20:46:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЗАЛОНДЕ, КИ ДАР ЁДҲО БОҚӢ МОНД

 

Бар мазори мо ғарибон не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.


Марги булбуле дур аз чаман


Рӯзи панҷшанбеи сиюми апрели соли 2009 дар шаҳраки Торзони иёлоти Калифорниёи ИМА диле даруни синаи пур аз доғи ғурбат абадан аз тапидан монд. Соҳиби ин диле, ки даруни сина- ин зиндони ғам мурғи дар қафасро мемонд, овозхоне буд, ки шояд дар он шаҳрак ба ҷуз аз чанд нафаре каси дигар кӣ будани ӯро намедонист. Вале ҳазорҳо фарсах дур аз ин шаҳри ободу хуррам дар Ватани азияткашидааш Афғонистони ҷангзада ва дар кишварҳои ҳамсоя бар он Тоҷикистону Эрону Покистону … садои ӯро ҳазорҳо нафар алоқамандони мусиқии ноб беш аз панҷоҳ сол аст, чун садои рӯдҳои хурушони кӯҳистонӣ наметавонанд фаромӯш кунанд. 

Бале, овозхони маъруфи афғон Ҷалил Залонд дар синни 74-солагӣ дар ғарибӣ дунёи фониро падруд гуфт. Магар ӯ дар ғурбат хок шудани хешро эҳсос мекард, ки вақтҳои охир ҳини хондани суруд байтеро, ки дар сархати ин мақола овардем, ҳамеша ба сифати шаҳд қариб дар ҳар таронааш мехондааст…

Бар мазори мо ғарибон не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.


Гугуш ишқи ӯро фарёд кард


Ҷалил Залонд дар саҳнаи ҳунари мусиқии афғонӣ солҳои панҷоҳуми асри гузашта зуҳур кард. Ин давраро аксари мусиқишиносони афғонӣ давраи тиллоии ҳунари мусиқӣ дар Афғонистон меноманд. Дар ин марҳила овозхонҳову оҳангсозон ва мутрибоне чун Ҳафизуллоҳ Хаёл, Фитрати Ношинос, Фазлаҳмади Найнавоз, Абдураҳими Сорбон, Салими Сармаст, Фақирмуҳаммади Нангиёлай, Ҷалил Залонд, Ҳусейн Ормон, хонум Рухшона, хонум Жило ва дигарон дар осмони ҳунар чун ситораҳое беғурубе тобиданд.

Нуқтаи назаре ҳаст, ки Ҷалил Залонд баъди бори нахуст сурудани таронаи машҳури «Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад» ба доираи васеи алоқамандони мусиқӣ кашф мегардад. Ба ҳар ҳол оғои Залонд дар як сафари ҳунариаш ба Эрон қабл аз Инқилоби Исломӣ бо хондани маҳз ҳамин таронаи «Эй сорбон» ва суруди «Ман омадаам, ки ишқ фарёд кунам», ки матнаш аз фолклори Афғонистон гирифта шудааст, ба дили дӯстдорони мусиқии эронӣ роҳ мекушояд. 

Вақеан, ҳардуи ин сурудро баъдҳо аз забони бисёр овозхонҳои маъруфи эронӣ, азҷумла Гугуш борҳо шунидаем. Овозхони дигари машҳури эронӣ шодравон Ҳоида низ вақте бори суруди эҷодкардаи оғои Залонд «Вақте ошиқ шавӣ рози дилта гуфта натонӣ»-ро мешунавад аз устод Залонд иҷозаи сурудани ин таронаро мепурсад. Ин сурудро Залонд бар матни Абдуллоҳи Шодон барои духтараш Суҳайло Залонд сохта будааст.


Таронаи «Мурғи озодӣ»


Ҷалил Залонд муаллифи оҳангҳои сурудҳои миллӣ дар замони дар сари қудрат будани ҳам Муҳаммад Зоҳиршоҳ ва ҳам Муҳаммад Довуд мебошад. Ба гуфтаи Савлатшоҳи Мерган шарқшиноси маъруфи тоҷик, ки солиёни дароз дар Афғонистон кору зиндагӣ кардааст, Ҷалил Залонд агарчӣ табадуллоти Муҳаммад Довудро дар соли 1973 хуш қабул карда бошад ҳам, вале баъдан аз ҳукумати нав дилшикаста мешавад ва ҳатто як суруде эҷод мекунад бо номи «Ало, ай мурғи озодӣ», ки боиси нороҳатии ҳукуматдорон мешавад:

Ало ай мурғи озодӣ, садоятро шавам қурбон,
Баҳоят сели хун бошад, баҳоятро шавам қурбон.
Наяфтодӣ зи по эй паҳлавон, Афғонситони ман,
Тани хунину дасти бастаҳоятро шавам қурбон.
Ҳироту Бомиёнат, ё ки Нуристону Балхатро,
Бигӯ, ай модари Меҳан, куҷоятро шавам қурбон?


Залонд чун эҳсос мекунад, ки мавриди таъқиб қарор гирифтааст, соли 1975 аз ватанаш фирор мекунад.


Зӯҳраи Залонд дар замин будааст?


Ҷалил Залон ба Тоҷикистони мо низ борҳо сафарҳои ҳунарӣ доштааст. Дар ин ҷо низ ӯро хуб мешиносанду таронаҳои сохтаи ӯро бисёр овозхонҳои машҳури мо сурудаанд. Масалан, устод Зафар Нозим таронаҳои бори аввал сурудаи оғои Залонд «Ай Зӯҳра, ай ситораи тобноки осмон», «Ай шӯълаи ҳазин, ай ишқи вопасин»-ро дар барномаҳои консертии солҳои шастум ва ҳафтодуми асри гузаштаи худ ҳамеша ҷой медодааст. Устод Зафар Нозим суруди «Эй сорбон»-ро низ мехонанд. Вале ба гуфтаи ин овозхони маъруфи тоҷик ӯ ин сурудро аз Абдураҳим Сорбон овозхони дигари афғонӣ шахсан ба ёдгор гирифтааст. Ақидае низ вуҷуд дорад, ки таронаи «Эй сорбон»-ро Абдураҳими Сорбон бо иҷозаи оғои Залонд месурудааст. 

Нуқра Раҳматова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ду суруди сохтаи оғои Залонд «Ай нигори ман» ва «Чодари гулнор ба сар мекунӣ»-ро якҷо бо овозхони як вақтҳо хеле маъруф Ҷумъа Исоев дар шакли дуэт хондааст. Хонум Нуқра Раҳматова дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки шодравон Ҷалил Залондро аз соли 1958 мешиносад. Ҳамон сол оғои Залонд дар як ҳайати эҷодӣ, ки устодони суруду мусиқии афғонӣ оғои Хаёл, устод Яқуб Қосимӣ, Ҳусейн Ормон, Шермуҳаммади Ғазнавӣ, Хонум Рухшона, Хонум Жило, Хонум Парвин ва ҳамсари оғои Залонд хонум Соро Залонд ба он шомил буданд, ба Душанбе омаданд. 

Ёдам ҳаст, ки оғои Залонд дар баробари чанд суруди тоҷикӣ -дарӣ хондан боз як суруди дар ҳамон вақтҳо хеле машҳури русиро бо номи «Подмосковные вечера» хеле хуб хонда буд. Дар ҳамин Тоҷикистон ҳамон вақт суруди хеле машҳури худ суруди «Эй Зӯҳра, эй ситораи тобноки осмон»-ро эҷод кардааст. Ин сурудро оғои Залонд ба раққосаи дар он вақт ҷавон ва бомаҳорати тоҷик Зӯҳро Каримова бахшида буд, мегӯяд хонум Нуқра Раҳматова.


Залонд ва Турсунзода


Дар барномаи консертии оғои Залонд суруде низ вуҷуд дорад, ки бо мисраи «Чун ниҳодам пойи худро бар сари хоки Ватан» оғоз мешавад. Матни ин суруд аз шоири машҳури кишвари мо устод Мирзо Турсунзода мебошад. Ҳамин шеъри устод Турсунзодаро овозхони дигари маъруфи тоҷик устод Ҷӯрабек Муродов, ки худ ба он оҳанг сохтааст, низ дар барномаҳои консертии худ месурудааст. Дар омади гап мегӯем, ки Аҳмад Зоҳир ҳам, ки замони наврасиаш оғои Залондро идеоли худ дар овозхонӣ медонистааст, шеъри дигари устод Мирзо Турсунзода «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман ҳамин кофист» бо як оҳанги ҷолибе сурудааст.

Шоири дигари маъруфи таронасарои мо Абдуллоҳ Қодирӣ, ки чанде пеш ба ҷавори Ҳақ пайваст ва Худованди бузург ҷояшро дар ҷаннат дошта бошад, хотираҳои хушеро аз дидорҳояш бо устод Залонд қисса мекард. Ба гуфтаи шодравон Абдуллоҳ Қодирӣ матни шеъри ӯ «Аввалин ишқам ту будӣ», ки марҳум Аҳмад Зоҳир ба он оҳанги марғубе сохтааст, маҳз тавассути устод Залонд, ки солҳои ҳафтодум барои анҷоми як сафари ҳунарӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ омада буд ва бо Абдуллоҳ Қодирӣ сӯҳбате он замон сӯҳбате доштааст, ба дасти Аҳмад Зоҳир расидааст.


Як хона пур аз соҳибтарона


Аъзои хонаводаи устод Залонд ҳама қариб овозхон мебошанд. Соро Залонд хонуми оғои Залондро то ба ҳанӯз дар Тоҷикистон ёд доранд. Ҳини аввалин сафари ҳунариаш ба Тоҷикистон дар соли 1958 сурудҳои «Ғунчаи навшукуфтаро монад» ва «Дили ман зи тобнокӣ»-ро дар студияи радиои Тоҷикистон сабт намудааст, ки то ба ҳанӯз дар захираи тиллоии ин радио маҳфузанд. Оғои Ҷалил Залонд ҳафт фарзанд дорад. Се духтару чор писар. Духтаронаш Суҳайло Залонд ва Шаҳло Залонд ва инчунин писаронаш Фарид Залонд ва Воҳид Залонд касби падари хешро пеша кардаанд.

Фарид Залонд таҳсили мактаби мусиқиро дар Эрон гирифтааст. Аз ин рӯ бо овозхонҳои машҳури эронӣ Саттор, Лайло Фурӯҳар ва дигарон ҳамкориҳои зичи эҷодӣ доштааст. Дар як гузориши бахши форсии радиои Би Би Си омада буд, ки оғои Фарид Залонд дар зарфи як соат дидоре, ки бо модари Фурӯғи Фаррухзод дар Эрон доштааст, барои шеъри «Духтар канори панҷара танҳо нишасту гуфт»-и ин шоираи машҳур оҳанге месозад, ки ҷолибу шуниданӣ ҳаст.

Ёди ин ҳунарманди ҳанҷаратиллоӣ солҳо дар хотири алоқамандони мусиқии ноб дар Тоҷикистони азизи мо хоҳад монд.

Султони Ҳамад 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi