12:56:44 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Умар Сафар: "Забони тарҷумаи форсии "Духтари оташ" аз забони асли он зеботар аст"

Умар Сафар дар деҳаи Сари мазори ноҳияи Ховалинг таваллуд шудаву Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва дар бахши таҳқиқи адабиёти муосири Тоҷикистону Эрон корҳои чашмгиреро анҷом додааст. То ба имрӯз китобу рисолаҳои ӯ амсоли "Пайраҳаи Нимо", "Сиёвуши Касроӣ ва шеъри нави Эрон", "Мусофири ҷодаи хуршед", "Нимо ва шеъри форсӣ", "Инқилоби маршрута ва шеъри муосири Эрон", "Аз хоки рангбохта", "Тавбаҳои дардолуд" ва ғайра мунташир ва ба дасти хонанда расидаанд.

umar-safar 545565Профессор Умар Сафар ҳамчунин ба эҷоди қиссаву достонҳои кӯтоҳ низ даст задаву дар ин росто низ комгор шудааст. Осори адабии ӯ чун "Шаҳноза", "Бӯйи шаб", "Бозгашти падар" ва "Садое аз хилват" аз ҷониби хонандагону мунаққидони кишвар баҳои сазовор гирифтаанд. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо устод Умар Сафар дар мавриди фаъолияти эҷодии ӯ ва ҳамчунин дигар масоили адабиёти имрӯз суҳбате анҷом дод, ки онро манзури Шумо мегардонем.

-"Забони нобу шодоби насри устод Умар Сафар, ки бисёр пурсармояву бенамунаву зебост, ба андешаҳои ҳакимона иттиҳоди бешикаст ёфтааст…"- навишта дар пешгуфтори қиссаи "Садое аз хилват "-и Шумо хонум Фарзона. Албатта ин баҳои хеле баланд аст, аммо пурсидан мехоҳам, ки чӣ гуна қиссаи Шумо пеш аз нашр ба дасти устод Фарзона уфтод ва ё худ чаро хостед маҳз Фарзона пешгуфтори қиссаи Шуморо бинависад. Чаро масалан Кӯҳзод, Сорбон ва ё Саттор Турсуну Абдулҳамиди Самад на?

-Мо бо Фарзона аз қабл ошно будем ва зимни ҳамоишҳои оид ба шеъри форсӣ сафарҳои муштараке ҳам ба Эрон доштем. Ҳангоме ки қиссаи "Садое аз хилват" навишта шуд, ногоҳ дар зеҳнам чунин фикре сар зад, ки беҳтар буд, агар пешгуфтори онро Фарзона менавишт. Чунки он масоиле, ки дар ин қисса матраҳ шуда, фикр мекардам бештар ба ҷаҳони андешаи Фарзона қаробату наздикӣ дорад. 

Шояд аз оне ки қаҳрамони аслии ин қисса зан аст, Фарзона беш аз каси дигаре метавонист ба умқи дардҳои як зан бирасад. Аз ин рӯ, вақте "Садое аз хилват" омодаи чоп шуд, ман онро тавассути яке аз дӯстонам ба Фарзона равон кардам ва ӯ дар муддати хеле кӯтоҳ ин пешгуфторро навишт ва хеле самимӣ ҳам навишт. Аз нигоҳи нақди имрӯз бигирем, дар ин пешгуфтор дар сатҳи олимонаву муҳаққиқона он масоиле, ки дар қисса баён шуда, хеле хуб таҳлил шудаанд.

-Шумо солиёни дароз ба таҳқиқи назми Эрон машғул будед, чӣ боис шуд, ки биёед ба ҷодаи навиштан? Манзурам навиштани осори бадеист…

- Ҳаргиз дар зеҳнам нарасида буд, ки рӯзе бирасад шуруъ бикунам ба навиштани қисса ё достони кӯтоҳ. Аммо зиндагӣ гоҳо пешорӯйи инсон як ҷаҳони розолудро мегузорад ва ба хотире, ки ин дунё кашф шавад ва ё розе аз ин дунё пай бибарӣ, гоҳо даст ба корҳое мезанӣ, ки аз қабл нияти онҳоро надоштӣ. Нахустин коре, ки ман кардам, дар рӯзҳое буд, ки яке аз азизон бемори сахт буд.

Беморе, ки умед набуд, зиёд умр бубинад. Ва дар рӯзҳое, ки мо ӯро бемордорӣ мекардем, шуруъ кардам ба навиштани ҳикояи кӯтоҳе бо номи "Модар биҳишти мост" ва нахустин шунаванда ҳам ҳамон бемор буд. Баъди навиштани ҳамин ҳикоя буд, ки фикр кардам, ман ҳам шояд битавонам чизе бинависам. Пас мояи қалам ба даст гирифтанам ҳамин дард буда. Дарде, ки ҳар яки мову Шумо дорем. Ҳамон дард маҷбур мекунад, ки онро ба дигарон қисмат кунӣ.

-Дар навиштаҳои Шумо чизе, ки диққатии маро ба худ ҷалб кард, сохтани ба истилоҳ тоблуҳои зебо аст. Ин шояд таъсири ҳамон таҳқиқоти доманадори осори Нимо бошад? Чун дар ин ҳунар ӯ хеле пешгом аст…

-Албатта, вақте осори як шоир ё нависандае мавриди баррасӣ қарор мегирад, хоставу нахоста таъсире дар инсон мегузорад. Аммо дараҷаи ин таъсир фаврӣ эҳсос намешавад ва шояд замоне, ки муҳаққиқ худ мехоҳад чизе биофаринад, он таъсироте, ки дар зеҳн як вақте гузошта шудаанд ва ё дар гӯшаи зеҳн дар хилват нишастаанд, оҳиста-оҳиста бедор мешаванд.

Вақти офаридан шояд худи нависанда эҳсос накунад, ки шабеҳ ҳамин як чизи дигаре дар ҷойи дигаре ҳаст. Аммо дар маҷмуъ, ҳар тоблу ё ҳар саҳнаеро, ки дар дилхоҳ асар тасвир мешавад, наметавон гуфт, ки комилан худист. Бардоште аз дигарон аст. Яъне дар зеҳн сояҳое ҳаст ва онҳо чун якҷо мешаванду меомезанд, як чизи тозае офарида мешавад. Ин қонуният аст ва ҳеҷ касе аз ин истисно нест.

-Забони насри Шумо хеле дилнишин аст ва устод Фарзона ҳам забони қиссаи Шуморо хеле васф карда. Забони насри мо бояд чӣ гуна бошад ва ё забони насри имрӯзи Эрон зебост ё забони насри тоҷик?

-Аслан байни забони форсӣ ва забони тоҷикӣ фарқ гузоштан кори беҳудаест. Бештар онҳое даъво ва ё сару садо баланд мекунанд, ки вақте рӯзнома мехонанд ё вақте китобе мехонанду чанд калимаеро намефаҳманд, натиҷа мегиранд, ки модоме ин каламот барои онҳо ноошност, он ҳатман аз забони форсии Эрон аст. Дар ҳоле ки агар даъвои онҳо таҳқиқ шавад, мо мебинем, ки он калимаҳо дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ҳам ҳастанд.

Агар гап сари тақлид бошад, ман ҳам муқобили тақлид кардан ҳастам. Аммо намешавад, ки тамоман ба забони роиҷи матбуоти Эрон, ки бештар ба лаҳҷаи Теҳрон такя мекунанд, тақлид кард. Аммо забони тоҷикӣ ҳам наметавонад, ки дар як қолабу дар як маҳдуда бимонад. Намешавад, ки танҳо бо калимаҳое, ки мо медонему дар забони роиҷи мост, асар бинависем. Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар мавриди истифодаи вожагони арабӣ забони адабии имрӯзи форсӣ хеле махлут аст.

Шояд он калимаҳое, ки аслан зарурати истифодааш ҳам нест. Аммо ин корро мекунанд. Онҳое, ки дар риштаи худ пешгом ҳастанду мутолиаи зиёд доранд, аз истифодаи ин гуна калимаҳо мепарҳезанд, вале иддае, ки мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки онҳо хеле зиёд зеҳни пурбор доранд, дар ин росто тазоҳуре мекунанд. Дар мавриди осори худи ман бошад, ман ҳеҷ гоҳ дар пайи он набудаам, ки тақлид кунам ба забони форсӣ. Аммо ҷо-ҷое каламотеро истифода кардам. Аз ин ман парҳез намекунам, вақте мебинам, ки барои ифодаи ҳамон андеша калимае пайдо намекунам, ки дар забони тоҷикӣ бошад.

-Забони матбуоти Эронро мегузорем канор, аммо забони адибоне чун Ҳидояту Алавӣ ва Давлатободӣ хеле дилнишину муассир аст…

-Дар ин миён ман аҷр мегузорам ба забони Давлатободӣ. Забони Маҳмуди Давлатободӣ метавонад, ки хеле уфуқҳои тозаеро пешорӯйи як нависандаи ҷавон боз бикунад.

-Ва забони "Калидар"-и Давлатободӣ ба забони адабии имрӯзи мо чӣ қадр наздик ҳам ҳаст…

-Бале, хеле зиёд наздик аст ва нависандагонни мо бояд аз онҳо биёмузанд. Онҳо аз забони мо намеомӯзанд, чун бештар бо хатти сириллик ошно нестанд ва шояд ниёз ҳам надоранд. Аммо ба ҳар сурат мо ниёз дорем ва гузашта аз ин нуктаи дигаре, ки барои онҳо дунёҳои тозаро боз мекунад, боз ҳамон хатти форсӣ аст. Ин қадар румону ин қадар осори адабие, ки аз забонҳои хориҷӣ ба форсӣ тарҷума мешавад, дар тарҷума мо мебинем, ки забони форсӣ боз поктару софтар мешавад. Ва аҷибаш он ки вақти тарҷума мутарҷими иронӣ аз калимоти арабӣ ҳам хеле кам кор мегирад.

Масалан, романи Ҷалол Икромӣ "Духтари оташ"-ро як иронӣ аз фаронсавӣ тарҷума карда ва номашро ҳам тағйир додаву "Фирӯза" гузоштааст. Аммо ин қадар забони зебо. Ман бо камоли боварӣ мегӯям, ки забони тарҷумаи ин роман ба форсӣ аз забони асл зеботару ширинтар аст. Зеро дар "Духтари оташ" каламоту таркиботи лаҳҷавӣ хеле зиёд истифода шудаву сохтори ҷумлаи тоҷикӣ дар бисёр ҷо халалдор гардида. Ва он шириние, ки ман дар забони тарҷума эҳсос кардам, дар забони "Духтари оташ" гумон мекунам, ки ба чашм намехӯрад.

-Дар қиссаи "Шаҳноза"-и Шумо тақдири як ҷавонмарди тоҷике тасвир шуда, ки замони Шӯравӣ барои хизмат ба Афғонистон меравад ва онҷо бо русдухтаре ошноӣ пайдо мекунаду аз ин пайванд самаре ба дунё меояд бо номи Шаҳноза. Ва табиист, ки баъди адои хизмат ҷавони тоҷик ба Тоҷикистон меояд ва Шаҳноза бо модараш дар Русия дур аз падар ба воя мерасад. Қурбониҳои ҷанги Афғонистон бисёранд, аммо тақдири Шаҳнозаро ҳам метавон як қурбонии ин ҷанг пиндошт? Чун бо ёди падару дур аз падар аслан зиндагие хуше ҳам надорад.

- Шаҳнозаро намешавад гуфт, ки қурбонии ин ҷанг аст ва ё бурди он. Сарнавишт гоҳо инсонҳоро дар як замону дар як макону дар як лаҳзае ба ҳам рӯбарӯ мекунад, ки гӯё пайванд муҷоз нест, аммо иқтизои зиндаги инсонӣ ҳамбастагие эҷод мекунад. Ҳарчанд онҳое, ки пайванд эҷод мекунанд, баъдан дар дил эҳсоси пушаймонӣ мекунанд. Ва он самаре, ки аз ин пайванд ба бор меояд, он ҳам ҳосили сарнавишт аст.

ӣ боис шуд, ки даст занед ба мавзӯӣ Афғонистону тасвири ҷанги он?

- Вақте ба навиштани ин қисса шуруъ кардам дар зеҳни ман на Афғонистон буду на ҳаводиси он, аммо чун мабдаъи қисса онҷо буд ва қаҳрамонони қисса ҳам як шабеҳе дар Афғонистон доштанд, хоставу нахоста бояд аз он лаҳазот, яъне аз Афғонистону ҳаводиси он ёд мешуд. Ва дар зимн он чизе бояд гуфта мешуд, ки дар замони Шӯравӣ мо наметавонистем онро бигӯем.

-Имрӯз дар бозори китоби ҷаҳонӣ осоре, ки ба мавзӯи вазъи Афғонистон бахшида шудаанд, харидори бештар доранд. Ният надоред, ки ин қиссаро ба забонҳои дигар тарҷума ва ба арсаҳои васеътаре пешниҳод кунед?

- Ман ҳам мехоҳам, ки ин қисса аққалан ба забони русӣ тарҷума шавад ва ин танҳо хоҳиши ман ҳам нест. Баъзе аз рафиқонам, ки ин асарро хондаанд, ба ман маслиҳат медиҳанд, ки агар ба русӣ ё англисӣ тарҷума мешуд, тавфиқи бештар меёфт. Аммо имрӯз дар Тоҷикистон тарҷумони хуб хеле камшумор аст. Дуввум ин ки нафаре, ки битавонад бисёр хуб тарҷума кунад, дастмузди зиёд талаб мекунад, ки ин дар доираи имконоти моддии ман нест. Аммо дунё ба умед аст.

-Сипос барои гуфтугӯи самимӣ.

Суҳбати Баҳман, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №01, 08 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi