20:28:22 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Олиме, ки бо худ ҳазор оламро бурд (Видео)

Он гуна анбуҳи бузурги одамонро дар рӯзи марги шахсияте дар назди ҳавлияш дер боз дар Душанбе надида будам. Дар маросими видоъ бо ӯ намояндагони тамоми қишри ҷомеъа ва аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҳузур доштанд. Агарчи хабари марги ӯро ҳамагӣ чанд соат қабл шунида бошанд ҳам, вале дар ҷанозаи ӯ дӯстону шогирдон, пайвандону мухлисони осори гаронбаҳояш аз Хатлону Суғду Бадахшон ширкат карданд. Марги ӯ ногаҳонӣ буд ва ҳамаи онҳоро дар ғафлат гузошт. Аммо на худи ӯро.

1 ustod-asozoda 212145Ӯ ҳамеша маргро интизор буд. Ӯ ҳамеша омодагии маргро медид. Дар муносибат бо дигарон коре мекард, ки баъди худоҳофизӣ ба ҷуз ёди неке аз ӯ осоре наҷӯянд. Аз ин рӯ дар рӯзи маргаш дар гирди тобуташ аз сағир то кабир ва аз мусалмон то насоро бори андуҳ мекашиданд. Худойназар Асозода чун фарзанди вафодор касби падар -муаллимиро пешаи худ карда буд. Дар ҳамин ҷода аз муаллими синфҳои ибтидоӣ то ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории пойтахти кишвар расид.

Бо эҳтиром ҳама ӯро "профессор Асозода" мегуфтанд. Ба қавли муфтии кишвар Саидмукаррами Абдулқодирзода, ки дар ҷанозааш имоматӣ кард, " ӯ ҳазорон шогирдонро устод намуд". Ӯ ба хотири он ки баъди маргаш зикри хайрашро кунанд ҳамчун олим низ осори ғаниеро аз худ боқӣ гузошт, ки асрҳо барои равандагони ҷодаи адабиёту фарҳанг қутбнамое хоҳанд буд.

Ӯ аз ҷумлаи беҳтарин айнишиносон буд. Лоҳутиро барои хонандагони даврони соҳибистиқлолӣӯ аз нав шиносонд. Рози ғаму дарди Сотим Улуғзодаро бори нахуст ӯ ифшо кард. Китоби сафарномаи ӯ "Зиёрати Каъбатуллоҳ"-ро қишри зиёиёни кишвар, ки имрӯз азми зиёрати хонаи Худоро мекунанд, барои худ ҳамчун раҳнамое медонанд. Ду ҷилд китобе ёддоштие, ки дар бораи Афғонистон ба нашр расонидааст, боварӣ дорам, аз ҷумлаи китобҳои рӯимизии ҳама афғонистоншиносон хоҳанд буд.

2 ustod-asozoda 212145

Зеро дар ин китобҳо маълумоте оварда шудааст, ки дар ҳеҷ як қомусе онҳоро нахоҳед ёфт. Агар касе мехоҳад дар бораи муҳити эҷодиву таълимии Донишгоҳҳои олии кишвар, ба хусус ДМТ, дар сӣ-чил соли ахир маълумоти хубе дошта бошад, бояд ҳатман шаш ҷилд китоби "Достони зиндагӣ"-и устод Худойназар Асозодаро варақгардон кунад. Ман дар бораи он асарҳои устод, ки адибони Афғонистону Эронро барои хонандагони тоҷик бори нахуст муаррифӣ кардаанд, чизе намегӯям.

Вале сад ҳазор бор афсӯс мехӯрам, ки ин куҳи азими фарҳангу адаб он қадр фурсате надошт, ки ҳазорон хазинаи ганҷеро, ки дар синаи ӯ хуфта буд, ё худ бурун орад ва ё дигарон бо кӯмаки ӯ берун созанд. Ҳамин буд, ки дар маросими ба хоксупорияш Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, яке аз бузургтарин олимони даври кишвар, бо дарду андуҳи зиёд дар бораи Худойназар Асозода гуфт: "Ӯ оламеро бо худ бурд, ки аломате аз ин олам дар ҳар муддаӣ дида намешавад". Сипас домулло ба манзараи оромгоҳи Сари Осиё як назар андохту суханашро идома дод:

"Як нигоҳ кунед, ба сӯи осмон, ба атрофи худ:

Ин умр ба абри навбаҳорон монад,

Ин дида ба сели обшорон монад.

Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан,

Ангушт газидане ба ёрон монад.

Дирӯз офтоби сӯзон буд. Як ҳафта пеш сармои қаҳратун. Валек имрӯз сабзаҳо чун гилеми пойандозе аз хок рустаанд. Абри раҳмат соябонест болои сари мо. Худо раҳматаш кунад, марди бузурге буд, устод Асозода".

Султони Ҳамад, "Рӯзгор"

Моҷароҳое аз рӯзгори бачагӣ

Хонандаи гиромӣ, ҳарчи сухани хубе дар бораи устод Худойназар Асозода бигӯему нависем боз ҳам кам аст. Вале биёед ин дам чанд саҳифаеро аз ҷилди аввали китоби ӯ "Достони зиндагӣ" манзури Шумо кунем. "Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд". Бихонед, пушаймон нахоҳед шуд, зеро маълумоти ҷолиберо аз рӯзгори устод ва боз як шахсияти дигари хеле машҳури кишвар ба даст хоҳед овард. Баъди хондани он матлаб ба ҳаққи арвоҳи устод ва дигар гузаштагон дуъо кунед, иншоаллоҳ, ки шод хоҳанд шуд. "Рӯзгор"

4 ustod-asozoda 212145Боре модарам барои дидани дугонааш Бибиёи Чаққон, ки Бибӣ Аноргул ном дошт, рафту маро ҳам бо худ бурд. Аз Ҷинисой то Чаққон, тақрибан 5-6 километр роҳ буд. Вақте ки ба ҳавлии Бибиёи Чаққон ворид гардидем, занону мардон ва кӯдакони зиёде дар таги дари ӯ нишаста, маътали он буданд, ки Бибӣ кай даъваташон мекунад. Модарам, ки бо Бибӣ Анор дугонаи ҷонӣ буданд, хост, ки бидуни навбат ӯро бубинад. Ба ин хотир, модар ба ман гуфт, ки ки "Худойназар, ту дар берун бозӣ кардан гир, ман бибиатро мебинаму зуд мебароям".Ҳамин вақт буд, ки аз дохили хонаи Аноргул чунин садо баромад:

"Иқлиммоҳ, ҳоло бачат ба гуноҳа нашудай, ӯро бо худ гирифта даро". Ман садоро мешунидаму соҳиби онро намедидам. Модар дарҳол аз дастам гирифта ба қабули Бибӣ Аноргул даромадем. Дар гӯшаи аз ҳама болои хона зани сафедпӯше чорзону менишаст. Модар дасти маро сар доду худаш назди он зан ба зону зада, дастони пахта барин сафеди ӯро бӯсидан гирифт. Ба чунин амали зан Аноргул гӯё норозӣ шуду гуфт: "Иқлимоҳ, ин корат хуб нест, охир ту аз авлоди моӣ, чаро наздам зону мезанӣ, хез, хез, маро назди Худо гунаҳкор насоз. Ту медонӣ, ки ман ин корҳоро бад мебинам". Инро гуфту ва сари модарро бо ду дасташ дошта, пешаш оварду аз чеҳраи модар бӯсидан гирифт.Модар ҳам чанд маротиба рӯи Аноргулро бӯсид. Сипас Аноргул ба ҷониби ман нигариста гуфт: "Худойназарҷон, пешам биё, ту бачаи дӯстдори очатӣ, ки бо худ овардааст". Ман оҳиста-оҳиста тарсхӯрда барин ба Бибӣ Аноргул наздик шудам. Ӯ ду дастамро гирифту сари зонуяш шинонда, аз пешониву сару рӯям бӯсида, каме нигоҳам карду баъд гуфт: "Акнун ту берун баро, бо бачаҳо бозӣ кун, мо бо очат гапҳои худмона дорем". Ман тозон ба рӯйи ҳавлӣ баромада ба бозӣ машғул шудам. Ҳини бозӣ медидам, ки бузу гӯсфанд сар мезананд ва чанд дег пур аз гӯшт меҷӯшид ва занону мардон чандкасӣ сари дастархон қарор доранд. Ҳама ба умеди чизе буданд. Лаҳзае нагузашт, ки ҷавонмарде садо зад: "Худойназар, бачаи Иқлиммоҳ кадомат ҳастӣ?" ман зуд ба назди он шахс давида, бо ифтихор гуфтам: "Худойназар манам. Чӣ мегӯӣ?" Ҷавон аз дастам гирифт ва он тарафтар болои курпачае шинонду дар табақчае хомшӯрбову нони чапотӣ оварда наздам гузошт. Фаҳмидам, ки ин амрро Бибӣ Аноргул додааст. Табиист, ки модарам бо дугонааш нони чошт мехӯрданд. Чанд вақте, ки модар дар назди Аноргул буд, қабули ихлосмандон маътал монд. Нохост модарам маро наздаш даъват кард. Тохта ба хонаи Бибӣ Аноргул даромадам. Модар дар пеши Аноргул бо табъи болида менишаст. Вай гуфт: "Худойназарҷон! Дер шуд ба хона бармегардем, ки отат ташвиш мешава. Пеши бибит биё. Бибит мехоҳад дуоят диҳад". Ман боз назди Бибӣ Аноргул нишастам. Ӯ дасти росташро тори сар гузошт ва ба модарам назари маънидоре дӯхта гуфт: "Иқлиммоҳ ин бачат ба худат хеле монанд аст. Дуо мекунам, ки хушбахт шавад". Модар ҳарду дасташро пеши бар гирифту гуфт: "Бибӣ иншоаллоҳ". Шумо, ки чунин мехоҳед, шояд писари хуб шавад". Бибӣ аз пешониам бори охир бӯсид, бо модарам оғӯш кушод ва иҷозати рафтан дод. Ин дафъа хуб ба Аноргул зеҳн мондам. Зани зебое буд. Пахта барин сафед. Дар як параи рӯяш холи хурдакаки сиёҳ дошт. Дастам дар дасти модар пуштнокӣ баромадем. Вақте, ки мо паси парда шудем, дидам, ки Бибиёи Чақон пешгираки болои болои сарашро ба рӯяш сар дод. Маълум шуд, ки ӯ ба ҳар кас рӯй нишон намедодааст, балки аз пушти саргир ва парда бо мизоҷонаш сӯҳбат мекардааст. Муридони Бибиё ба зуди аспи модарро аз гулмех кушода, бандашро ба дасти ман доданд. Ва ҳамбастаеро ба почаи хӯрҷини мо андохтанд. Ману модарамро то аз деҳа баромадан гусел карданд. Онҳо ҳамагӣ эшонзодаҳои тарбиятдида буданд.

Бояд гуфт, ки Авлиёи Чаққон дар минтақа хеле бонуфуз буд. Авлодони онҳо давроне аз Пағулаи Тавилдара ба деҳаи Чаққон куч бастанд. Падари Бибӣ Аноргул шахси овозадоре буда, пеш аз марг васият кардааст, ки вақте ӯро дар тобут мегузоранду тобутро мебардоранд, тобути ӯ аз дасти одамон халос хӯрда дар куҷое, ки рафта шинад, ҳамонҷо барояш гур бикананд. Гӯё ҳамин тавр ҳам шудааст. Тобути падари Аноргул аз Чаққон рӯ ба болои дохили дара шуда, баъд ба сари баландие, ки аз он ҷо роҳ аз самти Кулоб ба тарафи Балҷувону Ховалинг меравад, поён мешавад. Мардум аз пушти тобути дар парвоз буда медаванд ва баъди нишастан ба он мерасанд. Ҳоло агар кас аз тарафи хоҳ Хонободу хоҳ Девонахуҷаҳо ба ҷониби ноҳияҳои номбурда гузар кунад, ҳатман ба зиёрати марқади Авлиёи Чаққон мерасад. Он ҷо муттавалие нишаста, ба мусофирон оби хунук медиҳад. Ҳамон солҳо, ки ману модарам ба дидори он духтари бузургвор роҳи Чаққонро пеш гирифтем, аз назди марқади падари он бону гузашта будем…

Боз пас мегардам ба мавзӯи Авлиёи Чаққон . Солҳои 1947-49 ҳафтае як бор падарам ба бачаҳо мефармуд, ки ба Бибиёи Чақон чӯби сухтанӣ-бия баранд. Ин корро мудири мактаби Ҷинисой ба он хотир мекард, ки ба онҳо эътиқод дошта ва ҳам завҷааш дугонаи Аноргул буд. Дар ин кори хезумкашонӣ ман ҳам иштирок мекардам. Рӯзе, тақрибан моҳҳои март- апрел ман пинҳонӣ аз падару модар як дарза бияро пуштора карда, роҳи деҳаи Чаққонро пеш гирифтам. Тақрибан барои ба он деҳа расидан чанд теппаву хамиҳоро гузаштан лозим меомад. Ҳамон рӯзе, ки ман ниятӣ ҳезумбарӣ кардам, ҳаво ноором буд. Андаке, ёдам ҳаст, ки дар пуштораам бия ба роҳе, ки бо модарам рафта будам, даромадам ва шояд 2-3 километр роҳро тай кардам. Ҳамин вақт хамиҳоро туман гирифту ман роҳгум задам. Туман ҳам ҳеҷ гап не, жола борид. Он чунон бо шиддат буд, ки ба як дастам як гӯшамро аз задани жола дифоъ мекардам, ки ба гӯши дигарам зарбаҳои шикофандаи жола мехӯрд. Ҳам туман ва ҳам жола маро фишор меовард. Ман ба ин сӯву он сӯ давида аз роҳи асосӣ баромада, гирякунон куҷо рафтанамро намедонистам. Садоям раҳгузареро, ки аз самти Чаққон ба Ҷинисой мерафтааст, мутаваҷеҳ месозаду аз куҷо баромадани садои кӯдакро таъқибкунон ба ҳар тараф назар андӯхта, ниҳоят даруни туман бачаеро мебинад, ки дар пушторааш як дарза бия, гӯшҳову сару гардан аз задани жола каб-кабуд гирякунон ба чор тараф медавад. Ӯ тозон "бачаҷон натарс, ман амакат, нагурез, ҳозир ман туро гарм мекунам", гуфта маро ба оғӯш мегирад, ки мешиносад. О, ту Худойназар ҳастӣ-ку, писари Асо Содиқ. Куҷо меравӣ? Бо кӣ омадӣ? - гӯён чанд савол медиҳад. Ман бо овози гиряолуд гуфтам: " Ман барои Бибӣ Аноргул бия мебарам, ҳама бачаҳои мактаб мебаранд-ку". Он ҷавонмард хандиду, "Эй кӯдаки сода, деҳаи Чаққон куҷову ту куҷо. Охир ин ҷоҳо гургони гурусна дорад. Хайрият, ки садоятро шунидам, набошад дар ин хел ҳавои туман ҳатман луқмаи ҳайвони ваҳшӣ мешудӣ…".

Дид, ки ман аз хунукӣ меларзам ва оби биниамро базӯр бо остинчаҳоям пок дорам, маро ҳамчун ҳезум пуштора карда ва роҳи Ҷинисойро пеш гирифт. Вақте, ки ба деҳа расидем, аввалин касе, ки ба пешам баромад, модари боз Худойназаргумкарда буд, ки оби дидаҳояшро поккунон мепурсид: "Ту куҷо рафтӣ. Охир Бибии Аноргулро дидан мехостӣ, худам мебурдамат. Ба ту ки гуфт , ки ҳезум бубар. Отат ҳар ҳафта бо бачаҳои мактаб мефиристад-ку… ". Маълум шуд, ки он ҷавонмард бародари мудири анбори хоҷагӣ- бобои Дод Шариф будааст, тасодуфан ба ман вохӯрдааст. Бо вуҷуди он роҳгумкарданҳо ман ба Бибӣ Аноргул гуё "ошиқ " шуда будам. Кӯдак будам аз он чеҳраи зебо, аз он холи сиёҳи бари рӯ ҳеҷ дил канда наметавонистам…

Худойназар Асозода "Достони зиндагӣ", ҷилди 1, (саҳ. 51-55).

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №08, 26 феврали соли 2014



Шарҳҳо   

 
0 #1 RE: Олиме, ки бо худ ҳазор оламро бурд (Видео)Guest 20.07.2014 23:35
Бовариям намебиёд,ки амакам аз дуньё гузаштан.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi