09:15:34 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ю. Аҳмадзода: «Бохти адабиёти кӯдакро намебинам» II

-Дар мавриди бурду бохти адабиёти кӯдак чӣ мегӯед?

ahmadzoda-yosuf- Бохташро ҳанӯз он қадар намебинам, ҷуз бурдаш. Гумон мекунам, ки доманаҳои он ҳамвора фарохтар мешавад. Мазмун ва мӯҳтавоҳои тозаву замонавӣ мегирад. Аз ҷиҳати забон ҳам хеле такмилу таҳрир меёбад. Шояд ин раванди хурсандибахш ҷиҳати таваҷҷӯҳи чанд тан аз шуарои маъруфу маҳбуб: Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, хоса, устоди бемонанд ва яккақалами мо - Бозор Собир ба адабиёти кӯдак бошад. Ворид шудани онҳоро бар ин фазои беғубори баччагӣ шахсан, бо ҷону дилам, табрик мегӯям ва аз шодӣ, ростӣ, ба куртаам намегунҷам.

Зеро на ҳар шоиру нависандаи чирақалам ҳам наметавонад барои кӯдакони мо ҳамчунин асраҳои шоиставу боистаро эҷод кардаву пешкаш намояд. Зеро зеҳну тафаккури кӯдак басо қавӣ ва беҳад нозук аст. Агар ҳарфе бар ӯ хато рафт, то интиҳои умр ба вай хоҳад монд! Бо ҳазор эҳтиёту эҳтирос бояд навишт! Барои бача бачавор ҳарф бояд гуфт! Мисдоқаш устод Бозор Собир, ки дар маҷмӯаи "Хӯша- хӯша, аз ҳар гӯша…" дар шеъраки "Набераам Анӯша" чунин гуфта:

-…Чун асали моҳи май

Бӯйи сад гул дорад вай.

Мелесамаш шабу рӯз

Ширинияш гулӯсӯз.

Воқиан ширину гулӯсӯз… ҳарчанд аз номи калонсол, аммо соф барои кӯдак! Ё шеъри дигар устод - "Кашелёк":

"Қурбоққа дар табиат

Ҷондори бемонанд аст.

Диққат агар намоед,

Ба кашелёк монанд аст!

Чӣ турфа шеъре! Дар корбасти баъзе вожаҳое, ки хосса дар миёни авом аз хориҷ ворид гардида, замонҳо  ҳал шудаву аз худ шудаанд, сахт метарсем. Дуруст ҳам мекунем! Аммо "кашелёк" дар ин шеър чунон устодона кор фармудаву пурра тоҷикӣ шуда. Ин аст ҳунари шоирӣ! Аз ин лиҳоз, адабиёти кӯдак (ҳа, миёни адабиёти кӯдаку калонсол на бояд ҳаддеву фарқе гузошт!) рӯй ба рушд оварда ва ояндаи накӯе низ дар пеш дорад. Ҳамчунон ки даҳҳо шоиру нависандагон, навқаламоне аз Хуҷанду Хатлон ва навоҳии наздику дур дар равнақи он ҳамвора мекӯшанд…

-Шумо миёни аҳли адаб, ки чун шоиру нависанда мавқеъ пайдо кардаед ва дар навиштани ҳикояҳои кӯтоҳ қалами қавӣ доред, метавонед аз хурдатарин ҳикояатон намуне биёваред?             

-Ба ҷон. Инак, аз ҳикояти "Гурбача":

Гурбача омад…

Бар лабаки ҷӯ

Нишаста бо забонаш шуста дасту рӯ

Хӯрд обаки соф…

Пеш аз Гулрӯ

-Бисёр як манзараи аҷиб. Мухтасару табиӣ… Гумон мекунӣ, шеъре ҳаст, на ҳикоя…

-Ин андешаи Шумо як воқиаи аҷиберо ба хотирам овард, ки боре ба дари нашриёте будам. Рафиқе берун омад ва ба таънаи ман даромад. Гуфт, ки беҳуда таъриф шеъри шумо мекунанд. Аммо ман аз як шеъри шумо чизе намефаҳмам. Гуфтам, ки кадом? Ба тасдиқи фикраш маро ба ҳуҷраи кораш бибурд. Ҳикоячае нишонам дод, ки 30 сол қабл навишта будаму ба чандин забон: русӣ, украинӣ, туркӣ, ӯзбакӣ, англисӣ… чоп шуда буд ва бо ҳамчунон оҳанге нохушнуд бияфзуд: "Магар ҳамин ҳам шеър шуд?! Бинед, ки чӣ навиштаед?!.

"Пагоҳ рӯзи таваллуди модарам…

Чиро тӯҳфа кунам, намедонам…

Рӯйи суффа маҳтоб…

Ҳама хоб…

Дар бистари худ ғел зада ба осмон менгарам…"

Тоқат наёвардаму баланд хандидам, дар истиҳолат афтод, ки қариб фарёд кашидам:

-Ҷони бародар, ин шеър нест, ним саҳифа ҳикоячаест!!.

Инак худ қазоват фармоед: мудири шӯъбаи адабиёти кӯдак ва навраси нашриёти давлатӣ!!. Шеъру ҳикояро тафриқ кардан наметавонад?! Эй вой, ба ҳоли кӯдаку оянандаи Тоҷикистон!!. О масъулони Конуни парвариши кӯдак: "Бори гуҳар намекашад, ин тор нозук аст!!" Дар ин қазият тақаллубу ҷурабозӣ, ба ҷуз ростию ҳалолкорӣ, ба ҳич ваҷҳ намепояд, чун ҳар раҳгузоре, ки аз кӯча бозояд!!

-Оре, устод. Тарбияти кӯдак дилу дасти тоза мехоҳад. Ҷои сӯхтану гуфтан ҳам ҳаст…

-Бонги ожир бояд зад! То ҳирсу ҳасуд бисёр нашавад, ки ин ҳама кор хор шавад. Адабиёти кӯдак ҷодаи пулкоркунӣ нест мунтаҳо! Чун мебинам, ки вақтҳои ахир баъзе ба дари поки он мушти нопоки худ мекӯбанд, то сарвате осон ба даст оранд, сад чораву ҳила сохта, донам-надонам шеър менависанд, китобчаи берангу пастсифати худро чоп карда, шаҳр ба шаҳру ноҳия ба ноҳия мебаранд, шарм нокарда мефурӯшанд. Ба қавли  Шайх Саъдӣ: "Сари чашма шояд гирифтан ба бел, Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил"…

-Устод, Шумо тазоду бархӯрдҳои зиндагиро чашмандозиҳои амиқ доред. Хосса, дар асарҳои насрӣ: ҳикояву повесту романҳоятон чунон бамавқеъву баҷо, бо тамоми шебу фарозаш, тақаллубу тамаъҳояш ҷолибу муассир тасвир мекунед. Агар хато накунам, даҳ сол қабл, ба иншои романи мусалсал ба номи "Ҳафт рӯъё" оғоз бахшида, аз ҳафт як бахши онро "Маҷуси Девок" унвон ниҳода, нашр карда будед, ман низ дарёфта будам ва ҳар боре, ки мехондам, ба таркиби вожаву корбурди  ибораҳо, рабти мутаносиби воқеаҳо, задухӯрдҳо ва банду басти устувори  асар, ростӣ, мафтун мешудам. Дигар аз идомаи он хабаре  ҳанӯз чаро нест?

- Романи мазкурро бо сад ҳавсалаву орзу ба муносибати ҳазору садсолагии давлатдории Сомониён бахшида будам. Чун ҳанӯз дар хотир андар аст, ки шоме қабл аз як соли Ҷашнвораи миллӣ Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз телевизиони шабакаи якум ба аҳли эҷоди ҷумҳурӣ хитобае ироа намуда, аҳд карданд: чун касе бар ин мавзӯи таърихӣ асаре тасниф фармояд, бидуни ҳич таъхир аз ҷониби ҳукумат нашр хоҳад шуд. Бо чунин сухани меҳрангези ватанхоҳона нутқи басо пурмуҳтавои хешро хотима бахшиданд: "Канӣ, акнун он шоиру нависандагони мо, ки  нангу номуси ватандорӣ доранд, ба майдон бароянд!" Чун он вақт корхонаҳо чандон ба кори дуруст напардохта буданд, ҳамоно аз раиси идора ба як сол мураххасие дархостам, дар ба рӯи ошною бегона бастам ва бинишастам. Тӯли ҳафт моҳи расо риш сари сина расонида бинавиштам!..

ҷиб?!. Аммо чаро пас аз чаҳор солаш нашр кардед?

-Қиссаест бас дароз. Гуфтанд, ки  масъули ин ҳама корҳо маҳз Ҳукумати шаҳр аст. Агар писандиданд, нашр хоҳанд кард ва мукофоте низ хоҳанд дод. Шодону пар-парон бурдам, дасти устод Айюбӣ биспурдам. Соле пас аз як кунҷи ҳуҷраи муовини раиси шаҳр дарёфтаву вопасам доданд. На лоиқи нашр шуд, на соҳиби мукофот! Онҳое, ки чанд саҳифа, ҳатто, лавҳачае бар ин муносибат навишта буданд, соҳибато шуданд. Гап сари маошу подош на, балки як таваҷҷуҳ! Аз ин баъд, худ намедонам, дилам якбора гирифт… ҷуз ин нашр… дигар наметавонам ба идомааш даст ба кор ниҳам…

-Ҳафт моҳ дар ба рӯйи ошнову бегона баста ва ҳафт моҳи расо нишаставу риш ба сари сина расонда… Шумо дар гӯшанишинӣ менависед?

-Маро махандонед: чун аз мост, ки бар мост. Халқ одатан мардуми эҷод ё хориқодатеро: "як қамчин зиёд додагӣ!" ("аммо як қамчин намерасад"-аш хато!), гӯён, гоҳе ришханд мезананд. Ба мо ҳам, чӣ гӯям, ки каме гарди ҳамин матоъ расида, сахтакак часпида, шояд. Ҷуз шукр дигар чора чист?! Ва аҷиб ҳам ҳаст, ки агар аз гунае назм хоҳам эҷод кунам, ҳоҷати риш расонидаву нишастан нест, агар аз наср: хоҳ ҳикоя бошаду хоҳ роман, ба Худо, ки бидуни ин "ато" ҳич наметавонам кореро, ки тасмим гирифтаам, анҷом бипазирам. Ин "қаъда" аз "Ҳафт рӯъё" ба мерос монда магар, ки мусаллам дигар… Чун моҳҳое дароз дар сари эҷоди романи "Ишқи духтари кулаҳпӯш" менишастам, ки хабари фавти устод Абдуҷаббор Қаҳҳориро ба ман расониданд. Асбоби эҷод мавқуф гузошта, зуд дар ҷанозаашон шудам ва аз ин пас… се соли тамом дигар натавонистамаш идома бахшам…

- Ин роман воқеан  як асари ҷолиби ишқӣ аст. Ман ҳам онро мутолиа кардам ва хеле хушам омад. Аммо мехоҳам бипурсам, ки мунтаҳо, мӯҳтавои асосии асар дар чист?!

ӯҳтавӣ маҳз бар ишқ аст, ишқи пок! Валлоҳ, ки ба ҷуз ин атои яздонӣ, магар инсоне комил, ҷомиае дуруст ва дудмоне покиза метавон сохт!! Аммо ишқ сайде нест, ки осон бияфтонӣ, чун ҷон накоҳонӣ! Беҳрӯзӯ Беҳнона, ки қаҳрамони асосианд, то ба висол расиданд, чӣ азобҳое, то маргу балоҳое, ки ба шайтонӣ механдиданд, пушти сар карданд. Беҳрӯз, ки бист соли тамом интизори ин лаҳза буд, номардона, аз дасти Абрӯ, шавҳари Беҳнона, кушта шуд.  Мунтаҳо ин, ки дар ҷомиа бунёди оила нахуст покизаву мамлӯ аз ишқ бошад в-арна, фоҳиш, умре дар коҳиш! Оғози дудмон маҳз покизагист!! Чун якеро низ тақаллуб аст, оянда номатлуб аст. Зеро тухмае аз вай низ олуда ояд. Ба қавли Шайх Саъдӣ:"Оқибат гургзода гург шавад, Гарчи ба одамӣ бузург шавад". Ёрони ҳамҷавор низ турфа мақоле доранд:"Зотинг от бӯлса, чопар, ит бӯлса, қопар!" (яъне, зоти ту асб аст, бидавад, агар саг аст, бигазад!) Чун падари Абрӯ, ки худаш чандон марде ҳалол набуд, завҷааш, модари Абрӯро, бо фиребу тақаллуб ба даст оварда, фарзанде аз худ палидтар ва бераҳмтару касифтареро ба дунё овард. Пас, шарри  дунё ҳам аз ин ҷост ва аз ҳаминҳост…

- Ҳамин… шарри дунё… нахуст аз куҷо пайдо шуда?

- Аз устураҳо: аз Одаму Ҳавво, Қобилу Ҳобил…

-Вақте ин ҳама аз ибтидост, ҳақиқат куҷост?!

- Дар дасти Худост…

- Аз ин ҷост, ки дунё нофаҳмову нопайдо?

- Оре, ин тилисмест ҳанӯз накшуда, ҳазор-ҳазор алломаҳои замон, амсоли лисонулғайби Шероз ин гуфта: "Ки кас накшуду накшояд, ба ҳикмат ин муамморо." Чун ҳанӯз ҳам, аз патифону радиову чароғҳои барқӣ… то ба арсаи атому кайҳон ва инак ба дастгоҳҳои компутарӣ расида бошем, аммо бозичаи дасти онем. Ба қавли Хайём: "Мо лӯъбатагонему фалак лӯъбатабоз". Он чӣ мо мебинем, ҳанӯз ҳақиқат нест, ҳақиқатро танҳо дарк метавон кард. Ва ҳама гуна дарк ҳам… вобаста ба фаросат аст…

- Чун оламро, ки амиқ намедонӣ, аммо, неку бадӣ одамро магар амиқ медонӣ, ки қаблан чӣ андеша дораду оянда чӣ хоҳад кардан: агар дар ҳоле ки фаросат дошта бошӣ?

- Басо мушкил аст посухи ин суол, ҳамчунон ки панҷ панҷа низ якранг нест. Одамизода ҳам турфа маъҷунест: ба лаҳзае ин асту ба лаҳзае он. Ҳарчанд фарӯсӯйи шастам, аммо одаме ҳанӯз надидам, ки дар ҳама ҳол мушаххасу қоим бошад. Чун буда ҳам наметавонад. Зеро одам бо дилрабойӣ зинда! Ба қавли як шоир: "Тариқи дилрабоӣ як ҷаҳон найранг мехоҳад, Ба ҳусни маҳз натвон пеш бурдан нозаниниҳо".

- Пас, дунёро хоҳу нохоҳ найрангест?..

- Ба ҳар навъ… вобаста ба одамаш: дунё, ки саҳнаест, мо - нақшбозем, албатта. Яке тавонову яке забунтар. Аз ин ҷо якеро бахт механдад зудтар, осонтар…

-Аз Шумо чӣ?

-Аз ман… аз зану фарзанд, ҳа, хеле хандида, аммо ҳанӯз аз мукофоти амал… хеле андак-андак, бо бунбасту мушкилот, на, чандон табъи дил на! Чӣ донам, ки шояд нақшбози чолок наям дар ин ҷода. Ин… албатта, мусаллам аст, ки айби худам… Чаро гила аз дигарон кунам?! Чун дигарон ҳам сахт вобастаанд. Шояд, ба ёрию таваҷҷӯҳе, тамаллуқу тамаъе дар ин соҳа одат накардам. Тақдирҷунбону пуштвоне низ наҷустаам. Агар Худо диҳад, ҷон-ҷон, мегӯям! Чаро на, беминнату холисона бошад?! Умеде аз некон дорам, албатта!..

ӯянд, ки чашмандозиҳои эҷодгар миёни авом тамоман дигар. Пас, неку бадро ба як дидан метавон тафриқ кард?

-На. Чун инсон аз ишқ  аст. Агар ишқ наангезад, мардум зи куҷо хезад?! Аммо ишқ ҳамеша фиребост! Ду навъ аст: ишқи Аҳуроӣ ва Аҳриманӣ. Пас, инсон ҳам ду навъ аст: нек, бад. Ман мӯътақид бар онам, ки ҳиҷ нек бад накунад, ҳич бад нек! Гар нек қасде раво бинад, ҷазо набинад, ки бадӣ надонад. Аммо бад некӣ раво бинад, ҷазо бинад, ки ҳич некӣ надонад…

-Андешае аҷиб, устод. Вобаста бар ин қазият мехоҳам дар интиҳои сӯҳбатамон чанд суоле бидиҳам.

-Бифармоид.

-Аз нек ҳузуру аз бад дур, гуфтаанд. Вақте ки Шумо худро миёни бадон эҳсос менамед, чӣ кору ҳиллаеро ба роҳ меандозед: нахуст андеша мекунед, мегурезед ё метарсед?!

-Ҳич коре аз инҳо нахоҳам кард! Чӣ андешам, ки андеша надоранд, чу бигрезам, муставлӣ шаванд, чӣ тарсам гайри Худо   ки асроре қабеҳулкабир дар хуфия надорам, агар қатъӣ бурҳоне доранд, ҷонам фидояшон, бидуни тӯҳмат бар ман биёранд: "Ку душмани шӯхчашми бебок, То айби маро ба ман намояд?!"

-Ба душманатон бадӣ мехоҳед?

-Ҳаргиз! Дар ду дунё ҳам!! Чун дунё бумеранг аст!..

-Дар ҷодаи адабиёт чӣ таманно доред?

-Ҳамеша хоҳони рушду нумуяш ҳастам. Аммо дар ҷодаи адабиёт намехоҳам, ки аутсайдере бошам. Ин таманно хоси ҳар  эҷодкор. Дунё ба умед, шайтон ноумед…              

-Ташаккур барои суҳбат.

-Ба Шумо низ. Тавфиқи мудом рӯзномаатонро!..

Суҳбати Баҳман, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» № 05 05 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi