13:17:40 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Cабоҳат Қосимова: "Агар сарҷамъ шуда, дасти Фаррухро мегирифтем, шояд ӯ умри зиёд медид"

Театри "Аҳорун" соли 1990-ум дар заминаи театр-студияи таҷрибавии Фаррухи Қосим, дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Рӯзи 30-юми январи ҳамон сол нахустин намоиши ин театр "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" Гран-Прии нахустин Ҷашнвораи театрҳои тамошобини ҷавони Осиёи Марказиро ба худ касб карда ва дар моҳи ноябри ҳамон сол дорандаи Гран-Прии "Наврӯз 90" дар Ҷашнвораи театрии минтақаӣ шуд.

1-sabohat-qosimova 545445Ва ин оғози роҳи театри Фаррух, боризтарин коргардони насли нав дар театри тоҷик буд ва ҳамин гуна то даргузашти Фаррух, моҳи феврали соли 2010-ум театри ӯ парчамбардори ҳунари театрии тоҷик маҳсуб меёфт. Барои огаҳӣ ёфтан аз вазъи имрӯзи ин театр хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман ба хонаи синамои "Горкий"-и шаҳри Душанбе, ки чанд сол қабл ба ихтиёри "Аҳорун" гузошат шуда буд, рафт, аммо ин бино дар ҷараёни таъмир буду бинокорон гуфтанд, "Аҳорун" муваққатан кӯчида ба китобхонаи устод Лоҳутӣ. Дар толори китобхона Баҳман Сабоҳат Қосимова, ҳамсари Фаррухи зиндаёд ва раҳбари имрӯзи "Аҳорун"-ро дарёфтаву бо ӯ суҳбате анҷом дода, ки онро манзури шумо мегардонем.

-Театри "Аҳорун" имрӯз чӣ ҳол дорад ва фаъолияташ дар кадом вазъ аст?

-Он ҷо ки фаъолият ҳаст, кори эҷодӣ ҳаст, пас он ҷо ҳам вазъи ҳунармандон хуб асту ҳам вазъи театр. Ҳамон театре бадбахт аст, ки дар он кори эҷодӣ кам ба чашм мерасад. Бубинед, имрӯз бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бинои собиқ кинотеатри Горкийро, ки ба театри мо дода шуда, ба пуррагӣ таъмир карда истодаанд ва мо ҳунармандони "Аҳорун" тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ медиҳем, то ба ин боварӣ ва саховати онҳо сазовор бошем. Ва ягона коре ҳам, ки театр дар ин росто метавонад анҷом бидиҳад, ин таҳияи намоишҳои ҷолиб аст.

-Шумо ҳоло банди омода кардани намоишҳои тоза ҳастед ё зинда кардани спектаклҳое, ки устод Фаррухи Қосми рӯйи саҳна оварда буд?

-Албатта, мо имрӯз саъй дорем намоишномаҳоеро, ки Фаррухи Қосим, муассиси театри "Аҳорун" аз рӯйи адабиёти классики мо таҳия карда, ба қадри ҳол ва тавони худ дубора бо ин ҳунармандони ҷавон рӯйи саҳна оварем. Зеро ин намоишномаҳоро мардуми тоҷик хеле кам дидааст, чун то имрӯз театр саҳнаи худро надошт.

Мо дар бинои Иттифоқи нависандагон кор мекардем ва вақте намоишномаҳои бузургтарро таҳия менамудем, ҳатман ба театри Маяковский рафта, бо онҳо суҳбат менамудем, ки саҳнаи театрашронро барои чанд муддат ба ихтиёри мо гузоранд, то намоишҳоямонро ба бинандаҳо пешкаш намоем. Ҳоло худатон шоҳид будед, ки мо бо бачаҳо намоиши "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон"-ро тамрин карда истодаем. Ин намоишнома нахустин спектакли театри "Аҳорун" ё худ шиносномаи он аст.

-Устод Фаррух бо "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" ними дунёро тасхир кард. Ва онҳое, ки ин спектаклро дар таҳияи Фаррух ва дар сатҳи хеле баланд дидаанд, сатҳи аз он поёнтарро шояд дигар қабул ҳам накунанд…

-Албатта, шояд дар сатҳи он намоишномае, ки Фаррухи Қосим таҳия карда, рӯйи саҳна наояд. Лекин ба ҳар сурат инҳо ҳунармандони дигар ҳастанду хеле ҷавон ҳам. Масалан ман дар он намоишнома нақши Зулайхоро бозӣ мекардам. Ман ҳабдаҳ сол собиқаи корӣ доштам. Ман дар театри академии ба номи устод Лоҳутӣ фаъолият менамудам ва ҳама вақт нақшҳои марказиро иҷро мекардам.

Лекин вақте ки бо Фаррухи Қосим дар таҳияи намоиши "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" кор кардам, худро донишҷӯ эҳсос намудам. Зеро як сабки комилан нав буд. Ва танҳо баъди бист сол, баъде ки як зумра ҳунармандон дар ин сабк тарбия ёфтанд, ман дарк кардам, ки чӣ хел ин сабк, ин мактаб метавонад ҳунармандро озод кунад. Яъне ҳунарманд чун парранда озод шавад ва ба ҳол дарояд.

Боз ин намоишнома агарчӣ ман имрӯз рӯйи саҳна меоварам, намоишномаи ман маҳсуб намеёбад. Зеро Фаррухи Қосим ин намоишномаро тарҳрезӣ карда буд. Умуман таҳкурсӣ ё худ системаи ин сабк, ин навъи театр ва ин мактубро Фаррух устувор намуда. Агар бо ҳамон сабк ва ҳамон мактаб кор карда шавад, ман гумон мекунам, ки беҳтарин ҳунармандон рӯйи саҳнаи театри тоҷик меоянд.

-Дар мавриди студияи ҳунармандони ҷавони "Аҳорун" чӣ мегӯед?

-Дар мавриди студияи "Аҳорун" ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ҳанӯз ду сол пеш ҳунарпешагони ҷавони студия Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм карданд ва ҳанӯз замони зинда будани Фаррухи Қосим мо ин ҳунармандони ҷавонро пазируфта будем. Намоишномаи дипломии онҳо ҳам "Юсуфи гумшгашта боз ояд ба Канъон" буд. Ва ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, муваффақ ҳам шуданд. Ба инҳо бояд бовар кард.

-Ман ҳанӯз хеле хурд будам, ки спектакли "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон"-ро дар таҳияи устод Фаррух дида будам. Имрӯз фикр мекунам, он саҳна саропо инқилоб буд. Ҳатто дар оғози намоиш чӣ гуна рӯшан шудани чароғи саҳна гувоҳӣ медод, ки инҷо дигар қолабҳо шикаста мешаванд. Лекин дар ин чанд соли ахир дар фестивалҳои "Парасту" муваффақ нашудани "Аҳорун" маро чун як бинандаи театр нигарон карда. Шуморо чӣ?

-Ҳанӯз замони маризӣ ва барҳаёт будани Фаррухи Қосим "Аҳорун" мушкилоти зиёд дошт. Аввали аввал ин ки театри мо умуман бино надошт.Боз мушкилоти бисёри дигаре ҳам буд, ки ҳунармандон хестанду рафтанд. Кӣ мехост дар ин хел театре кор кунад, ки аққалан бино надорад. Ва албатта, агар дар бари Фаррух шогирдонаш мебуданд ва дасташро мегирифтанд, хеле хуб мешуд. Агар як ҳунарманд мерафт, мо кӯшиш мекардем, ки ҷойи ӯ як ҳунарманди дигарро тайёр кунем.

teatri-ahorun 55456Аммо ҳанӯз ҷойи як нафар ҳунарманди рафтаро пур накарда, ду каси дигар мерафтанд. Шояд аз оне мерафтанд, ки Фаррухи Қосим мариз буд. Шояд аз оне ки мо бино надоштем. Гумон мекунам ба рафтани ҳунармандон чизҳои зиёде боис мешуданд. Аммо ман зарурати батафсил сари ин мавзӯъ ҳарф заданро намебинам. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки он вақт агар мо сарҷамъ мешудему дасти Фаррухи Қосимро мегирифтем, ӯ шояд солҳои зиёд умр медид. Лекин Фаррух касе набуд, ки шахси дигарро ё дар пасаш ё рӯбарӯ бад гӯяд.

-Нозими Мелик, яке аз ҳунармандони собиқи "Аҳорун" дар суҳбате ба "Рӯзгор" гуфта буд, ки "Замоне, ки Фаррухи Қосим буду театраш овозадор ин талаботу хости ҳамон давра буд, тақозои замон буд. Имрӯз агар театри Фаррух бузургии худро гум карда, ин ҳам тақозои замон аст…" Дар ин бобат чӣ мегӯед?

-Ман чандин сол аст, кӯшиш дорам, театре, ки Фаррухи Қосим асос гузошт, қоматашро рост кунад. Масалан, ман чанд рӯз пеш бо ҳунармандони ҷавон суҳбат доштам ва аз онҳо пурсидам, ки солҳои навадум чӣ зарурат буд, ки Фаррух "Аҳорун"-ро таъсис бидиҳад. Дар ҳоле, ки он солҳо қариб ёздаҳ театри давлатӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекард. Албатта, ин чизҳоро бояд ҳунармандони ҷавон донанд. Бисёриҳо мегӯянд, ки мардуми тоҷик театри худро ба маънии томи ҳамин калима то Инқилоби октябр надошт. Дар ин бобат китобҳо ҳам навиштаанд.

Аммо чун ман дар бари Фаррухи Қосим ҳамин қадар сол кор кардам, дарк кардам ва ба хулосае омадам, ки агарчӣ мардуми мо давоми ин қадар асрҳо театр надошт, лекин ҳама унсурҳои театрӣ ва нишонаҳои театрӣ дар адабиёти классики мо, дар назми мо, дар санъати тасвирии мо, дар мусиқии мо ҳазорсолаҳо инкишоф ёфтаанд. Фаррух мехост ҳамин чизҳоро рӯйи саҳна боз кунад ва исбот кунад, ки инҳо ҳастанд. Фаррух беҳтарин анъанаҳои халқи тоҷикро мехост рӯйи саҳна зинда кунад. Намоишҳои "Аҳорун" сар то по адабиёти классик аст ва адабиёти классик ҳамеша тақозои замон боқӣ мемонад.

-Хуб устод, биёем сари чизи дигар. Чӣ намоишномаҳои тозаеро "Аҳорун" дар радифи зинда кардани спектаклҳои таҳиянамудаи устод Фаррух мехоҳад рӯйи саҳна оварад?

-Мехоҳем дар саҳнаи нави "Аҳорун" (манзур толори синамои Горкий аст, ки ҳоло дар ҳоли таъмир қарор дорад) намоишномаи "Ошӯби Хайём"-ро пешкаши бинандагон гардонем. Ин намоиш бо ҳамон сабк ва мактаби Фаррухи Қосим таҳия шудаву коргардонаш Ғаниҷон Олимов ва ҳунармандони ҷавон дар он бозӣ мекунанд. Ҳамчунин кӯшиш карда истодаем, ки як зумра намоишномаҳоро барои тамошобини наврас аз "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ рӯйи саҳна оварем. Ман даҳ сол боз мегӯям, ки барои чӣ мо наметавонем театри "Шоҳнома" дошта бошем? Як сол пеш шунидам, ки дар Афғонистон театри "Шоҳнома" кушодаанд. Лекин аз мо монд. Боз ҳазор шукр, ки "Аҳорун" ҳаст.

-Чун бо аксари ҳунармандони тоҷик суҳбат мекунӣ, аз камбуди коргардони ҳирфаӣ нигаронӣ мекунанд. "Аҳорун" дар ин маврид танқисӣ намекашад?

-Кадом ҳунарманд намехоҳад, ки ҳамроҳи як коргардони хуб ва ҳирфаӣ кор кунад? Бахти ҳунарманд аст, ки бо коргардони хуб ҳамкорӣ бикунад. Албатта дар мо ҳам танқисӣ ҳаст. Лекин, мутаассифона дар тамоми Тоҷикистон танҳо якчанд коргардон ҳасту халос. Охир набояд ин хел бошад.

-Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи мо дар суҳбате ба радиои "Озодӣ" гуфта, ки агар "Аҳорун" аз дӯстони Фаррух-беҳтарин коргардонҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал оварад, онҳо розӣ мешаванд, ки бе музд ба хотири Фаррух дар ин театр намоиш таҳия бикунанд. Баъдан худи устод Барзу ҳам гуфта, ки омода аст, танҳо ба хотири устод Фаррухи Қосим дар "Аҳорун" спектакл ба саҳна монад. Чаро онҳоро даъват накунед? Шояд маҳз онҳо тавонанд дубора шуҳрати ҷаҳонии "Аҳорун"-ро баргардонанд.

-Ин беҳтарин кор аст. Ман бо дӯстони Фаррух ҳам мукотиба дорам. Фаррухи Қосим ҳама вақт мехостанд, ки театри тоҷик хубу нерӯманд бошад. "Аҳорун" не, театри тоҷик мегуфтанд. Фаррух мехостанд, ки аз кишварҳои дигар оянд ба театри тоҷик. Театри тоҷик фестивалҳо баргузор кунад.

-Устод, манзурам ин ки баъди омода шудани бинои нав шояд дӯстони коргардони устод Фаррух ҳам даъват бишаванд барои таҳия намоишҳои диданӣ ба "Аҳорун"?

-ИншоАллоҳ

-Сипос барои суҳбат.

Суҳбати Баҳман, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi