09:07:51 08-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Март 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НАҚШИ ЗАБОНИ ФОРСӢ ДАР ҲАМГИРОИИ ФАРҲАНГӢ

Фарҳангиёни тоҷик ва эронӣ мегӯянд, ки забон ва адабиёти миллӣ дар ҳамгироии фарҳангии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон нақше калидӣ дорад. Дар як ҳамоиши илмӣ, ки рӯзи чаҳоршанбеи 4 ноябр ба ибтикори Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд, пешрафтҳо дар ҳамгироии фарҳангӣ миёни ин се кишвари форсизабон дар даҳ соли ахир чашмгир арзёбӣ гардид.

Ба гуфтаи Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 деворҳои маснӯъӣ миёни кишварҳои форсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон аз ҳам рехта ва роҳ барои рушди равобити фарҳангӣ миёни ин кишварҳо боз шудааст. Окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршинос, гуфт, ки забони форсии тоҷикӣ, ки дар даврони Шӯравӣ заъифу хароб шуда буд, ҳамакнун дубора эҳё мешавад. 

Оқои Шакурӣ таъкид кард, ки шеъру адаби тоҷик, ки дар зарфи 70 сол аз асли хеш дур монда буд, дубора ба ҳавзаи адабиёти форсӣ наздик шуд.

Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, низ тасвиби Қонуни забон ва эъломи Рӯзи забон дар ин кишварро талошҳое барои эҳёи ғановати пешини забони форсии тоҷикӣ талаққӣ кард. Ҳамзамон, оқои Шеърдӯст ибрози таассуф кард, ки буҳрони Афғонистон ва ҷанги дохилии беш аз сисола дар ин кишвар ба ганҷинаи фарҳангу адаб дар ин сарзамини форсизабон латмаи ҷиддӣ ворид кардааст.

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки ҳоло се шохаи забони форсӣ бо номҳои "форсии эронӣ", "тоҷикӣ" ва "дарӣ" роиҷ буда ва дар забони муҳовара аз ҳам як андоза тафовут доранд.

Ба эътиқоди Носир Сармадии Порсо, сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон, тафовути ҷиддӣ миёни ин забонҳо дар истифода аз истилоҳот ё вожаҳои илмию фаннӣ ба мушоҳида мерасад. Оқои Порсо гуфт, ки умдатан эрониҳо аз истилоҳоти илмии фаронсавӣ истифода мекунанд, афғонҳо аз истилоҳоти инглисӣ ва тоҷикон аз вожаҳои илмию фаннии русию туркӣ бархурдор ҳастанд.

Зимнан, Сайфиддин Назарзода, раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон таъкид кард, ки ахиран дар ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон талошҳо барои ҳамгунсозии истилоҳоти тоҷикию форсӣ шурӯъ шудааст. Ҳамчунин, оқои Назарзода ибрози умедворӣ кард, ки таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар Ҳукумати Тоҷикистон ба тавсеъаи забони форсии тоҷикӣ ва ҳамгунсозии истилоҳот бо мамолики форсизабон мусоъидат хоҳад кард.

Дар ҳоле ки донишмандони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон аз тариқи рушди забону адабиёти миллӣ барои ҳамгироии фарҳангӣ талош мекунанд, бархе аз донишмандони тоҷик забони форсии тоҷикиро "забони дар ҳоли марг" хонда ва хостори ислоҳи ҷиддии он шудаанд.

Окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфт, ки ахиран иддае аз файласуфон ва забоншиносони тоҷик дар як ҳамоиши илмӣ хостори эҷоди забони ҷадиди тоҷикӣ бар асоси гӯйиши минтақаи Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон, шудаанд. Оқои Шакурӣ таъкид кард, ки дар даҳаи 1920 низ бархе аз донишмандон забони форсии тоҷикиро забони клосик ва мурда хонда ва барои эҷоди забони нави тоҷикӣ дар заминаи забони мардуми бозору хиёбон талош карда буданд.

Аммо Садриддин Айнӣ, нависанда ва донишманди маъруфи тоҷик бо далоили илмӣ ин иддаъоҳоро рад карда ва гуфта будааст, ки забони форсии тоҷикӣ имкони ифодаи вазъи инқилобӣ ва вожаҳои илмию фанниро дорад.

Носир Сармадии Порсо низ гуфт, ки забоне, ки форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ номида мешавад, танҳо забони шеъру адаб набуда, балки забони илм ҳам маҳсуб мешавад. Оқои Порсо таъкид кард, ки дар замони рушди иртиботот забон на танҳо таъсирпазир, балки таъсиргузор буда ва бо шароити замон мутобиқ мешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi