мешавад", "Писарам, ки калон шуд, бо ҳамроҳии Муқим Султон-командир бар зидди душманони Ватан мубориза мебарад"… Ҳатто дар дақиқаҳои охирини ҳаётат бо умеди бузурге ба сӯям нигоҳ мекардӣ. Бовар доштӣ, ки ман, фарзанди дилбандат, кори бошарафи туро идома медиҳам…. Аммо ман?... Эҳ, модари меҳрубонам, шарм медорам, забонам ба гуфтан намегардад.

Модарҷон, бори аввал аст, ки худамро то ин дараҷа заифу нотавон ҳис мекунам. Намедонам, чаро овозам меларзад? Чаро ашк ба рухам ҷорист? Чаро бо муҳаббати фарзандӣ калимаи "модар"-ро бар забон оварда истодам. Охир, ман бо одамоне калон шудаам, ки ишқ, муҳаббат, ашк, ғаму ғусса, меҳри фарзандӣ, раҳму шафқат барои онҳо бегона аст. Ману ёрони ман дили сангине ва беэҳсосе дорем, ки вай лаззати кушода шудани ғунчаро медонаду на лаззати бӯйи хуши  гулро ва на аз пажмурдани он ғаме ҳис мекунад… Пас ба ман чӣ шуд? Ҳеҷ намефаҳмам? … Наход ки ту модари ман дубора зинда шуда: "Вой, Икромҷон, ту куҷоӣ?",-гуфта, дар кӯча маро ҷустуҷӯ карда ёфтаӣ ва акнун аз дастам дошта мехоҳӣ, ки аз дунёи ҷиноят ба дунёи адолат ва ростӣ барӣ... 

Оре, ту борҳо маро аз марг наҷот дода будӣ. Дар ёд дорам, мо ҳанӯз дар қишлоқи хурди худ будем. Босмачиён омада дар хонаи бойи қишлоқ меҳмон шуданд. Ҳангоми бузкашӣ бачаҳо маро тела доданд, ман дар ҷӯй афтодам, аз он ҷо баромада ба тарафи ҳавлиамон тохтам. Якбора бузкашон аз пешам баромаданд. Дод задам. Дар он лаҳзаҳо  агар ту намебудӣ, ман дар зери суми аспони аз бузкашӣ мастшуда майда-майда мешудам. Шояд мурданам беҳтар мебуд. Охир, он гоҳ ту ва хешу таборамон ба сари мурдаам ҷамъ шуда, ашк мерезондед, баъд маро чун фарзанди  инсон бурда ба хок месупоридед ва ягон гапи неке дар ҳаққам мегуфтед, лекин ҳозир бошад…

…Алвидоъ",- гуфта равон шудам. Шаш қадам дуртар рафта истодам ва бар санги сиёҳе нишастам. Назарам ба гулҳои рангоранги баҳорӣ афтод. Хам шуда хостам гулеро канаму бӯй кунам. Аммо боз дастамро қафо кашидам:

- Ҳамеша хандон бошед, - гуфтам, - эй гулҳои баҳорӣ! Нашъунамо кунед ва ин ҷойро бо рангҳои гуногуни худ  оро диҳед ва бо бӯйи латифи худ муаттар созед. Дар ин ҷо модари мушфиқи ман… Эй, ман чӣ гуфта истодаам?!

 Хостам бо овози баланде дод занам, наҷот пурсам, то ин ки ҷӯраҳоям маро шунида, ба ёриям бирасанд ва ман ба онҳо фаҳмонам, ки султони онҳо дар байни ду роҳ истодааст ва ба кадом роҳ рафтанашро намедонад. Аммо аз дасти онҳо чӣ ҳам меояд? Онҳо ҳамчун ман дар зиндагӣ танҳо як роҳ-дуздӣ, раҳзанӣ, қартабозӣ, одамкушӣ, мастӣ, барои бахти худ бадбахт кардани дигаронро медонанду бас. Хостам ба он роҳе, ки то имрӯз мерафтам, қадам гузорам, аммо пойҳоям аз амри ман саркашӣ мекарданд.

Дуртар рафта ба дарахте такя карда, аз нав ба модарам муроҷиат кардам:

- Модарҷон, чаро хомӯшӣ? Ту дигар он Зайнаббибӣ нестӣ, ки дар вақти узви кумитаи инқилобӣ ва раиси ҷамоат буданат ҳар рӯз даҳҳо ва садҳо камбағалон аз ту маслиҳат мегирифтанд ва мушкилоти онҳоро ҳал мекардӣ. Бо дидаи гирён ба наздат меомаданду бо чеҳраи хандон аз наздат мерафтанд. Пас,  чаро ба ман, ба писари гумроҳи худ маслиҳат намедиҳӣ? Ту мепурсӣ, ки чаро ин роҳи вайронро интихоб намудам? Оре, барои интихоб намудани ин роҳи разолат ва ҷиноят ҳеҷ асосе набуд. На гушна будаму на ташна, на сарлучу на пойлуч. Ҳукумат мекӯшид ва ғамхорӣ мекард, ки маро аз ин роҳи нодуруст баргардонад. Аммо ман… Эҳ, модарҷон! Ту мехоҳӣ, ки ман саргузаштамро ҳикоя кунам. Ин мумкин нест.  Метарсам, ки баъди ҳикоятам на танҳо ту, балки худам аз худам безор мешавам. Не, не, маро азоб надеҳ, бе он ҳам сӯхта истодаам.

… Чӣ қадар дод задам, фарёд кардам, аз модарам ҷавоб наомад. Аз он ҷо рафтам. Ду рӯз девонавор дар кӯчаҳои Кӯктош мегаштам ва рӯзи сеюм омада дар назди қабри модарам сар фароварда, таслим шудам:

-  Оре, ҳақ ба ҷониби туст, эй модари меҳрубонам! Дар боғи ҳаёт ман дарахте ҳастам, ки на бор дораму на бар ва на сояе, ҳатто чӯби хушки ман ҳам ба кор намеояд. Пас, ин ҳастии ман баробар бо нестист. Дирӯз дар чойхона нишаста чой менӯшидам. Дуртар ду нафар коргари ҳамсиннам саргарми суҳбати аҷибе буданд. Дар охир яке дастҳои худро нишон дода, бо ифтихор гуфт: "Ин шаҳри азиму зеборо бо ҳамин дастони худ сохтам!". Лекин ман… Ман беихтиёр ба дастони худ нигоҳ кардам. Дар ҳамин вақт овози ту ба гӯшам расид: "Писарам, ту бо ин дастонат чӣ қадар биноҳои нав сохтаӣ? Чӣ қадар ниҳол шинондаӣ? Чӣ қадар замини навро корам кардаӣ? Ба чанд кас дасти ёрӣ дароз кардаӣ?...". Модар, маро бибахш, ба пурсишҳоят ҷавоб наёфтам… Ягона посухам ҳамин аст, ки вақте ки ҳозир ба гузаштаи худ амиқтар нигоҳ кардам, дар назарам торикистоне  намудор шуд, ки на осмон дораду на замин, на ситораву на маҳтоб. Торикистони даҳшатоваре!...

Ман шаҳрҳои бисёреро номбар кардам, ки ба он ҷойҳо ё рафта будам ё маро фиристода буданд, лекин ин маънои онро надорад, ки ман аз тамошои онҳо лаззат бурда бошам. Ҳаргиз! Ҳаёти мо-дуздон чунон безавқу лаззате буд, ки ба ҳар шаҳре, ки мерафтем, диққати моро танҳо бозорҳои кӯҳнафурӯшӣ, одамони серпулу даҳанвоз ба худ ҷалб мекарданд. Дар ҳама кор айбдор худи ман. Каси дигареро гунаҳгор карда наметавонам, лекин ман аз ояндаи худ ноумед нестам. Танҳо як чиз мехоҳам, - чунон кор кунам, ки лоақал ба яке аз ин суолҳои модарам ҷавоб гардонда тавонам. Хуб медонам, ки ҳамаи ин вобаста ба худи ман аст! Оре, ҳама вобаста ба худи ман аст…

Ман аз нав муроҷиат кардам:

- Модарҷон, ҷавоб деҳ, ин роҳи интихобкардаи ман ба ту писанд аст ё не? Дар ин ҳангом ба ҷойи овози модарам садои гудоки заводҳо, поездҳо, ғурриши тракторҳо, машинҳо, оҳанги суруди заҳматкашони шаҳру деҳот ба гӯшам расид...

Беихтиёр аз ҷо ҷастам, ашкҳоямро тоза карда, бо оҳанги суруди меҳнат ба колхози "Москва" рафта арз намудам: "Ман писари Зайнаббибӣ - Икром Қурбонов мебошам, ки дар ҳамин колхоз таваллуд шудаам.То имрӯз султони дуздҳо будам. Имрӯз истеъфо дода, ба назди шумо омадаам. Аз ман рӯ нагардонед! Ба ман имкон диҳед ва ёрӣ расонд, ки сазовори номи бошарафи шаҳрванди Иттифоқи Шӯравӣ  гардам".

Чунин аст саргузашти тираву тори ман ва ман онро ба шумо барои он ҳикоя кардам, ки онро нависед, чоп кунед, дастраси хонандагон гардонед. Шояд ба дарди касе дармон шавад. Охир, "Тошҳо"-и бадкирдору  маккор ва "Икромҳо"-и содаву сустирода кам бошанд ҳам, ҳанӯз ҳастанд!

Соли 1971

Таҳияи Қиёмиддин Сатторӣ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №31, 30 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi